×
Дар ин китобча хонанда чанде аз амалҳои ҳаромро мехонад, ки бо далилҳои Қуръон ва суннат ҳаром гардонида шудаанд, вале бо вуҷуди ҳаром будани анҷом додани ин амалҳо бисёри аз мардум нисбати он бепарвои намуда онҳоро анҷом медиҳанд.







Худованди мутаъол корҳоеро фарз намуда ва барои касе ҷоиз нест, ки онҳоро зоеъ (аз байн бурдан, несту нобуд кардан) ва ҳадди мушаххасе намуда, ки ҳеҷ касе набояд аз он бигзарад ва ҳамчунин чизҳоеро ҳаром гардонидааст, ки ба ҳеҷ касе ҷоиз нест ба онҳо даст бизанад (ё аз он истифода барад).

Ҳазрати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

«مَا أَحَلَّ اللَّهُ فِى كِتَابِهِ فَهُوَ حَلاَلٌ وَمَا حَرَّمَ فَهُو حَرَامٌ وَمَا سَكَتَ عَنْهُ فَهُوَ عَافِيَةٌ فَاقْبَلُوا مِنَ اللَّهِ عَافِيَتَهُ فَإِنَّ اللَّهَ لَمْ يَكُنْ نَسِيًّا. ثُمَّ تَلاَ هَذِهِ الآيَةَ: ﴿وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيّٗا ٦٤﴾ [مريم: ٦٤]» رواه الحاکم 2 / 375.

“Он чиро Худованд дар Қуръон ҳалол гардонид, ҳалол аст ва он чизеро, ки ҳаром гардонидааст, барои ҳамеша ҳаром аст, ва он чи аз он сукут (хомуш) кардааст офият аст, пас офияти Худовандро бипазиред, зеро Худованд фаромушкор набуда ва сипас ин оятро тиловат намуданд:﴿وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيّٗا ٦٤ “Ва парвардигорат фаромуш кор набуда (ва нест)". (Сураи Марям, ояти 64). Ривояти ал-Ҳакоким (2/375).

Муҳаррамот ҳудуди Илоҳӣ ҳастанд, чуноне ки мефармояд:

﴿تِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِ فَلَا تَقۡرَبُوهَاۗ ١٨٧﴾ [البقرة: ١٨٧]

«Ин ҳудуд ва марзҳои Илоҳӣ аст, пас ба онҳо наздик нашавед».

Сураи Бақара, ояти 187

Худованди мутаъол касеро, ки аз ҳудуди Ӯ таадди (бигзарад) ва муртакиби ҳаромҳо шавад, ингуна таҳдид намудааст:

﴿وَمَن يَعۡصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَيَتَعَدَّ حُدُودَهُۥ يُدۡخِلۡهُ نَارًا خَٰلِدٗا فِيهَا وَلَهُۥ عَذَابٞ مُّهِينٞ ١٤﴾ [النساء : ١٤]

«Ва ҳар кӣ аз Худову расулаш фармон набарад ва аз аҳкоми ӯ таҷовуз кунад, ӯро дар оташ дохил кунад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва барои ӯст азобе хоркунанда».

Сураи Нисо, ояти 14

Парҳез ва дури аз ҳаромҳо яке аз воҷиботи шаръи аст, зеро Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«مَا نَهَيْتُكُمْ عَنْهُ فَاجْتَنِبُوهُ وَمَا أَمَرْتُكُمْ بِهِ فَافْعَلُوا مِنْهُ مَا اسْتَطَعْتُمْ» مسلم کتاب الفضائل 130.

“Ҳар он чи шуморо аз он наҳй кардам, ва он чи шуморо ба он амр кардам то тавони худ онро анҷом диҳед".

Муслим китоби ал-Фазоил 130

Гоҳҳо дида мешавад бархе аз ҳавопарастон ва шахсоне, ки шахсияти заиф доранд ва он қадар илме надоранд ба шунидани (калимаи) ҳаромҳо хашмгин ва ғазаб карда мегуянд:

"Шумо, ки чизеро боқи нагузоштед ҳамаро ҳаром кардед, моро хаста кардед, зиндагиро бар мо талх кардед, моро ба танг овардед, сухани дигаре ҷуз ҳаром барои гуфтан надоред, дин сода аст ва ба ин сахтие, ки шумо мегуед нест, Худованд ғафуру раҳим аст".

Ба чунин шахсон мегӯям: Худованди мутаъол ҳукм мекунад ба он чизе ки Ӯ бихоҳад ва касе нест, ки аз ҳукми Ӯ эрод (айб) бигирад ва Ӯ ҳаким ва хабир аст. Ҳар чиро Ӯ бихоҳад ҳалол мегардонад ва он чиро бихоҳад ҳаром қарор медиҳад. Яке аз усул (шартҳои) бандагии Худованди мутаъол ин аст, ки ба ҳукми Ӯ комилан розӣ ва таслим бошем.

Аҳкоми илоҳи ҳамаги аз илм, ҳикмат ва адли Ӯ сарчашма мегирад, ва беҳудаву бемуҳтаво нест, Худованд мефармояд:

﴿وَتَمَّتۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ صِدۡقٗا وَعَدۡلٗاۚ لَّا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِهِۦۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ١١٥﴾ [الانعام: ١١٥]

«Фармони мо содиқона ва одилона анҷом мепазирад, ҳеҷ касе наметавонад фармонҳои моро дигар гуна кунад ва Худованд шунаво ва доно аст».

Сураи Анъом, ояти 115

Худованди мутаъол дар Қуръони карим қонун ва қоидаҳое, ки бар асоси он чизҳоро ҳалол ва ҳаром мегардонад баён кардааст.

Пас мефармояд:

﴿وَيُحِلُّ لَهُمُ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيۡهِمُ ٱلۡخَبَٰٓئِثَ ١٥٧﴾ [الاعراف: ١٥٦]

«Покизаҳоро барояшон ҳалол менамояд ва нопокиҳоро бар онон ҳаром месозад».

Сураи Аъроф, ояти 156

Ҳалол ва ҳаром гардонидани чизҳо танҳо ҳаққи Худованди мутаъол аст, ва агар шахсе даъвои онро кунад, ки худаш ва ё шахсе дигар низ ихтиёри ҳалол ва ҳаром карданро дорад, кофир гашта ва аз дини ислом хориҷ мешавад.

Худованди мутаъол мефармояд:

﴿أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَٰٓؤُاْ شَرَعُواْ لَهُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا لَمۡ يَأۡذَنۢ بِهِ ٱللَّهُۚ ٢١﴾ [الشورى: ٢١]

«Оё мушриконро бутонест (маъбудҳо), ки дине барояшон овардаанд, ки Худо рухсати онро надодааст?».

Сураи Шӯро, ояти 21

Бинобарин барои ҳеҷ касе ҷоиз нест, ки дар бораи ҳалол ва ҳаром сухан бигӯяд, магар олимоне, ки бо китоб (Қуръон) ва суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ошнои доранд, ва Худованд аз сухан гуфтан бидуни илм дар бораи ҳалол ва ҳаром бо шиддат ва бо таъкид манъ фармудааст, чуноне, ки мефармояд:

﴿وَلَا تَقُولُواْ لِمَا تَصِفُ أَلۡسِنَتُكُمُ ٱلۡكَذِبَ هَٰذَا حَلَٰلٞ وَهَٰذَا حَرَامٞ لِّتَفۡتَرُواْ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَۚ ١١٦﴾ [النحل: ١١٦]

«Ва бахотири чизе, ки танҳо бар забонатон меравад, дуруғ нагуед ин ҳалол асту он ҳаром, ва дар натиҷа бар Худованд дуруғ бандед».

Сураи Наҳл, ояти 116

Ҳаромҳои қатъи (қатъан ва тамоман ҳаром аст) дар Қуръон ва Ҳадис баён шудааст масалан ин оят, ки Худованд мефармояд:

﴿قُلۡ تَعَالَوۡاْ أَتۡلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمۡ عَلَيۡكُمۡۖ أَلَّا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡٔٗاۖ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنٗاۖ وَلَا تَقۡتُلُوٓاْ أَوۡلَٰدَكُم مِّنۡ إِمۡلَٰقٖ ١٥١﴾ [الانعام: ١٥١]

«Бигӯ: «Биёед, то он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам. Ин ки ба Худо ширк наёваред! Ва ба падару модар некӣ кунед! Ва аз бими фақири (камбағалӣ) фарзандони худро накушед!».

Сураи Анъом, ояти 151

Дар ҳадисҳо низ бисёре аз муҳаррамот баён шудааст, монанди ин ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

"إن الله حرم بيع الخمر والميتة والخنزير والأصنام". [رواه أبوداود 3486 وهو في صحيح أبي داود 977]

“Худованд фурухтани шароб (арақ), мурдор (ҷасади мурдаи бўйгирифтаи ҳайвон, ҳайвони худмурда), хуг ва бутҳоро ҳаром гардонидааст".

Ривояти Абу Довуд 3486, ва ин дар саҳиҳи Абу Довуд 977

Ва низ мефармояд:

"إن الله إذا حرم شيئا حرم ثمنه". [رواه الدارقطني 3/7 وهو حديث صحيح]

“Ҳаргоҳ Худованд чизеро ҳаром гардонид, пуле, ки аз он бадаст меояд низ ҳаром мегардад".

Ривояти Дор Қутнӣ 3/7, ва ин саҳеҳ аст

Гоҳе дар бархе аз оятҳо муҳаррамоте аз як навъ зикр мегардад, монанди ин, ки Худованд хӯрокҳои ҳаромро дар ин оят ингуна зикр намудааст:

﴿حُرِّمَتۡ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةُ وَٱلدَّمُ وَلَحۡمُ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ لِغَيۡرِ ٱللَّهِ بِهِۦ وَٱلۡمُنۡخَنِقَةُ وَٱلۡمَوۡقُوذَةُ وَٱلۡمُتَرَدِّيَةُ وَٱلنَّطِيحَةُ وَمَآ أَكَلَ ٱلسَّبُعُ إِلَّا مَا ذَكَّيۡتُمۡ وَمَا ذُبِحَ عَلَى ٱلنُّصُبِ وَأَن تَسۡتَقۡسِمُواْ بِٱلۡأَزۡلَٰمِۚ ٣﴾ [المائدة: ٣]

«Ҳаром шуд бар шумо (Хурдани гӯшти) мурда ва хун ва гӯшти хук ва ҳар ҳайвоне ки ба ҳангоми куштанаш номи дигаре ҷуз Оллоҳро бар ӯ бигӯянд ва он чӣ хафа шуда бошад (буғи карда куштан) ё бо шиканҷа ва калтак кушта шудаанд ё аз боло дарафтода бошад ё ба шохи ҳайвоне дигар бимирад ё даррандагон аз он хӯрда бошанд, ғайри он ки забҳаш кунед. Ва низ ҳар чӣ бар пои бутон забҳ шавад ва он чӣ ба воситаи тирҳои қимор қисмат кунед».

Сураи Моида, ояти 3

Ва дар ояти дигар занҳоеро ки никоҳ бо онон ҳаром аст, ингуна баён кардааст:

﴿حُرِّمَتۡ عَلَيۡكُمۡ أُمَّهَٰتُكُمۡ وَبَنَاتُكُمۡ وَأَخَوَٰتُكُمۡ وَعَمَّٰتُكُمۡ وَخَٰلَٰتُكُمۡ وَبَنَاتُ ٱلۡأَخِ وَبَنَاتُ ٱلۡأُخۡتِ وَأُمَّهَٰتُكُمُ ٱلَّٰتِيٓ أَرۡضَعۡنَكُمۡ وَأَخَوَٰتُكُم مِّنَ ٱلرَّضَٰعَةِ وَأُمَّهَٰتُ نِسَآئِكُمۡ ٢٣﴾ [النساء : ٢٣]

«Модаронатон ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародарон ва духтарони хоҳаронатон ва заноне ки шуморо шир додаанд ва хоҳарони шириятон ва модарони занонатон бар шумо ҳаром шудаанд».

Сураи Нисо, ояти 23

Ва дар ҷои дигар муомалоти ҳаромро баён намуда мефармояд:

﴿وَأَحَلَّ ٱللَّهُ ٱلۡبَيۡعَ وَحَرَّمَ ٱلرِّبَوٰاْۚ ٢٧٥﴾ [البقرة: ٢٧٥]

«Худо хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст».

Сураи Бақара, ояти 275

Худованди меҳрубон чизҳои покизаи гуногун ва бисёреро барои мо ҳалол гардонидааст ва ба сабаби бисёр буданашон онҳоро нашуморидааст, аммо чунки муҳаррамот маҳдуд ва андак ҳастанд онҳоро шуморид ва муфассалан баён намудааст, то онҳоро бишиносем ва аз онҳо парҳез намоем.

Худованди мутаъол мефармояд:

﴿وَقَدۡ فَصَّلَ لَكُم مَّا حَرَّمَ عَلَيۡكُمۡ إِلَّا مَا ٱضۡطُرِرۡتُمۡ إِلَيۡهِۗ ١١٩﴾ [الانعام: ١١٩]

«(Худо) чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шудааст, батафсил баён кардааст, ғайри он гоҳ ки ночор гардед».

Сураи Анъом, ояти 119

Аммо чизҳои покизаро иҷмолан ҳалол қарор дода ва фармудааст:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ كُلُواْ مِمَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ حَلَٰلٗا طَيِّبٗا ١٦٨﴾ [البقرة: ١٦٨]

«Эй мардум, аз он чизҳои ҳалолу покиза, ки дар замин аст, бихӯред...».

Сураи Бақара, ояти 168

Худованди мутаъол бино ба раҳмати худаш ҳалол будани чизҳоро асл қарор додааст, магар ин ки далеле барои ҳаром будани он вуҷуд дошта бошад ва ин нишонаи карам ва осонгирии Худованд ба бандагонаш аст. Пас барои мо лозим аст, ки аз Ӯ итоат намуда ва ситоишу сипоси Ӯро ба ҷо орем.

Бархе аз мардум агар муҳаррамот барои онҳо шуморида ва бо тафсил баён шавад аз ҳукмҳои шаръи батанг меоянд, ва ин нишонаи заъфи имон ва андак будани фаҳм ва дарки динии онон аст. Оё барои қонеъ шуданашон, ки дин осон аст, мехоҳанд тамоми навъҳои чизҳои ҳалол барояшон шуморида шавад? Оё мехоҳанд, ки тамоми чизҳои пок ва ҳалол барояшон якояк ном бурда шуморида шавад, он гоҳ бовар мекунанд, ки дин зиндагии ононро талх ва сахт насохтааст? Оё мехоҳанд, ки ба онҳо гуфта шавад: гушти шутур, гов, гусфанд, харгуш, оҳу, бузи куҳи, мурғ, кабутар, мурғоби ва шутурмурғ ва ғайра ҳалол аст ва ин ки малах ва моҳии худмурда ҳалол аст?

Тирабор, сабзавот, меваҷот, ва ҳамаи донагиҳои муфид ҳалол аст?

Об, шир, асал, равған, сирко (уксус) ҳалол аст?

Намак ва дигар баҳорот (дегафзор, чошнӣ, навъе аз қаламфур) ҳалол аст, истифода аз чӯб, оҳан, қум, санг, пластик, шиша ва резин ҳалол аст, ва ин, ки савор шудан бар ҳайвон, мошин, қатора, кишти ва ҳавопаймо ҳалол аст. Истифода бурдани кондитсионер, яхчол, либосшуи, осёб, гуштмайдакунак, кузаи обмева ва дигар лавозимот ва инчунин лавозимоти тиббӣ, муҳандисӣ, ҳисобкунӣ, расд ва фалакӣ, сохтмонӣ ва баровардани об, нефт ва маъданҳо, ва ширин карданӣ об ва чопу истифода бурдан аз компютерҳо ҳалол аст.

Пушидани либосҳои пахтагӣ, карбосӣ, катон, пашмӣ, мӯй ва пустҳои пок, нилон ва ғайрҳо ҳалол аст.

Никоҳ, хариду фуруш, кафолат (замонат) ҳавола, иҷора, ҳирфаҳо ва корҳои монанди наҷҷорӣ, оҳангарӣ, миконикӣ ва чупонӣ ҳалол аст?

Оё агар бихоҳем ҳамаи чизҳои ҳалолро бишуморем ба поён хоҳем расид? Пас чаро ингуна мардум мутаваҷҷеҳ нестанд?

Аммо ин, ки мегуяед дин сода аст, ҳақиқате аст, ки мехоҳанд аз он истифода кунанд, маънои сода будани дин ин нест, ки ҳукмҳои дин мутобиқи хоҳишоту хостаҳо ва ҳавои нафси онон бошад, балки ба хотири аҳкоми содда ва рухсатҳое, ки дар шариати исломӣ вуҷуд дорад аст. Пас анҷом додани корҳои ҳаром ба баҳонаи сода будани дин бо амал кардан бо рухсатҳои шаръӣ ва осониҳо тафовути бисёре дорад. Рухсатҳо монанди ҷамъ ва қаср хондани намоз ва рӯза нагирифтан дар сафар, масҳ бар мӯза барои муқим як шабона рӯз ва барои мусофир се шабонарӯз, таяммум кардан барои шахсе ки узр дорад барои истифода аз об, ҷамъ хондани намоз ҳангоми бемори ва ё борон, нигоҳ кардан ба зани бегонае ки қасди издивоҷ бо вай дорад, ихтиёр доштани шахсе дар адои каффораи ямин бо озод кардани ғулом ё таъом додани 10 мискин ва ё либос додан ба онҳо ва хурдани ҳайвони худмурда дар ҳолатҳои зарури ва дигар рухсатҳо ва осониҳо аз чунин қабил.

Илова бар он чи гузашт мусалмон бояд бидонад, ки дар ҳаром шуморидани ҳаромҳо низ ҳикматҳое дорад, масалан ин, ки Худованд бандагонашро меозмояд, ки чигуна амал мекунанд ва инчунин шахсони итоаткунанда ва фармонбардорро аз гунаҳкор ва саркаш шинохта шавад.

Яке аз вижагиҳое, ки биҳиштиёнро аз дӯзахиён имтиёз ва бартарӣ медиҳад ин аст, ки дузахиён бар шаҳватҳо ва хоҳишоти нафсоние, ки дӯзахро пушидаанд, амал карданд, аммо биҳиштиён сахтиҳоро, ки ба он биҳиштро пушидаанд, амал намудаанд ва агар ин имтиҳон ва озмоиш намебуд шахсони итоаткунанда аз шахсони гунаҳгор ва саркаш мушаххас намегашт. Муъминон сахтиҳои фармонҳои шаръиро бо назари савоб ва умеди подош менигаранд ва ба хотири расидан ба ризогии Аллоҳ ба фармонҳои шаръӣ амал менамоянд, ва бинобарин машаққатҳо барои онҳо осон мегардад. Аммо мунофиқон бо як таассуф ва ранҷу норозиги ба аҳком менигаранд ва барои ин фармонҳо ва аҳкоми шаръи бар онон гарон меояд ва тоату бандаги барояшон сахт мегардад.

Муъмини мутиъ ва фармонбардор бо тарки ҳаромҳо ба ҳаловати васфношидани даст меёбад, зеро ҳар гоҳ шахсе ба хотири Худованд чизеро тарк намояд Худованд дар ивази у чизи беҳтар ва боарзиштар иноят мекунад ва ҳаловати имонро дар дилаш эҳсос менамояд.

Хонандаи гиромӣ дар ин рисола шуморае аз муҳаррамотеро хоҳед ёфт, ки дар шариати исломӣ ҳаром қарор дода шудаанд, ва далели ҳаромбудани онҳоро низ аз Қуръон ва суннат овардаам, ва ин ҳаромҳо аз амалҳое аст, ки мутассифона дар миёни мусалмонон ривоҷ ёфта ва иртикоб (амал кардан) ба онҳо ом гаштааст. Ва танҳо ҳадаф аз баён он корҳо, хайрхоҳи ва насиҳат аст. Аз Худованди мутаъол мехоҳам, ки ман ва бародарону хоҳарони мусалмонамро ҳидоят кунад ва ба ҳама тавфиқ диҳад, ки бар ҳудуди Илоҳӣ биистем ва аз он таҷовуз нанамоем. Ва моро аз ҳаромҳо ва бадиҳо ҳифз намояд, бегумону бешак Ӯ беҳтарин ҳифзкунанда ва бораҳмтарини раҳмкунандагон аст.

Муҳаммад Солеҳ ал-Мунаҷҷид


Ширк

Ширк мутлақан бузургтарин кори ҳаром дар шариати исломӣ аст, зеро Абубакра (р.з) мегӯяд: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (то се бор) фармуданд:

"ألا أنبئكم بأكبر الكبائر (ثلاثا) قالوا قلنا بلى يا رسول الله، قال: الإشراك بالله".. متفق عليه البخاري / رقم 2511

“Оё шуморо аз бузургтарин гуноҳи кабира огоҳ насозам? (се маротиба) Гуфтанд: Бале, эй Расули Худо, Он ҳазрат фармуданд: “Он (бузургтарин гуноҳ) ширк ба Худованд аст".

Муттафақун алайҳи, Бухорӣ, 2511

Ҳар гуноҳеро имкон дорад, ки Худованд мағфират кунад магар ширкро ва он ниёз ба тавбаи махсус ва вижа дорад. Худованд мефармояд:

﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ ٤٨﴾ [النساء : ٤٨]

«Албатта Худованд ҳаргиз ширкро намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад, меомурзад».

Сураи Нисо, ояти 48

Бархе аз навъҳои ширк инсонро комилан аз ислом хориҷ мекунад, ва агар шахсе бар он ҳолат бимирад бешак ҷовидона дар ҷаҳаннам мемонад.

Ва аз намудҳои ширке, ки мунташир шудааст: Сеҳр, ҷоду ва фолу пешгӯи аст.

Сеҳр кардан куфр ва яке аз ҳафт гуноҳи ҳалоккунанда ва зарари маҳз аст, ки суд ва фоидае дар он нест. Худованди мутъаол дар бораи омухтани он мефармояд:

﴿وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمۡ وَلَا يَنفَعُهُمۡۚ ١٠٢﴾ [البقرة: ١٠٢]

«Ва он чиро, ки меомухтанд ба онон зиён мерасонад, ва ба онон суду фоидае намебахшад».

Сураи Бақара, ояти 102

Ва инчунин мефармояд:

﴿وَلَا يُفۡلِحُ ٱلسَّاحِرُ حَيۡثُ أَتَىٰ ٦٩﴾ [طه: ٦٩]

«Ва ҷодугар ҳар ҷо ки бошад, ҳеҷ гоҳ пирӯз намешавад».

Сураи Тоҳо, ояти 69

Касе, ки ба сеҳр муомила ва кор кунад кофир аст, Худованд мефармояд:

﴿وَمَا كَفَرَ سُلَيۡمَٰنُ وَلَٰكِنَّ ٱلشَّيَٰطِينَ كَفَرُواْ يُعَلِّمُونَ ٱلنَّاسَ ٱلسِّحۡرَ وَمَآ أُنزِلَ عَلَى ٱلۡمَلَكَيۡنِ بِبَابِلَ هَٰرُوتَ وَمَٰرُوتَۚ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنۡ أَحَدٍ حَتَّىٰ يَقُولَآ إِنَّمَا نَحۡنُ فِتۡنَةٞ فَلَا تَكۡفُرۡۖ ١٠٢﴾ [البقرة: ١٠٢]

«Ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро ҷодугарӣ меомӯхтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд, дар ҳоле, ки, он ду (Фаришта) ба ҳар кас, ки ҷодугарӣ меомӯхтанд, мегуфтанд: «Кори мо фитна аст, мабод кофир шавӣ».

Сураи Бақара, ояти 102

Ҳукми соҳир қатл ва касби моли аз он ҳаром ва палид аст, шахсони ҷоҳилу нодон ва ситамгар ва онҳое ки имонашон заиф аст, барои интиқомгири ва зарар овардан бар дигарон, ба назди соҳирон мераванд ва мардумро сеҳру ҷоду мекунанд. Бархе аз мардум бо паноҳ бурдан ба соҳирон барои боз кардани сеҳр нодониста дар кори ҳаром гирифтор мешаванд, дар чунин ҳолат бар онҳо лозим аст, ки ба Худои якто паноҳ бибаранд ва бо хондани Қуръон ва сураҳое ҳамчун Муаввизот (Сураҳои Ихлос: Қул ҳува Аллоҳу Аҳад), Фалақ (Қул аъузу бираббил Фалақ) ва Нос (Қул аъузу бираббин Нос) хонда талаби шифо намоянд.

Агар ғайбгу ва фолбин даъвои донистани ғайбро дошта бошад, он низ муртакиби куфр шудааст, касе ғайр аз Худованд ғайбро намедонад. Бисёри аз онҳо бо фиреб ва найранг пулҳои одамони содалаҳвро касб ва мегиранд ва барои ин кор роҳҳои бисёреро истифода мебаранд, монанди хат кашидан бар рег, хондан бар кафи даст ва ё пиёла ва ё шиша ва оина ва ғайри инҳо. Ва агар як маротиб рост бигуяд 99 бори дигар дуруғ мегуяд, аммо мардуми ғофил ва содалаҳв танҳо ҳамон як мавридро, ки сухани ин дуруғгуён рост аз об баромадаст далели худ қарор медиҳанд ва барои фаҳмидан ва огоҳи аз ояндаашон ва саодат ва ё ин ки сабаби муваффақ нашуданашон дар издивоҷ ва ё тиҷорат ва ё пайдо намудани чизҳо гумшуда ва ғайри инҳо ба пеши онҳо рафта талаби кумак мекунанд.

Ва агар касе назди онон равад ва ба гуфтаҳои онон бовар ва тасдиқ кунад кофир ва аз дини ислом хориҷ мешавад, зеро ҳазрати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

"من أتى كاهنا أو عرافا فصدقه بما يقول فقد كفر بما أنزل على محمد". رواه الإمام أحمد 2/429 وهو في صحيح الجامع 5939.

“Ҳар касе назди ҷодугар ва фолбине равад ва гуфтаҳои ӯро бовар ва тасдиқ кунад, он чизе (Қуръон ва Ислом), ки бар Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шудааст кофир шудаст".

Ривояти Аҳмад 2/429, ва дар саҳеҳи Ҷомеъ 5939.

Ва агар касе назди онон биравад аммо суханони онҳоро тасдиқ ва бовар накунад ва танҳо барои таҷриба ва санҷиш рафта бошад, кофир намегардад, вале албатта то 40 рӯз намозаш пазируфта намешавад. Зеро Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

"من أتى عرافا فسأله عن شئ لم تقبل له صلاة أربعين ليلة". صحيح مسلم 4/1751.

“Ҳар касе пеши ҷодугар биравад ва аз ӯ масалаеро бипурсад то 40 шаб намози ӯ пазируфта намешавад".

Ривояти Саҳеҳ Муслим 4/1751

Албатта бо вуҷуди ин бозҳам намоз бар ӯ фарз мебошад ва бар ӯ лозим аст, ки тавба кунад.

Эътиқод ва бовари доштан дар таъсири ситорагон ва коинот бар ҳодисаҳо ва зиндагии мардум:

Зайд ибни Холиди Ҷуҳанӣ (р.з) мегӯяд: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва аҳлу байту ёронаш бод) дар Ҳудайбия намози субҳро бо мо хонданд, -шаб дар Ҳудайбия борон борида буд- Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва аҳлу байту ёронаш бод) баъд аз тамом кардани намоз рӯ ба мардум намуда ва фармуданд: "Оё медонед Худованд чи фармуд? Мардум гуфтанд: Худо ва расули Ӯ донотар аст. Фармуданд: (Худованд мегуяд) бархе аз бандагонам ба ман муъмин ва бархе дигар кофир гаштаанд, ҳар касе, ки гуфт ба фазл ва раҳмати Худованд бар мо борон борид, ӯ ба Ман имон дорад ва ба ситорагон куфр варзидааст. Ва ҳар касе, ки гуфт бар асари фалон ва фалон ситора борон борид ба ман куфр варзидааст ва ба ситорагон имон овардааст".

Фатҳ ал-Борӣ 2/333

Ҳамчунин назар ва аҳамият додан ба толеъномаҳо ва санҷиши бахт дар бисёре аз рӯзномаҳо ва моҳномаҳое, ки вуҷуд дорад ҳамин ҳукмро мегирад, ва агар касе ба таъсири онҳо эътиқод дошта бошад, ширк овардааст, ва агар танҳо ба қасди тасалли ва хушҳоли онро бихонад, бозҳам гуноҳ мегирад ва тасалли ёфтан ба хондани чизҳои ширки ҷоиз нест ва низ имкон дорад, ки шайтон онро барои бовар кардани он чизҳо васваса кунад ва ӯро ташвиқ кунад, ки дар чунин ҳолат мубтало ба ширк мешавад.

Эътиқод ва бовар кардани он ки баъзе чизҳо фоида мерасонанд, дар ҳоле, ки Худованд дар онҳо ягон таъсире нагузоштааст, низ ширк аст. Чигунае, ки баъзе аз мардум ба суханони фолбин ва соҳир бовар ва пайрави мекунанд ва ё ба суханони падару аҷдодашон, ки дар бораи ширкомӯзи ва навъҳои муҳраҳо ва ҳалқаҳои маъданӣ ва монанди инҳо эътиқод доранд ва онҳоро барои дафъи чашм дар гардан ва ё фарзандонашон овезон мекунанд, ва ё инки бар бадани худ мебанданд ва ё дар мошинҳо ва хонаҳои хеш овезон мекунанд ва эътиқод доранд, ки ин корҳо балоро дур мекунад. (ин амалҳо ҳама аз ширкиёт мебошанд)

Ва бешак ин кор зид ва акси таваккал ба Худованди мутаъол кардан мебошад ва ҷуз сусти ва заъифи барои инсон намеорад ва як навъи табобат бо роҳҳи ҳаром ҳисоб мегардад ва бисёре аз ин корҳо бо ширк омехта мебошад ва дар онҳо аз шайтонҳо ва ҷинҳо талаби кумак мешавад ва бо роҳҳои хат кашидан ва расмҳои муаммодор ва номафҳум навишта шудаанд. Ва бархе аз соҳирон оятҳои Қуръонро бо ширк омехта карда менависанд ва баъзе дигар оятҳои Қуръонро бо наҷосатҳо ва хуни ҳайз омехта карда менависад. Овезон кардани ин гуна туморҳо ва ё монанди он ва бастани он дар бадан ҳаром мебошад. Зеро Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд: "Ҳар касе туморе биёвезад, ба таҳқиқ мушрик шудаат". Ривояти Аҳмад 4/156, ва ин ҳадис дар Силсилаи Саҳиҳа рақами 492 мебошад.

Ва ҳар касе ин корҳоро ба эътиқоде, ки инҳо зарар ва ё фоидае мерасонанд, анҷом диҳад муртакиби ширки бузург шудааст, ва агар онҳоро як сабаб ва василае барои фоида ва зарар расонидан бишуморад, ва ҳоло он, ки Худованд онҳоро сабаб қарор надодааст, гирифтори ширки хурд (асғар) мегардад ва ин аз ҷумлаи ширк дар сабаб ва василаҳо ҳисоб мешавад.

Худнамои дар ибодат

Яке аз шартҳои қабули амали солеҳ ин аст, ки бояд аз риё ва худнамои пок ва мувофиқи суннат бошад, ҳар касе ибодати худро барои худнамои анҷом диҳад, муртакиб ва гирифтори ширки хурд (асғар) шудааст, ва амали ӯ табоҳ ва нобуд мегардад, монанди касе, ки барои он намоз мехонад, ки мардум ӯро бубинанд.

Худованд мефармояд:

﴿إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ يُخَٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَهُوَ خَٰدِعُهُمۡ وَإِذَا قَامُوٓاْ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ قَامُواْ كُسَالَىٰ يُرَآءُونَ ٱلنَّاسَ وَلَا يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ إِلَّا قَلِيلٗا ١٤٢ ﴾ [النساء : ١٤٢]

«Мунофиқон Худоро фиреб медиҳанд ва ҳол он, ки Ӯ (Худовандҳам дар посухи найрангашон) тадбир мекунад. Ва чун ба намоз бархезанд, бо сустӣ бархезанд ва барои худнамоӣ намоз кунанд ва дар намоз, ҷуз андаке, Худоро ёд накунанд».

Сураи Нисо, ояти 142

Ва ҳамчунин касе, ки барои касби шуҳрат ва овоза намоз мехонад низ гирифтори ширки асғар шудааст. Барои чунин одамҳо ваъдаҳои сахте омадааст, онгунае дар ҳадиси ибни Аббос (р.з) омадааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

“Ҳар касе ба қасди шуҳрат кореро анҷом диҳад Худованд гирифтор ва расвояш мекунад, то сабаби ибрати дигарон ва шодмонии душманонаш гардад". Ривояти Муслим 4/2289. Ва ҳар касе ибодатеро анҷом диҳад ва дар нияташ мардумро низ шарик бигардонад амали ӯ бекор гаштааст, чуноне, ки дар ҳадиси қудсӣ омадааст (ки Худованд мефармояд):

"أنا أغنى الشركاء عن الشرك، من عمل عملا أشرك فيه معي غيري تركته وشركه". رواه مسلم رقم 2985

“Ман бениёзтарини шарикҳо аз ширк ҳастам, ҳар касе амале анҷом диҳад ва дар он касе дигарро бо ман шарик бигардонад Ман ӯро тарк намуда ва ба ширкаш во мегузорам".

Ривояти Муслим 2985

Агар касе аз аввал амалеро холисона барои Худованд саркарда бошад, ва сипас бар он риё ва худнамои олуда шавад, дар ин сурат агар аз будани риё дар он нороҳат шавад ва барои дур кардани он кушиш кунад ва онро дур кунад, амалаш саҳеҳ ва қабул мешавад (бо хости Худо) ва агар ба он хурсанд ва рози бошад, аксари аҳли илм бар ин фикр ҳастанд, ки амали ӯ ботил шудааст.

Тияра (Фолбини бо парандагон)

Ва он иборат аст аз фоли баду шум, Худованд мефармояд:

﴿فَإِذَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡحَسَنَةُ قَالُواْ لَنَا هَٰذِهِۦۖ وَإِن تُصِبۡهُمۡ سَيِّئَةٞ يَطَّيَّرُواْ بِمُوسَىٰ وَمَن مَّعَهُ١٣١﴾ [الاعراف: ١٣٠]

«Чун некие насибашон мешуд, мегуфтанд: «Ҳаққи мост». Ва чун бадие ба онҳо мерасид, мегуфтанд: «Аз шумии Мӯсо ва пайравони ӯст».

Сураи Аъроф, ояти 130

Арабҳо одат доштанд, ки ҳаргоҳе касе мехост ба сафар биравад, парандае мегирифт ва онро раҳо мекард, агар он паранда ба тарафи рост парвоз мекард онро фоли нек мешуморид ва ба сафар мебаромад ва агар паранда ба самти чап парвоз мекард инро фоли бад ҳисоб мекард ва аз сафараш боз меистод ва сафар намекард. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадисе ҳукми ин амалро чунин баён кардаанд:

"الطيرة شرك" رواه الإمام أحمد 1/389 وهو في صحيح الجامع 3955.

“Тияра (Фолбини ва ё пешгуи неку бад бо парандагон) ширк аст".

Ривояти Аҳмад 1/389 ва ин дар саҳеҳи Ҷомеъ аст 3955.

Ва яке аз зарарҳои ин ақидаи ҳаром нафйи ва дур кардани тавҳид аст, ба моҳҳо, рӯзҳо ва ададҳо фоли бад дидан аст, монанди тӯйи аруси накардан дар моҳи сафар, ва эътиқод доштани он, ки рӯзи чаҳоршанбеи охирин ҳафтаи ҳар моҳ рӯзи наҳс ва бад (шум) аст ва ё адади 13 ва ё фолбинӣ кардан бо ном ё шахси маъюб ва ё касали, монанди ин, ки шахсе бо қасди бозкардани дукони худ аз хона берун мешавад ва дар роҳ бо шахси нобино рӯ ба рӯ мешавад ва аз он фоли бад мегирад ва дубора ба хонааш бар мегардад ва монанди ин дигар корҳо низ. Ингуна ҳолатҳо ҳама ҳаром ва ширк ҳастанд. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз чунин шахсҳо безорӣ ва нафрат ҷустаанд. Имрон ибни Ҳасин (р.з) ривоят намудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

"ليس منا من تطير ولا تطير له ولا تكهن ولا تكهن له (وأظنه قال:) أو سحر أو سحر له " رواه الطبراني في الكبير 18/162 انظر صحيح الجامع 5435.

“Ҳар касе фолгирад ва ё касе дигар барои ӯ фолбини кунад (пеши фолбин рафта аз ӯ талаби фолбини кунад), ва ё ҷодугарӣ кунад ва ё дигар кас (ҷодугар) барои ӯ ҷоду кунад ва ё ба сеҳр кардан даст бизанад ва ё касе дигар барои фоидаи ӯ сеҳр кунад, аз мо нест".

Ривояти Табаронӣ дар китоби ал-Кабир 18/162, нигар Саҳеҳи ал-Ҷомеъ 5435.

Ва агар касе ба чунин кор даст зада бошад каффораш он аст, ки дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Амр (р.з) зикр шудааст. Вай мегӯяд: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"من ردته الطيرة من حاجة فقد أشرك. قالوا يا رسول الله ما كفارة ذلك؟ قال أن يقول أحدهم: "اللهم لا خير إلا خيرك ولا طير إلا طيرك ولا إله غيرك" رواه الإمام أحمد 2/220 السلسلة الصحيحة 1065.

“Ҳар касе, ки фол ӯро аз анҷоми коре боз дорад, ширк овардааст. Гуфтанд: Эй Расули Худо каффораи он чист? Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Каффорааш ин аст, ки бигӯяд:

«اللَّهُمَّ لاَ خَيْرَ إِلاَّ خَيْرُكَ وَلاَ طَيْرَ إِلاَّ طَيْرُكَ وَلاَ إِلَهَ غَيْرُكَ»

“Илоҳо хайру хубие ҷуз хайру хубии Ту нест, фоле ҷуз фоли Ту нест (Яъне ҳар фоле ки аз ҷониби Ту бошад барои ман неку хуб аст) Ва нест илоҳи барҳақ ҷуз Ту".

Ривояти имом Аҳмад 2/220 ва Силсилаи Саҳеҳ 1065.

Фоли бад аз табиати дил аст ва беҳтарин илоҷи он таваккал ба Худованди мутаъол кардан аст, чигунае ки Абдуллоҳ ибни Масъуд (р.з) мегӯяд:

وما منا إلا (أي: إلا ويقع في نفسه شئ من ذلك) ولكن الله يذهبه بالتوكل" رواه أبو داود رقم 3910 وهو في السلسلة الصحيحة 430.

“Чунин фикру хаёлҳо дар дили ҳамаи мо падид меояд, аммо Худованд ба василаи таваккал кардан онро аз байн мебарад". Ривояти Абудовуд 3910, ва Силсилаи Саҳеҳ 430.

Савганд хурдан ба ғайри Худованд

Худованд ба ҳар махлуқе, ки бихоҳад савганд мехурад, аммо барои бандагон ҷоиз нест, ки ба чизе ғайр аз Аллоҳ савганд бихуранд, аммо мутаасифона бисёре аз мардум ба ғайри Худо савганд мехуранд, Савганд ва қасам хурдан як навъе аз таъзим ва бузург доштани он аст ва барои ғайри Худо ҷоиз нест. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

"ألا إن الله ينهاكم أن تحلفوا بآبائكم من كان حالفا فليحلف بالله أو ليصمت". رواه البخاري انظر الفتح 11/530.

“Огоҳ бошед Худованд шуморо аз ин ки ба падарони худ савганд бихуред, манъ кардааст, ҳар касе савганд хурдани бошад бояд ба номи Аллоҳ савганд бихурад вагарна хомуш бошад".

Фатҳулборӣ 11/530

Ва низ аз ибни Умар (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"من حلف بغير الله فقد أشرك". رواه الإمام أحمد 2/125 انظر صحيح الجامع 6204.

“Ҳар касе ба ғайри Аллоҳ қасам бихурад ширк овардааст". Ривояти имом Аҳмад 2/125, нигар Саҳеҳ Ҷомиъ 6204.

Ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

"من حلف بالأمانة فليس منا". رواه أبو داود 3253 وهو في السلسلة الصحيحة رقم 94.

“Ҳар касе ба амонат қасам хурад аз мо нест". Ривояти Абу Довуд 3253, силсилаи Саҳеҳа рақами 94.

Савганд хурдан ба Каъба, амонат, шараф, кумак, баракати фалонӣ, ҷони фалонӣ, ҷони набӣ ва ё валӣ, падарон ва модарон ва ба сари фарзандон, ҷоиз нест ва ҳамаи ин ҳаром ва нодуруст аст. Ва ҳар касе, ки муртакиби чунин коре шуда бошад каффораи ин кор чуноне, ки дар ҳадис омадааст ин аст, ки бигуяд: «لا اله الا الله» ва дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки ҳар касе ба Лот ва Уззо (номҳои бутоне ки дар вақти ҷоҳили арабҳо мепарастиданд) савганд хурад (барои каффораи он) бояд бигуяд: «لا اله الا الله». Ривояти Бухорӣ, Фатҳулборӣ 11/536.

Ҳамчунон баъзе калимаҳои ширкомез ва ҳароми дигаре вуҷуд дорад, ки аз забони бисёри аз мардум шунида мешавад. Монанди “Ба Худо ва ба ту паноҳ мебарам" ва “Таваккали ман бар Худо ва туст", “Ин..... аз ҷониби Худо ва туст" ё “Касеро ҷуз Худо ва ту надорам", “дар осмон Худо ва дар замин танҳо туро дорам" ва “Агар Худо ва фалони набуданд......." (равиши саҳеҳ ва дурусти ин ибораҳо ин аст, ки дар миёни ин ҷумлаҳо калимаи “Сипас"-ро истифода барад, масалан бигуяд, Иътимод ба Худованд аст ва сипас ба ту). Ва “Замона чиқадар номард аст" (ва ҳамчунин ҳар ибора ва ё ҷумлае, ки бо навъи дашномдиҳи ба замона бошад) монанди “Ин замона бад аст", “Ин соати (замони) наҳс ва бад аст", “Замона фиребкор аст" ва ғайри инҳо. Зеро дашном ба даҳру замон ба Худованд бар мегарадад, зеро Худованд холиқи инҳост.

Ва низ ибораҳо ва вижаҳои навпайдо, ки мухолифи тавҳид ҳастанд, монанди: “сотсиализми исломӣ", “демократияи исломӣ", “хости миллат аз хости Парвардигор аст", “Дин аз они Худован аст ва ватан моли ҳама аст", “Ба номи Арабият (қавмияти арабӣ), “Ба номи инқилоб".

Ва ҳамчунин гуфтани чунин ибораҳо “Моликул Мулк" Шоҳаншоҳ ва ё “қозиюл қузот" ва монанди ин ибораҳое, ки барои башарият истифода бурда шавад, ва низ истифода бурдани лафзи “сайид" (ва ё монанди ин калимаҳое, ки дар дигар забонҳо истифода мешавад) барои шахси мунофиқ ва ё кофир. Ва низ лафзи (لو) маънояш “Агар" аст, ки бар норозигӣ, пушаймонӣ ва ҳасрат далолат мекунад ва роҳро барои шайтон боз мекунад. Ва низ ин гуна дуо кардан: «اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي إِنْ شِئْتَ» “Парвардигоро агар мехоҳӣ маро бибахш".

Ҳамнишини ва унс гирифтан бо мунофиқон ва фосиқон

Бисёри аз мардум, ки имон дар дилҳояшон устувор нагаштааст, бо аҳли фисқу фуҷур ва касоне, ки ба шариати Аллоҳ таън мезананд ва дини ислом ва дӯстони Худовандро истиҳзо ва масхара мекунанд, бо инҳо ҳамнишин ва вохуриҳое барпо мекунанд, ки бешак ин кор ҳаром аст, ва сабаби таън ва тардид дар ақида мегардад.

Худованд мефармояд:

﴿وَإِذَا رَأَيۡتَ ٱلَّذِينَ يَخُوضُونَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا فَأَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ يَخُوضُواْ فِي حَدِيثٍ غَيۡرِهِۦۚ وَإِمَّا يُنسِيَنَّكَ ٱلشَّيۡطَٰنُ فَلَا تَقۡعُدۡ بَعۡدَ ٱلذِّكۡرَىٰ مَعَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّٰلِمِينَ ٦٨﴾ [الانعام: ٦٨]

«Ва чун бубинӣ, ки дар оёти Мо аз рӯи масхара гуфтугӯ мекунанд, аз онҳо рӯйгардон шав, то ба сухане ғайри он шуруъ кунанд. Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ афканад, чун ба ёдат омад, бо он мардуми ситамкора манишин».

Сураи Анъом, ояти 68

Пас дар чунин маврид нишастан бо онҳо ҷоиз нест, агар чи аз хешовандон ва наздиконат бошанд ва вохуриашон босафо ва суханҳояшон ҷаззоб бошад, магар касе ки мақсадаш даъвати онҳо бошад ва ҷавоб додан ба даъвоҳои ботили онҳо бошад, на инки аз нишастанаш бо онон розӣ бошад ва сукут кунад. Худованд мефармояд:

«Агар шумо ҳам хушнуд шавед, Худо аз ин мардуми нофармон хушнуд нахоҳад шуд!».

Сураи Тавба, ояти 96

Тарки оромиш ҳангоми намоз хондан

Яке аз бузургтарин навъҳои дузди, дузди аз намоз аст. Ҳазрати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

"أسوأ الناس سرقة الذي يسرق من صلاته قالوا يا رسول الله: وكيف يسرق من صلاته قال: لا يتم ركوعها ولا سجودها". رواه الإمام أحمد 5/310 وهو في صحيح الجامع 997.

“Бадтарин дузд касе аст, ки аз намози худ дузди кунад", Гуфтанд: Э Расули Худо чигуна шахс аз намози худ медуздад? Фармуданд: Рукуъҳо ва саҷдаҳои онро комил ва пурра анҷом намедиҳад". Ривояти имом Аҳмад 5/310 ва ин дар саҳеҳ Ҷомеъ, 997 аст.

Тарки оромиш ва ҳангоми рукуъ ва суҷуд рост накардани камар (пушт) ва инчунин рост наистодан баъди баланд шудан аз рукуъ ва суҷуд ва инчунин миёни ду саҷда ором нагирифтан аз ҷумлаи хатоҳое ҳаст, ки дар байни намозгузорон бисёр ба чашм мехурад ва масҷиде нест, ки аз чунин шахсҳо холи бошад. Оромиш дар намоз рукн аст ва намоз бе он дуруст нест ва ин кор бисёр хатаре дорад, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

"لا تجزئ صلاة الرجل حتى يقيم ظهره في الركوع والسجود". رواه أبو داود 1/533 وهو في صحيح الجامع 7224.

“То ҳангоме, ки камари шахс дар рукуъ ва суҷуд рост набошад, намозаш дуруст нест". Ривояти Абу Довуд 1/533 ва ин дар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 7224.

Бидуни шак ва тардид ин бисёр кори ногувор аст, ва ҳар касе муртакиби он шавад, муcтаҳиқи мазаммат ва ваъиди сахт мебошад.

عن أبي عبد الله الأشعري قال صلى رسول الله صلى الله عليه وسلم بأصحابه ثم جلس في طائفة منهم فدخل رجل فقام يصلي فجعل يركع وينقر في سجوده فقال النبي صلى الله عليه وسلم: "أترون هذا من مات على هذا مات على غير ملة محمد ينقر صلاته كما ينقر الغراب الدم، إنما مثل الذي يركع وينقر في سجوده كالجائع لا يأكل إلا التمرة والتمرتين فماذا تغنيان عنه". رواه ابن خزيمة في صحيحه 1/332 وانظر صفة صلاة النبي للألباني 131

Абуабдуллоҳи Ашъарӣ (р.з) фармуданд: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пас аз намоз бо ҷамъе аз асҳоб дар масҷид нишастанд, марде ворид шуд ва дар гушае ба намозхони шуруъ кард, ва дар намоз (босуръат ва саросема) рукуъ мекард ва ҳангоми саҷда (монанди хурус ба замин) нул мезад, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: “Он мардро мебинед? Ҳар касе дар чунин ҳолат бимирад бар ғайри дини Муҳаммад мурдааст, дар намоз ҳаммонанди зоғе, ки ба пораи хуне нул мезанад аст ва саҷда мекунад, монанди касе ки (саросема) рукуъ мекунад ва дар саҷда нул мезанад, монанди касе аст, ки гурусна аст, аммо бо вуҷуди ин як ё ду донаи хурмо бештаре намехурад, як ё ду донаи хурмо ба ӯ чи фоидае медиҳад". Ривояти ибни Хузайма дар саҳиҳаш 1/332.

Зайд ибни Ваҳб мегуяд: Ҳазрати Ҳузайфа (р.з) мардумро дид, ки рукуъ ва суҷудро комил намекарданд, фармуд: “Ту намоз нахонди ва агар дар ин ҳол бимирӣ бар фитрати ғайр оз ончи Худованд ба Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бахшидааст мемиред". Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 2/274

Барои касе, ки оромишро дар намоз тарк намудааст, ва ҳар гоҳе, ки аз ҳукми он огоҳ шуд муносиб аст, ки фарзи ҳамон вақтро (вақти огоҳ шуданашро) аз сар бихонад ва аз кардаи худ тавба намояд, аммо намозҳои гузаштаашро лозим нест аз сар бихонад, он гунае, ки аз ҳадиси «ارْجِعْ فَصَلِّ فَإِنَّك لَمْ تُصَلِّ» “боз гард ва намозатро аз сар бихон" фаҳмида мешавад.

Бози ва ҳаракати зиёд ҳангоми намоз хондан

Ин як офати дигаре ҳаст, ки бисёре аз намозгузорон бар он гирифтор шудаанд, онҳо фармони Худоро баҷой наовардаанд, чуноне, ки Худованд мефармояд:

﴿وَقُومُواْ لِلَّهِ قَٰنِتِينَ ٢٣٨﴾ [البقرة: ٢٣٨]

«Барои Худованд фурутанона (бо тавозуъ ба ибодат) биистед».

Сураи Бақара, ояти 238

Ва низ ба ин ояти наандешидаанд, ки мефармояд:

﴿قَدۡ أَفۡلَحَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ١ ٱلَّذِينَ هُمۡ فِي صَلَاتِهِمۡ خَٰشِعُونَ ٢﴾ [المؤمنون : ١، ٢]

«Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон: онон, ки дар намозашон хушуъ (тавозуъ ва шикастанафси) мекунанд».

Сураи Мӯъминун, оятҳои 1-2

Ҳангоме, ки дар бораи пок намудани хоки ҷои саҷда дар намоз аз Ҳазрати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд, фармуданд:

"لا تمسح وأنت تصلي فإن كنت لا بد فاعلا فواحدة تسوية الحصى" رواه أبو داود 1/581 وهو في صحيح الجامع 7452

“Дар вақти намоз хондан ба хок даст макаш, ва агар чораи дигаре набуд, фақат якбор ин корро анҷом бидеҳ". Ривояти Абудовуд 1/581 ва ин дар Саҳеҳи Ҷомеъ аст 7452.

Аҳли илм гуфтаанд, ки ҳаракатҳои зиёд ва пай дар пайи бемаврид намозро ботил мекунад, чи расад ба ин ки баъзеҳо дар намоз бозӣ мекунанд ва бо вуҷуди ин ки дар боргоҳи Худованд истодаанд, ба соати худ нигоҳ мекунанд ва ё либоси худро рост мекунанд, ва ё ангуштонашонро дар бинии худ медозанд ва росту чап ва ба осмон нигоҳ мекунанд ва аз ин наметарсанд, ки биноии чашмонаш гирифта шавад (дар ҳадисе чунин ривоят шудааст) ва ба ин ки шайтон намозашонро барбод диҳад.

Қасдан аз имом дар адои амалҳои намоз пешӣ ҷустан

Шитоб ва саросимагӣ аз табиати инсон аст, Худованди мутаъол мефармояд:

﴿وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ عَجُولٗا ١١﴾ [الاسراء: ١١]

«ва инсон шитобкор аст».

Сураи Исро, ояти 11

“Ороми аз Аллоҳ ва шитобкардан аз шайтон аст". Байҳақӣ, Сунани Кубро 10/104.

Мардуми бисёреро дида мешавад, ки ҳангоми намози ҷамоат дар рукуъ ва саҷда ва умуман дар такбирот (аз як рукн ба рукни дигар гузаштан) ва ҳатто дар салом додан, пеш аз имом онро анҷом медҳанд, ин кор дар назди мардум аҳамият надорад, вале дар мавриди ин кор аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ваъдаи ҷазои сахте ворид шудаст, ки фармуданд:

"أما يخشى الذي يرفع رأسه قبل الإمام أن يحول الله رأسه رأس حمار". رواه مسلم 1/320-321

“Магар касе, ки пеш аз имом сарашро баланд мекунад, аз ин наметарсад, ки Худованд сари ӯро ба сари хар табдил намояд". Ривояти Муслим 1/320-321.

Бояд андеша кард, ҳангоме ки аз намозхон хоста шуд, ки дар рафтан ба масҷид оромиши худро ҳифз намояд, пас дар ҳангоми намоз ҳукм чи хоҳад буд? Бархе аз мардум қоидаи хуберо зикр кардаанд, ва он ин аст, ки муқтади (касе ки бо имом намозро мехонад ва дар адои намоз аз имом пайравӣ мекунад) пас аз поёни такбири имом шуруъ ба ҳаракат кунад (ва ба рукни дигар бигзарад) яъне ҳар гоҳ имом ҳарфи “Ро"-и Аллоҳу Акбарро талаффуз кард, муқтади шуруъ ба ҳаракат кунад, на пеш аз он ҳаракат кунад ва на аз он қафо монад, ва ба ингуна ин кор ба тартиб ва танзим дароварда мешавад.

Саҳобагони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бисёр ҳарис ва боэҳтиёт буданд, ки мабодо аз Ҳазрат пешдасти кунанд, ҳатто яке аз саҳобагони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Бароъ ибни Озиб (р.з) мегуяд:

عن البراء بن عازب رضي الله عنه إنهم كانوا يصلون خلف رسول الله صلى الله عليه وسلم فإذا رفع رأسه من الركوع لم أر أحدا يحني ظهره حتى يضع رسول الله صلى الله عليه وسلم جبهته على الأرض ثم يخر من وراءه سجدا) رواه مسلم رقم 474 ط. عبد الباقي.

“Саҳобагон аз пушти Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намоз мехонданд ва ҳангоме, ки ҳазрат сарашро аз рукуъ баланд мекард, касе дида намешуд, ки (барои рафтан ба саҷда) камарашро хам кунад, то ин, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пешонии худро дар замин мегузошт, онгоҳ саҳобагон дар пай эшон ба саҷда меафтоданд". Ривояти Муслим 474. Абдулбоқӣ.

Ҳангоме, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) солхурда шуданд ва дар ҳаракатҳояш (ҳангоми намоз) навъе сусти омад, ба саҳобагоне ки аз пушти эшон намоз мехонданд ҳушдор дода фармуданд:

"يا أيها الناس إني قد بدنت فلا تسبقوني بالركوع والسجود.." رواه البيهقي 2/93 وحسنه في إرواء الغليل 2/ 290

“Э мардум вазни ман сангин шуда (пиршудаам) пас боэҳтиёт бошед, ки дар ҳангоми рукуъ ва суҷуд аз ман пеш нагузаред". Ривояти Байҳақӣ 2/93 ва Ирво ал-Ғалил 2/290.

Имом низ дар такбир гуфтан ҳангоми намоз бояд аз суннати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки дар ҳадиси Абуҳурайра (р.з) омадааст, пайравӣ кунад, ӯ мегуяд:

عن أبي هريرة رضي الله عنه: كان رسول الله صلى الله عليه وسلم إذا قام إلى الصلاة يكبر حين يقوم ثم يكبر حين يركع.. ثم يكبر حين يهوي ثم يكبر حين يرفع رأسه ثم يكبر حين يسجد ثم يكبر حين يرفع رأسه ثم يفعل ذلك في الصلاة كلها حتى يقضيها ويكبر حين يقوم من الثنتين بعد الجلوس". رواه البخاري رقم 756

“Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки барои адои намоз бар мехестанд, такбир мегуфтанд ва ҳангоме ки ба рукуъ мерафтанд сипас такбир мегуфтанд ва ҳангоме ки ба саҷда мерафтанд сипас такбир мегуфтанд ва ҳангоме ки сарашро аз саҷда баланд мекард сипас такбир мегуфт, ва сипас то поёни намоз ингуна амал мекард ва ҳангоме ки аз қаъдаи аввал бар мехостанд баъди нишаст такбир мегуфтанд". Ривояти Бухорӣ 756.

Пас агар имом ҳамроҳ ва ҳамзамон бо ҳаракатҳояш (аз як рукн ба рукни дигар) такбир бигуяд ва муқтадӣ бо тариқае ки зикр кардем амал бикунанд, намози ҷамоъат ислоҳ ва бо танзиму тартиб дароварда мешавад.

Хурдани пиёз, чиснок ва дигар чизҳои бадбӯй ҳангоми рафтан ба масҷид

Худованди мутаъол мефармояд:

﴿يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ خُذُواْ زِينَتَكُمۡ عِندَ كُلِّ مَسۡجِدٖ ٣١﴾ [الاعراف: ٣١]

«Эй фарзандони одам! (ҳангоми ҳар намоз ва) дар масҷиде, ороиш ва зинати (модди ва маънавии худро муносиби он кор ва макон) ҳамроҳи худ бигиред».

Сураи Аъроф, ояти 31

Ҷобир (р.з) мегуяд: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"من أكل ثوما أو بصلا فليعتزلنا أو قال: فليعتزل مسجدنا وليقعد في بيته". رواه البخاري انظر الفتح 2/339, وفي رواية لمسلم "من أكل البصل والثوم والكراث فلا يقربن مسجدنا فإن الملائكة تتأذى مما يتأذى منه بنو آدم". رواه مسلم رواه 1/395.

“Ҳар касе чиснок ва ё пиёз бихурад, пас бояд аз Мо дури биҷӯяд, ё ин ки фармудаанд: Аз масҷиди мо дурӣ биҷуяд, ва дар хонаи худ бишинад". Ривояти Бухорӣ 2/339, нигар Ал-Фатҳ 2/339. Ва дар ривояти Муслим омадааст, ки “Ҳар кас, ки пиёз, чиснок ва тира (навъи пиёз) хурад, пас ба масҷиди мо наздик нашавад, зеро фариштагон низ аз бӯйҳое, ки бани одам азият мешавад, азият ва озор мебинанд". Ривояти Муслим 1/395.

Умар (р.з) дар яке аз хутбаҳои худ дар рӯзи ҷумъа гуфтанд: Шумо аз ин ду навъи сабзавот (пиёз ва чиснок), ки ба назари ман палиданд мехуред, ман Расулаллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дидам, ки ҳар гоҳ шахсе, ки пиёз хурда буд ба масҷид меомад, фармон медоданд, ки ӯро аз масҷид берун кунанд, ва ба (Бақеъ) бибаранд, пас ҳар кас пиёз ва чиснок мехурад (бӯй) онҳоро бо пухтан комилан нобуд кунад. Ривояти Муслим 1/396.

(Ин ҳадисҳо маънои ҳаром ё макруҳ будани пиёз ва чиснокро надоранд, балки маънои онро дорад, ки вақте ба масҷид меоед кушиш кунед ки буйи он дар даҳон намонда бошад, то инки намозгузоронро азият надиҳед)

Шахсоне, ки баъди анҷоми кори рӯзонаи худ мустақиман ба масҷид меоянд ва бо бӯи арақ ва ҷуробҳои худ сабабгори озор ва азияти мардум мегарданд ва сипас вориди масҷидҳо мешаванд ва бандагони Худо ва фариштагон ва намозгузоронро азият ва озор медиҳанд, онҳо низ шомили ин мавзӯъ мебошанд.

Зино

Чигунае ки яке аз мақсадҳои шариат ҳифзи ҳайсият ва насли башарият аст, зиноро ҳаром гардонидааст, Худованди мутаъол мефармояд:

﴿وَلَا تَقۡرَبُواْ ٱلزِّنَىٰٓۖ إِنَّهُۥ كَانَ فَٰحِشَةٗ وَسَآءَ سَبِيلٗا ٣٢﴾ [الاسراء: ٣٢]

«Ва ба зино наздик машавед. Зеро он (Зино) коре зишт ва роҳе нописанд аст!».

Сураи Исро, ояти 32

Балки болотар аз ин шариат тамоми роҳҳои расидан ба зиноро қатъ ва ҳаром гардонидааст, монанди: амр ба ҳиҷоб пуши, нигоҳ накардан ба бегонагон, ҳаром гардондани хилват ва танҳо мондан бо зани бегона ва дигар роҳҳое ки ба зино мерасонад.

Зинокори оиладор дар шариати исломӣ бо сахттарин ва бераҳмтарин уқубат ҷазо дода мешавад, ки он ҳам сангсор кардан аст, то ҷазои кореро ки кардааст бичашад ва тамоми аъзоҳои баданаш, ки дар кори ҳаром аз он истифода кардааст дардманд шаванд ва зинокоре, ки ба сурати шаръи ва саҳеҳ никоҳ ва хонадори накардааст бо болотарин ҳадди зарбаҳое, ки дар шариат ворид шудааст ки он сад зарба (шаллоқ) аст, ҷазо дода мешавад, ва ин илова бар он шармандагие аст, ки дар байни гуруҳе аз мусалмонон ба ӯ ҷазо дода мешавад, ва илова бар ин ӯро ба муддати як соли комил аз маҳал ва ҷой, ки дар он муртакиби зино шудааст, берун карда мешавад.

Ва азоби занону мардони зинокор дар барзах, ин аст, ки ононро урён ва луч дар тануре, ки даҳонаш танг ва зери (даруни) он паҳн ва кушод аст, меандозанд ва бар онон оташро меафрӯзанд, онҳо дар он танур фарёд мекашанд ва бо шуълаҳои оташ боло меоянд, ҳатто наздик мешавад, ки берун оянд, аммо оташ онҳоро дарун мекашад ва онҳо дубора ба таги танур меафтанд, ва то рӯзи қиёмат ингуна азоб дода мешаванд.

Аз ин ҳам бадтар ва сахттар шахсе аст, ки бо вуҷуди солхурдаги ва ба қабр наздик буданаш ва муҳлате, ки Худованд ба ӯ додааст ба зинокори идома медиҳад. Аз ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"ثلاثة لا يكلمهم الله يوم القيامة ولا يزكيهم ولا ينظر إليهم ولهم عذاب أليم: شيخ زان وملك كذاب وعائل مستكبر". رواه مسلم 1/102-103.

“Худованд дар рӯзи қиёмат бо се шахс сухан намегӯяд, ва ононро тазкия наменамояд, ва бо назари раҳмат ба онҳо наменигарад, ва азоби дардноке дар интизорашон аст (ва он се шахс иборатанд аз) Пирамарди зинокор, ва подшоҳи дӯрӯғгу ва фақири (камбағали) мутакаббир". Ривояти Муслим 1/102-103.

Бадтарин касбу даромад пуле аст, ки зани зинокор дар муқобили зино ва танфуруши дарёфт мекунад ва чунин зан ҳангоме ки дар нимаҳои шаб дарҳои осмон ба раҳмат кушода мешаванд низ аз истиҷобати дуо маҳрум аст (Ривояти Саҳеҳ Бухорӣ, 2971).

Ниёзманди ва камбағали мутлақан узри шаръи ва қобили қабул барои зери по гузоштани ҳудудҳои Худованд қарор намегирад, аз қадим гуфтаанд, ки зани озод ва покдоман беҳтар мешуморад, ки гурусна бимонад аз он ки бо синааш (ширдодани бачаҳои мардум) худро сер кунад, чи расад ба танфурушӣ.

Аммо дар ин аср ҳама роҳҳо ва дарҳои фоҳишагӣ боз аст ва шайтон бо макри худ ва авлиёи ӯ роҳи фасодро ҳамвор кардааст ва мардуми фоҷир низ аз ӯ пайрави кардаанд. Бадҳиҷобӣ ва бараҳнагӣ ом шудааст, чашмчаронӣ ва нигоҳи ҳаром ҳамаҷоро фаро гирифта, ихтилот ва бо ҳамбудани марду зан ривоҷ ёфтааст, моҳномаҳо ва филмҳои фаҳшо ҳама ҷо дар дастрас аст, ва сафар кардан ба кишварҳое ки фасод зиёд аст ва бозори беҳаёи гарм ва обру резӣ ва таҷовуз ба номуси мардум фаровон аст ва омори бачаҳои ҳаром ва ғайри шаръи ва куштани ҷанин зиёд шудааст. Парвардигоро аз ту мехоҳем, ки бо раҳмат ва лутфи хеш моро аз ин фоҳишагиҳо дар паноҳи Худат нигоҳ ва ҳифз бидори ва аз ту мехоҳем, ки дилҳо ва шармгоҳҳои моро пок бигардони ва дар миёни мо ва ҳаром садд ва ҷудогии маҳкаме қарор диҳи.

Ҳамҷинсгарои

Ҷинояте, ки қавми Лут муртакиб шудаанд, ҳамҷинсгарои буд, Худованди мутаъол мефармояд:

﴿وَلُوطًا إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ إِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلۡفَٰحِشَةَ مَا سَبَقَكُم بِهَا مِنۡ أَحَدٖ مِّنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢٨ أَئِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلرِّجَالَ وَتَقۡطَعُونَ ٱلسَّبِيلَ وَتَأۡتُونَ فِي نَادِيكُمُ ٱلۡمُنكَرَۖ ٢٩﴾ [العنكبوت: ٢٨، ٢٩]

«Ва Лутро паёмбарӣ додем. Ба қавми худ гуфт: «Шумо кори зишетро пеша кардаед, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон пеш аз шумо чунин намекардааст. Оё бо мардон аз рӯи шаҳват меомезед ва роҳзанӣ мекунед ва дар махфили худ корҳои нописанд мекунед?».

Сураи Анкабут, оятҳои 28-29

Ба хотири қабоҳат, бад ва хатарнокии ин кор, муртакибони ин гуноҳро Худованд бо чаҳор навъ азоб муҷозот намуд, Ҳеҷ қавмеро бо чунин чаҳор азоб якбора муҷозот нанамудааст, Он чаҳор навъи азоб ин аст, ки чашмонашонро кӯр кард ва шаҳри онҳоро зеру ру карда бар онҳо сангборон ва садои дилхароши сахтеро фиристод.

Дар шариати исломӣ бино ба қавли роҷиҳи уламо ин аст, ки ҷазои онҳое, ки бо ризоят ва ихтиёри ҳар ду тараф ин корро анҷом дода бошанд, ин аст ки бо зарби шамшер кушта шаванд, аз ибни Аббос (р.з) марфуъан ривоят шуда, ки:

"من وجدتموه يعمل عمل قوم لوط فاقتلوا الفاعل والمفعول به" رواه الإمام أحمد 1/300 وهو في صحيح الجامع 6565.

“Ҳар касеро ёфтед, ки амали қавми Лутро анҷом медиҳад ҳардуяшонро (фоил ва мафъулро) бикушед". Ривояти имом Аҳмад ва дар Саҳеҳи Ҷомеъ 6565.

Ин ҳама вабо ва касалиҳои гуногуне, ки имрӯза ва дар ин замон ба вуҷуд омада ва дар гузашта аз онҳо номе ҳам набуд, ҳаммонанди марази кушандаи “Идз", дар таъини чунин уқубати сахт барои ин амали зишт далолат бар ҳикмати Худованд мекунад.

Ҳамхоба нашудани зан бо шавҳараш бе узри шаръӣ

Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят шуда, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

عن أبي هريرة رضي الله عنه عن النبي صلى الله عليه وسلم قال: "إذا دعا الرجل امرأته إلى فراشه فأبت فبات غضبان عليها لعنتها الملائكة حتى تصبح" رواه البخاري انظر الفتح 6/314.

“Ҳаргоҳ, ки шавҳар ҳамсарашро ба бистари худ фарёд кунад ва ӯ рад кунад ва ба наздаш наояд ва шавҳар бо нороҳати ва асабоният аз ӯ шабро гузаронад, фариштагон он шаб то субҳ он занро нафрин мекунанд". Ривояти Бухорӣ, нигар Фатҳ-ро 6/314.

Бисёри занон вақто, ки миёни онон ва шавҳарашон ихтилоф ва нофаҳмие руй бидиҳад, бо ҳамхоба нашудан бо шавҳараш- ба фикри худ- шавҳарашро ҷазо ва танбиҳ медиҳад, ва гоҳе ин кор сабаби фасоди бузурге мешавад, монанди ба ҳаром даст задани шавҳар, ки дар натиҷаи ин амал шавҳар дар фикри издивоҷ бо дигар зан мегардад.

Пас ҳаргоҳ шавҳар аз ҳамсар ҳамхобаги дархост кард, ҳамсар бояд ба фармони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуш карда аз шавҳараш итоат намояд ва ба хостааш ҷавоби мусбат диҳад, Зеро Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

"إذا دعا الرجل امرأته إلى فراشه فلتجب وإن كانت على ظهر قتب" انظر زوائد البزار 2/181 وهو في صحيح الجامع 547

“Ҳаргоҳ шавҳар ҳамсарро ба ҳамхобагӣ даъват намуд, ҳамсар бояд иҷобат намояд, агар чи дар пушти шутур ҳам савор бошад". Нигар Завоид Ал-Баззор 2/181 ва ин дар Саҳеҳи Ҷомеъ 547.

Ва шавҳар низ барои идомаи ҳамдили ва рух надодани ихтилофот бояд вазъияти занро баназар гирад ва дар сурати маризи, бордори ва ё андуҳгин будани он, бояд ҳолати ӯро муроъот кунад.

Бе узри шаръӣ талаби талоқ намудан

Бисёре аз занон бо пайдо шудани хилофи андаке бо шавҳараш оҷилона ва саросемавор аз ӯ дархости талоқ мекунад, Ё ҳар гоҳе ки зан аз мард пул талаб кунад ва он мард хоҳишоти онро иҷро карда натавонад, дар ҳол талаби талоқ мекунад, Ё инки бо суханон ва таҳрики бархе аз хешовандон ва ҳамсояҳои фасодкораш ба ин кор низ даст мезанад. Ва баъзе вақтҳо бо ибораҳои бад ва ғазабоваранда бо шавҳараш мубориза мебарад, масалан мегӯяд:

Агар марди манро талоқ бидеҳ! Бадеҳи аст, ки талоқ мафосид ва зарарҳои бузурге дорад, монанди пароканда шудани оила ва оворагии фарзандонро дар пай дорад, ва пас аз чанд муддате зан пушаймон мешавад, аммо пушаймони дигар суде надорад, бо ин сабабҳо ва масъалаҳои дигаре ҳикмати ҳаром гардонидани ин кор дар шариати исломӣ ҳувайдо мешавад. Аз ҳазрати Савбон (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

"أيما امرأة سألت زوجها الطلاق من غير ما بأس فحرام عليها رائحة الجنة". رواه أحمد 5/277 وهو في صحيح الجامع 2703.

“Ҳар зане, ки бидуни ҳеҷ мушкилие аз шавҳараш талаби талоқ кунад, бӯйи биҳишт бар ӯ ҳаром аст". Ривояти Аҳмад 5/277 ва дар Саҳеҳи ал-Ҷомиъ 2703.

Аз Уқба ибни Омир (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

وعن عقبة بن عامر رضي الله عنه مرفوعا: "إن المختلعات والمنتزعات هن المنافقات". رواه الطبراني في الكبير 17/339 وهو في صحيح الجامع 1934.

“Заноне, ки аз шавҳаронашон талаби талоқ мекунанд, онҳо занони мунофиқ ҳастанд". Ривояти Табаронӣ дар ал-Кабир 17/339 ва дар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 1934.

Аммо агар талаби талоқ бо узри (сабаби) шаръӣ бошад, монанди тарки намоз, шаробхурӣ (мастигарӣ) ва истифода бурдани маводи мухаддир (героин ва амсоли он) аз ҷониби шавҳар ва ин ки шавҳар онро барои анҷом додани кори ҳароме маҷбур кунад, Ё ин ки шиканҷааш кунад ва ё ӯро аз ҳуқуқи шаръӣ ва қонуниаш маҳрум созад ва панду насиҳат фоидае набахшад ва талоши ислоҳшавиаш ягон самарае надиҳад, дар ин сурат беягон мушкили зан метавонад барои он ки худ ва динашро ҳимоят кунад, аз шавҳар талаби талоқ карданаш ҷоиз аст.

Зиҳор

Яке аз лафзҳои ҷоҳилияте, ки мутаасифона дар ин уммат ривоҷ пайдо кардааст калимаи “Зиҳор" аст, яъне инки шавҳар ба ҳамсараш бигуяд: “Ту барои ман монанди модарам ҳастӣ" ва ё бигуяд: “ту бар ман монанди хоҳарам ҳаром астӣ" ва ҷумлаҳои зиште монанди инҳо, ки шариатӣ исломӣ онро бад ва зишт шуморидааст, зеро ки дар ин сурат дар ҳаққи зан зулм мешавад. Худованд дар бораи зиҳор ингуна мефармояд:

﴿ٱلَّذِينَ يُظَٰهِرُونَ مِنكُم مِّن نِّسَآئِهِم مَّا هُنَّ أُمَّهَٰتِهِمۡۖ إِنۡ أُمَّهَٰتُهُمۡ إِلَّا ٱلَّٰٓـِٔي وَلَدۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَيَقُولُونَ مُنكَرٗا مِّنَ ٱلۡقَوۡلِ وَزُورٗاۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفُورٞ ٢﴾ [المجادلة: ٢]

«Аз миёни шумо касоне, ки занонашонро зиҳор (монанд кардани яке аз узвҳои зан бо узви модар, ки навъе аз қасам аст) мекунанд, бидонанд, ки занонашон модаронашон нестанд, модаронашон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро таваллуд кардаанд ва сухане нописанду дурӯғ аст, ки мегӯянд. Ва Худо дар ҳақиқат аз гуноҳ даргузаранда ва бахшанда аст!»

Сураи Муҷодала, ояти 2

Шариати исломӣ каффораи зиҳорро сахт ва монанди каффораи куштани хато ва монанди каффораи ҳамхобагӣ дар рӯзи моҳи рамазон қарор додааст, ва барои шавҳар ҷоиз нест, ки пеш аз адои кафорат ба ҳамсараш наздик шавад, Худованди мутаъол мефармояд:

﴿وَٱلَّذِينَ يُظَٰهِرُونَ مِن نِّسَآئِهِمۡ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا قَالُواْ فَتَحۡرِيرُ رَقَبَةٖ مِّن قَبۡلِ أَن يَتَمَآسَّاۚ ذَٰلِكُمۡ تُوعَظُونَ بِهِۦۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ ٣ فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ شَهۡرَيۡنِ مُتَتَابِعَيۡنِ مِن قَبۡلِ أَن يَتَمَآسَّاۖ فَمَن لَّمۡ يَسۡتَطِعۡ فَإِطۡعَامُ سِتِّينَ مِسۡكِينٗاۚ ذَٰلِكَ لِتُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ وَتِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِۗ وَلِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٤﴾ [المجادلة: ٣، ٤]

«Онҳое, ки занонашонро зиҳор мекунанд, он гоҳ аз он чӣ гуфтаанд, пушаймон мешаванд, пеш аз он ки бо якдигар тамос ёбанд, бояд ғуломе озод кунанд. Ин пандест, ки ба шумо медиҳанд ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст! Аммо касоне, ки ғуломе наёбанд, пеш аз он ки бо якдигар тамос ёбанд, бояд ду моҳ пай дар пай рӯза бидоранд. Ва он ки натавонад, бояд шаст мискинро таъом диҳад. Ва ин ба он сабаб аст, ки ба Худову паёмбараш имон биёваред. Инҳо, ҳудуди Худост. Ва барои кофирон азобест дардовар!».

Сураи Муҷодала, оятҳои 3-4

Ҳамхобагӣ дар вақти Ҳайз

Худованди мутаъол мефармояд:

﴿وَيَسَۡٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡمَحِيضِۖ قُلۡ هُوَ أَذٗى فَٱعۡتَزِلُواْ ٱلنِّسَآءَ فِي ٱلۡمَحِيضِ وَلَا تَقۡرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطۡهُرۡنَۖ ٢٢٢﴾ [البقرة: ٢٢٢]

«Туро аз ҳайзи занон мепурсанд. Бигӯ: «Ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дури бигиред ва ба онҳо наздик машавед то пок гарданд».

Сураи Бақара, ояти 222

Барои шавҳар ҷоиз нест, ки билофосила баъди поки аз ҳайз бо ҳамсараш ҳамхоба шавад, магар ин ки ҳамсар ғусл ва худро шустушу кунад, зеро Худованди таъоло мефармояд:

﴿فَإِذَا تَطَهَّرۡنَ فَأۡتُوهُنَّ مِنۡ حَيۡثُ أَمَرَكُمُ ٱللَّهُۚ ٢٢٢﴾ [البقرة: ٢٢٢]

«Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Худо фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед».

Сураи Бақара, ояти 222

Ин ҳадиси Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) низ бар зиштии ин гуноҳ далолат мекунад, ки мефармояд:

"من أتى حائضا أو امرأة في دبرها أو كاهنا فقد كفر بما أنزل على محمد". رواه الترمذي عن أبي هريرة 1/243 وهو في صحيح الجامع 5918.

“Ҳар касе дар даврони ҳайз бо ҳамсараш ҳамхоба шавад ва ё бо ӯ аз пушт ҳамхоба шавад ва ё назди фолбине равад, он чи бар Муҳаммад нозил шудааст ба он куфр варзидааст". Ривояти Тирмизӣ аз Абуҳурайра 1/243 ва дар Саҳеҳи ал-Ҷомеъ 5918 аст.

Ҳар касе бо сабаби нодони, хато ва беқасд гирифтори ин кор шавад, бар ӯ гуноҳе нест, аммо агар касе қасдан ва дониста онро анҷом диҳад, бино ба гуфтаҳои баъзе олимон бояд каффора бидиҳад ва он иборат аст аз як динор ва ё нисфи динор, бархе аз олимон гуфтаанд, ки ӯ ихтиёр дорад, ки кадомеро интихоб кунад, ва бархе дигаре гуфтаанд: агар дар аввали ҳайз қариб шуда бошад каффорааш як динор аст ва агар дар охири ҳайз ва ё баъди ҳайз вале пеш аз ғусли зан бошад каффорааш нисф динор аст. Як динор бино бар ҳисоботи байни мардум буда, баробар бо 4.25 грам тилло аст, ки шахси ин гуноҳро содир намуда, бояд ин миқдор тилло ва ё баробари он аз пулҳо ҳозира садақа кунад.

Ҳамхоба шудан бо ҳамсар аз пушт

Як гуруҳи каме аз мардуми гумроҳ ва заифимон аз ҳамхобаги кардан бо ҳамсар аз пушт ҳеҷ тараддуд ва дӯри намеҷӯянд ва аз он парҳез намеварзанд, дар ҳоле ки ин кор аз гуноҳони кабира ва бузург аст, ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шахси ин амалро мекардагиро лаънат ва нафрин кардааст, Чуноне ки аз Абуҳурайра (р.з) ривоят шуда, ки ҳазрати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"ملعون من أتى امرأة في دبرها". رواه الإمام أحمد 2/479 وهو في صحيح الجامع 5865

“Лаънат карда шудааст касе, ки аз пушт бо ҳамсараш ҳамхоба шавад". Ривояти имом Аҳмад 2/479 ва ин дар Саҳеҳи ал-Ҷомеъ 5865 аст.

Балки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"من أتى حائضا أو امرأة في دبرها أو كاهنا فقد كفر بما أنزل على محمد". رواه الترمذي برقم 1/243 وهو في صحيح الجامع 5918.

“Ҳар касе дар вақти ҳайз бо ҳамсараш алоқа кунад, ва ё бо вай аз пушт алоқа кунад ва ё назди фолбине биравад, ба он чи бар Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шудааст кофир шудаст". Ривояти Тирмизӣ 1/243 ва ин дар саҳеҳи ал-Ҷомеъ 5918 аст.

Бисёри аз заноне ки фитрати солим ва саҳеҳ доранд аз ин кор дӯри ва онро рад мекунанд, аммо шавҳаронашон ононро барои қабул накардани ин кор ба талоқ додан таҳдид мекунанд. Баъзе касоне ки ҳамсаронашон аз пурсидани ҳукми ин кор аз уламо шарм медоранд, онҳоро фиреб дода вонамуд мекунанд, ки ин кори ҳалол ва ҷоиз аст, ва боз ин оятро ҳамчун далел бар онҳо зикр мекунанд. Худованд мефармояд:

﴿نِسَآؤُكُمۡ حَرۡثٞ لَّكُمۡ فَأۡتُواْ حَرۡثَكُمۡ أَنَّىٰ شِئۡتُمۡۖ ٢٣﴾ [البقرة: ٢٢٣]

«Занони шумо киштзори шумо ҳастанд. Ҳар гуна, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед».

Сураи Бақара, ояти 223

Бояд донист, ки ҳадиси Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), Қуръонро тафсир мекунад, ва дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар баён фармудаанд, ки барои шавҳар ҷоиз аст, ки бо ҳар роҳ ва равише, ки мехоҳад бо ҳамсараш алоқа кунад аммо ба шарте ки ин алоқа фақат аз роҳи табиъи ва роҳи ба дунё омадани кудак бошад, ва маълум аст, ки қафо ҷои наҷосат аст, на роҳи ба дунё омадани кудак.

Яке аз сабабҳо ва омилҳои ин ҷиноят, ворид намудани мероси палиди ҷоҳилие аз робитаҳои нодуруст ва ҳаром бар зиндагии покизаи заношавҳари аст ва ҳамчунин аз саҳнаҳои филмҳои фоҳишае, ки ҳамаҷо паҳн гаштааст, таъсир гузоштааст, инчунин тавба накардан ва рӯй наовардан ба даргоҳи Илоҳӣ. Ва бадеҳи аст, ки ин амал ҳаром ва ноҷоиз аст, агар чи ҳар ду тараф (зану шавҳар) бар ин кор розӣ бошанд, зеро розигии зану шавҳар бар ин кор ҳаромро ҳалол намегардонад.

Беадолати миёни ҳамсарон

Адолат намудан миёни ҳамсарон аз корҳое аст, ки Худованди мутаъол моро ба он тавсия намудааст. Худованд мефармояд:

﴿وَلَن تَسۡتَطِيعُوٓاْ أَن تَعۡدِلُواْ بَيۡنَ ٱلنِّسَآءِ وَلَوۡ حَرَصۡتُمۡۖ فَلَا تَمِيلُواْ كُلَّ ٱلۡمَيۡلِ فَتَذَرُوهَا كَٱلۡمُعَلَّقَةِۚ وَإِن تُصۡلِحُواْ وَتَتَّقُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ كَانَ غَفُورٗا رَّحِيمٗا ١٢٩﴾ [النساء : ١٢٩]

«Ҳарчанд бикушед, ҳаргиз натавонед, ки дар миёни занон ба адолат рафтор кунед. Лекин якбора ба сӯи яке майл накунед то дигареро саргашта раҳо карда бошед. Агар аз дари оштӣ дароед ва парҳезгорӣ кунед, Худо омурзанда ва меҳрубон аст!».

Сураи Нисо, ояти 129

Адолате, ки шавҳар онро бояд анҷом диҳад, ин аст ки дар шабгузарондан байни ҳамсаронаш адл кунад, ва харҷу ҳуқуқи моддии ононро монанди нафақа ва либос комилан муҳайё намояд. Адл дар дӯстдоштан ва муҳаббати дил нест, зеро ин кор ба ихтиёр ва қудрату тавоноии шахс нест. Бисёри аз мардоне ки аз як ҳамсар зиёд доранд ба яке аз ҳамсарони худ майл намуда ва бақияро тарк намуда ба онон аҳамияте намедиҳад, балки шабҳои зиёдеро бо он мегузаронад ва хоҳишоти модди ӯро комилан муҳайё мекунад, аммо дигар занҳояшро тарк карда ба онҳо аҳамият намедиҳад.

Ин кор ҳаром ва ноҷоиз аст ва касе ки нисбат ба бархе аз ҳамсаронаш ингуна беадолатиро раво бидонад дар рӯзи қиёмат бо он сифате, ки дар ҳадиси Абуҳурайра омадааст ба даргоҳи Илоҳи ҳозир мешавад, Ӯ мефармояд: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

"من كانت له امرأتان فمال إلى إحداهما جاء يوم القيامة وشقه مائل". رواه أبو داود 2/601 وهو في صحيح الجامع 6491.

“Ҳар касе ду ҳамсар дошта бошад ва ба яке аз онҳо майл намояд (миёни онон адл накунад) рӯзи қиёмат дар ҳоле хоҳад омад, ки нисфи баданаш каҷ гашта ва моил шудааст". Ривояти Абу Довуд 2/601 ва ин дар Саҳеҳи ал-Ҷомеъ 6491 аст.

Хилват (танҳо мондан) бо номаҳрам

Шайтон кушиш мекунад, ки инсонро дар фитна ва ҳаром гирифтор кунад ва ба ин сабаб Худованди мутаъол моро аз он барҳазар кардааст, чигунае, ки мефармояд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّبِعُواْ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ وَمَن يَتَّبِعۡ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِ فَإِنَّهُۥ يَأۡمُرُ بِٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۚ ٢١﴾ [النور : ٢١]

«Эй касоне, ки имон овардаед, пой ба ҷои пои шайтон магузоред. Ва ҳар кӣ пой ба ҷои пои шайтон гузорад, бидонад, ки ӯ ба фаҳшову мункар (корҳои бад) фармон медиҳад».

Сураи Нур, ояти 21

Шайтон монанди хун дар бадани одамизод гардиш мекунад, ва яке аз роҳҳое, ки шайтон инсонро ба роҳи бад ва фаҳшо мебарад ин хилват ва танҳо мондан бо зани бегона ва номаҳрам аст, ба ҳамин сабаб шариат ин роҳро баста ва масдуд кардааст. Чуноне, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"لا يخلون رجل بامرأة إلا كان ثالثهما الشيطان". رواه الترمذي 3/474 انظر مشكاة المصابيح 3118.

“Ҳаргоҳе мард ва зане (бегона) танҳо бошанд саввуми онҳо шайтон аст". Ривояти Тирмизӣ 3/474 нигар Мишкотул Масобиҳ 3118

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

وعن ابن عمر رضي الله عنهما عن النبي صلى الله عليه وسلم قال: "لا يدخلن رجل بعد يومي هذا على مغيبة إلا ومعه رجل أو اثنان". رواه مسلم 4/1711.

“Аз имрӯз ба баъд ҳеҷ марде ҳақ надорад, ки назди зане, ки шавҳараш ба сафар рафта бошад биравад, магар ин ки ҳамроҳаш як ё ду нафари дигар бошад". Ривояти Муслим 4/1711.

Пас барои ҳеҷ марде ҷоиз нест, ки дар хона ё утоқ ва ё мошине бо зани номаҳрам ва бегона ҳамчун зани бародар, хизматгор ва ё зани касали бо духтур танҳо бимонад. Бисёри аз мардум бо сабаби бовари ба худашон ва ё бо шахсони дигар дар чунин ҳолатҳо саҳлангори мекунанд, ки сабаби ба фаҳшо гирифтор шудан ва ё баъзе муқаддимаҳои фаҳшоро фароҳам мекунад, ки сабаби аралаш шудани наслҳо ва фарзандони номашруъ мегардад.

Ба даст салом кардан бо зани бегона

Ин яке аз мавридҳое аст, ки урфу одоби иҷтимоъи бар шариати Исломӣ туғён ва ҳукмрон шудааст, ва одату тақлидҳои ботили мардум бар ҳукми Худованд ғолиб гаштааст, ба ин гуна, ки агар бо далел ҳукми шаръиро дар ин маврид баён куни, туро ба ақибмондаги, сахтгирӣ ва қатъи робитаҳои хонаводагӣ ва шакку шубҳа овардан дар ниятҳои пок......., муттаҳам месозанд. Имрӯз дар муҷтамаъҳои мо бо даст салом кардан бо духтари амаку амма ва духтари хола ва тағои ва ҳамсари бародар ва ҳамсари амак ва ҳамсари тағои аз нушидани об осонтар шудааст. Ва агар мардум ба ин кори хатарнок бо назари ҳақиқи ва аз нигоҳи шариат нигоҳ кунанд, дигар чунин нахоҳанд кард. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"لأن يطعن في رأس أحدكم بمخيط من حديد خير له من أن يمس امرأة لا تحل له". رواه الطبراني 20/212 وهو في صحيح الجامع 4921.

“Агар сузани оҳаниро бар фарқи сари яке аз шумо зананд ва дароваранд барояш беҳтар аст аз он ки ба зани номаҳрам даст занад". Ривояти Табаронӣ 20/212 ва Саҳеҳи ал-Ҷомеъ 4921 аст.

Бешак салом кардан бо даст зинои даст ҳисоб мешавад, онгуна, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"العينان تزنيان واليدان تزنيان والرجلان تزنيان والفرج يزني". رواه الإمام أحمد 1/412 وهو في صحيح الجامع 4126

“Чашмҳо, дастҳо, поҳҳо ва шармгоҳҳои (инсон бо ҳамаи аъзояш) зино мекунанд". Ривояти имом Аҳмад 1/421 ва ин дар Саҳеҳи ал-Ҷомеъ 4126 аст.

Бояд пурсид оё касе ҳаст, ки дилаш аз дили Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) поктар бошад? Аммо бо вуҷуди ин Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"إني لا أصافح النساء" رواه الإمام أحمد 6/357 وهو في صحيح الجامع 2509، وقال أيضا "إني لا أمس أيدي النساء" رواه الطبراني في الكبير 24/342 وهو في صحيح الجامع 7054 وانظر الإصابة 4/354

“Ман бо зан мусофаҳа (бо даст салом) намекунам". Ривояти имом Аҳмад 6/357 ва ин дар Саҳеҳ ал-Ҷомиъ 2509 аст. Ва низ фармудан: “Ман дастҳои занонро ламс намекунам" (дастамро ба дасти онҳо расонида салом намекунам) . Ривояти Табаронӣ дар ал-Кабир 24/342 ва ин ар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 7054 ва нигар Исоба 4/354.

Аз ҳазрати Оиша (р.з) нақл шудааст, ки фармуданд: “На, ба Худо савганд ҳаргиз дасти Расли Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дасти занеро мисос накард, (яъне дасташ ба дасти зане нарасид) ва фақат бо гуфтор аз онон байъат мегирифт". Ривояти Муслим 3/1489

Пас он мардоне, ки ҳамсарони покнияти худро таҳдид мекунанд, ки агар бо бародарони онон даст надиҳад ва салом накунад, ононро талоқ хоҳанд кард, аз Худо битарсанд ва низ бояд донист, ки салом кардан бо дасткаш ва ё аз рӯи порчаи дигар ҳукми масъаларо тағйир намедиҳад, даст додан ва салом кардан бо номаҳрам дар ҳар ҳолат ҳаром аст.

Атру хӯшбӯйи задани зан вақти берун баромаданаш аз хона ва аз назди мардони бегона гузаштан

Бо вуҷуди ҳушёри сахт додани Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин бора боз ҳам мутассифона дар ин замон чунин занон бисёранд ва ривоҷ пайдо кардаанд. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"أيما امرأة استعطرت ثم مرت على القوم ليجدوا ريحها فهي زانية". رواه الإمام أحمد 4/418 انظر صحيح الجامع 105.

“Ҳар зане, ки атр бизанад ва сипас аз назди гуруҳе (мардон) бигзарад ва бӯйи атри ӯ ба машоми онҳо бирасад, он зан зинокор аст". Ривояти имом Аҳмад 4/418, нигар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 105.

Бархе аз занон ва духтарон бо сабаби нодидагирифтан ва ё ғофилиашон, дар ҳангоми ру ба ру шудан бо ронандагон, дукондорон ва нигаҳбони идораҳо ба ин кор аҳамият намедиҳанд, дар ҳоле ки шариати исломӣ барои зане, ки атр мезанад ва мехоҳад аз хона берун равад, ҳукми сахте қарор додааст ва он ҳам ин, ки зане ки атр задаст пеш аз хона баромаданаш бояд ғусл кунад, монанди ғусли ҷанобат (ғусли комил) ва агар чи ба масҷид ҳам равона бошад. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"أيما امرأة تطيبت ثم خرجت إلى المسجد ليوجد ريحها لم يقبل منها صلاة حتى تغتسل اغتسالها من الجنابة". رواه الإمام أحمد 2/444 وانظر صحيح الجامع 2703.

“Ҳар зане, ки атр занад ва сипас ба масҷид биравад, ҳеҷ намози ӯ қабул нахоҳад шуд то ин, ки ҳаммонанди ғусли ҷанобат ғусл намояд". Ривояти имом Аҳмад 2/444 ва нигар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 2203.

Аз бӯи атру хӯшбӯиҳое гуногуне, ки занон пеш аз рафтан ба тӯйҳо ва арусиҳо мезананд, бояд ба Худо паноҳ бурд, бӯи хуши атри онон дар ҳамаҷо паҳн мешавад: дар бозор, нақлиёти омма, ҷойҳое, ки зану мард боҳам мебошанд ва ҳатто дар масҷид, дар шабҳои рамазон бӯи атри онҳо ба машом мерасад. Дар шариати исломи баён шудааст, ки хушбӯй ва зебоии зан бояд багунае бошад, ки на ранг дошта бошад ва на бӯ. Аз Худованди мутаъол талаб мекунем бар мо ғазаб накунад ва мардуми солеҳ ва некукорро бо сабаби корҳои нодонон ва ғофилон зери ғазаби худ нагирад ва ҳамаи моро ба роҳи рост ҳидоят кунад.

Сафар кардани зан бе маҳрам

Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"لا يحل لامرأة تؤمن بالله واليوم الآخر تسافر مسيرة يوم إلا مع ذي محرم". رواه مسلم 2/977.

“Ҷоиз нест барои зане, ки ба Худо ва рӯзи охират имон овардааст масофаи як шабона рӯзро сафар кунад, магар бо маҳрам". Ривояти Муслим 2/977.

Сафар кардани зан бемаҳрам сабаб мешавад, ки мардони фосиқ ва фоҷир бар ӯ таъарруз ва зарар бирасонанд, дар ҳолате, ки зан худ заиф аст. Ва бар гуноҳ ва маъсият гирифтор шавад, ки камтарини он инаст, ки номусу шарафи ӯ зери суол биравад.

Ва ҳамчунин сафар кардани зан бемаҳрам бо ҳавопаймо ва агар чи маҳрамаш ӯро дар фурудгоҳ гусел кунад ва яке аз маҳрамони дигараш ӯро пешвоз гирад, агар фарзкардем, вале дар дохили ҳавопаймо дар бараш кӣ хоҳад нишаст? Ва агар дар вақти парвоз мушкилие пайдо шавад ва ҳавопаймо ба ночори дар фурудгоҳи дигар ба замин нишинад ва ё парвоз аз вақти муайян шуда дер кунад, онгоҳ ҳоли зан чи хоҳад шуд? Чунин мавридҳо бисёр рух додааст. Ва маҳрам бояд дорои чаҳор хусусият бошад, ин ки мусалмон бошад, болиғ, оқил ва мард бошад. Чуноне, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

عن أبي سعيد الخدري قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: "لا يحل لامرأة تؤمن بالله واليوم الآخر أن تسافر سفرا يكون ثلاثة أيام فصاعدا إلا ومعها أبوها أو ابنها أو زوجها أو أخوها أو ذو محرم منها". رواه مسلم 2/977.

Абусаъиди ал-Худрӣ (р.з) гуфт: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: “Ҷоиз нест барои зане, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардааст, сафар кунад, сафаре, ки аз се рӯз зиёд бошад магар ин ки бо ҳамроҳаш падари ӯ ё писараш ё шавҳараш ё бародараш ва ё маҳраме бояд ӯро ҳамроҳи кунад". Ривояти Муслим 2/977.

Қасдан нигоҳ кардан ба зани бегона

Худованди мутаъол мефармояд:

﴿قُل لِّلۡمُؤۡمِنِينَ يَغُضُّواْ مِنۡ أَبۡصَٰرِهِمۡ وَيَحۡفَظُواْ فُرُوجَهُمۡۚ ذَٰلِكَ أَزۡكَىٰ لَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرُۢ بِمَا يَصۡنَعُونَ ٣٠﴾ [النور : ٣٠]

«Ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худ (аз нигоҳ кардан ба номаҳрам) бипушанд ва шармгоҳи худ нигаҳ доранд. Ин барояшон покизатар аст. Зеро Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст!».

Сураи Нур, ояти 30

Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"...فزنا العين النظر..." (أي إلى ما حرم الله) رواه البخاري انظر فتح الباري 11/26.

“Зинои чашм нигоҳ кардан (ба чизҳое аст, ки Худованд нигоҳ кардан ба онро ҳаром гардонидааст) аст". Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳ ал-Борӣ 11/26.

Аз ин ҳукм баъзе ҳолатҳое, ки дар он зарурати шаръист истисно аст, монанди нигоҳ кардани марди хостгор ба духтари махтубааш.

Нигоҳ кардани зан ба марди бегона низ ҳаром аст, Худованди мутаъол мефармояд:

﴿وَقُل لِّلۡمُؤۡمِنَٰتِ يَغۡضُضۡنَ مِنۡ أَبۡصَٰرِهِنَّ وَيَحۡفَظۡنَ فُرُوجَهُنَّ ٣١﴾ [النور : ٣١]

«Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худ бипушанд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд».

Сураи Нур, ояти 31

Ва ҳамчунин нигоҳи бад ба писарони бериш ва зебо низ ҳаром аст, ва ҳамчунин барои мард ҷоиз нест, ки ба аврати марди дигар нигоҳ кунад, ва барои зан низ ҷоиз нест, ки ба аврати зани дигар нигоҳ кунад. Ва ҳар аврате, ки ба он нигоҳ кардан ҷоиз набошад ламс ва қапидани он ва агар чи ба парда ва ё порчае ҳам бошад низ ҷоиз нест. Баъзе аз мардум акс ва филмҳои фоҳишаро ба баҳонаи ин, ки инҳо ҳақиқи нестанд тамошо мекунанд, ки албатта онҳо гирифтори фиреби шайтон шудаанд, зеро, ки барангехтани шаҳват ва ҳаяҷони хоҳишоти ҷинси дар ингуна чизҳо як кори возеҳ ва ошкор аст.

Даҳюсӣ

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"ثلاثة قد حرم الله عليهم الجنة: مدمن الخمر والعاق والديوث الذي يقر في أهله الخبث". رواه الإمام أحمد 2/69 وهو في صحيح الجامع 3047.

“Худованд биҳиштро бар се нафар ҳаром гардонидааст, Шаробхӯр, нофармонӣ волидайн (Оқи падару модар) ва дайюсе (беғайрат), ки фасод ва палидиҳоро ба хонаи худаш роҳ медиҳад". Ривояти имом Аҳмад 2/69, Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 3047.

Яке аз нишона ва аломатҳои беғайративу даҳюсӣ ва беномусӣ дар асри мо ин аст, ки мард аз ҳамсар ва духтараш, ки бо мардони бегона тамос мегирад ва суҳбату ишқбозӣ мекунад, чашмашро бипушад ва ё ин ки рози бошад, ки яке аз занони хонавода бо марди бегона хилват кунад ва танҳо бимонад, ва ҳамчунин иҷозат додан ба зан, ки танҳои бо ронандаи бегона ҷое биравад, ва ё ин ки рози бошад, ки беҳиҷоб аз хона берун биравад ва ҳар шахс ононро бибинад ва ё ин ки филмҳо ва моҳномаҳое, ки фасод ва фаҳшоро нашр мекунад ба хона роҳ диҳад.

Нисбат надодани кудак ба падари аслиаш ва инкор кардани фарзанд

Аз нигоҳи шариати исломӣ ҷоиз нест, ки мусалмоне худро ба шахсе ғайри падари худ ва ё қавми дигар нисбат диҳад. Бархе аз мардум барои мақсадҳои модди дар шиносномаҳо ва варақҳои расми барои худ насаби дуруғин навишта мекунанд ва бархе дигар ба хотири кина ва норозиги аз падар, ки дар кудаки ӯро нигоҳ накардааст ба чунин коре даст мезананд, ҳамаи ин ҳолатҳо ҳаром аст.

Ва чунин кор фасодҳои бузург ва гуногуне дорад, монанди масъалаи маҳрамият, никоҳ, мирос ва ғайри инҳоро дар пай дорад. Дар Саҳеҳ Бухорӣ аз Саъд ва АбиБакра (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"من ادعى إلى غير أبيه وهو يعلم فالجنة عليه حرام". رواه البخاري انظر فتح الباري 8/45.

“Ҳар касе, ки дониста худро ба шахсе ғайри падараш нисбат диҳад, биҳишт бар ӯ ҳаром аст". Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳ ал-Борӣ 8/45.

Дар шариати исломӣ ҳар коре, ки наслро бози бигирад ва ё сабаб дар тағйири он бигардад, он кор ҳаром ва ноҷоиз аст, Баъзе мардоне ҳастанд, ки ҳаргоҳе миёни онон ва ҳамсаронашон ҷанҷол ва ё ихтилофе пайдо шавад ҳамсарони худро ба беиффати муттаҳам мекунанд, ва бидуни ягон далел ва бурҳоне нисбати фарзанди худашро, ки дар ҳамон бистар ба дунё омадааст, аз худ дур ва рад мекунад. Ва гоҳе баъзе аз занон низ хиёнат мекунанд ва аз роҳи ғайри исломи бордор мегарданд ва дар насаби шавҳарони худ фардеро дохил мекунанд, ки аз ӯ нест, Дар ин бораи ваъдаи азоби сахте омадааст, аз Абу Ҳурайра (р.з) ривот шуда, ки ҳангоме, ки ояти мулоъана (лаънат кардани якдигар) нозил гашт, аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидааст, ки фармуданд:

"أيما امرأة أدخلت على قوم من ليس منهم فليست من الله في شيء ولن يدخلها الله جنته وأيما رجل جحد ولده وهو ينظر إليه احتجب الله منه وفضحه على رؤوس الأولين والآخرين". رواه أبو داود 2/695 انظر مشكاة المصابيح 3316.

“Ҳар зане, ки (бо роҳи ҳаром) фардеро (кудакеро) дар як қавме дохил кунад, ки аз онон набошад, он зан назди Худованд ҳеҷ арзише надорад ва ҳаргиз ӯро ба биҳишт ворид нахоҳад кард. Ва ҳар марде, ки насаби писарашро аз худ инкор кунад ва дар ҳолате, ӯ бар писараш менигарад, Худованд худро аз ӯ ба ҳиҷобе дур мекунад ва ӯро дар байни инсонҳои аввалин ва охирин расво мекунад". Ривояти Абу Довуд 2/695, нигар Мишкот ал-Масобеҳ 3316.

Рибо (судхури) хурдан

Худованди мутаъол дар Қуръони карим ғайр аз рибохурон бо ҳеҷ гунаҳгоре эълони ҷанг накардааст, Худованд мкфармояд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَذَرُواْ مَا بَقِيَ مِنَ ٱلرِّبَوٰٓاْ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ٢٧٨ فَإِن لَّمۡ تَفۡعَلُواْ فَأۡذَنُواْ بِحَرۡبٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۖ ٢٧٩﴾ [البقرة: ٢٧٨، ٢٧٩]

«Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва агар имон овардаед, аз рибо ҳар чӣ боқӣ мондааст, тарк кунед. Ва ҳар гоҳ чунин накунед, пас ҷанг бо Худову расули Ӯро эълом кунед».

Сураи Бақара, оятҳои 278-279

Ин оят барои зиштии ин ҷиноят назди Парвардигор кофист.

Агар ба мардум ва давлатҳо нигоҳ кунем, хоҳем дид, ки рибохури ва муомилаҳои рибодор то чи андоза он мардум ва давлатҳоро ба фалокат ва нобудшави кашонидааст, монанди баршикастагӣ, касод, рукуд ва буҳрони иқтисодӣ, нотавони аз пардохти қарз, боло рафтани нисбати бекорӣ ва баршикаст шудани бисёре аз ширкатҳо ва фирмаҳои ва ғайри инҳо. Тамоми заҳмат ва даромади рӯзона ҳамааш барои пардохти қарз ва рибои бепоён ба кисаи рибодеҳ сарф мешавад.

Ва ин кор сабаби тақсимбандии муҷтамаъ мегардад ва аксари молҳо ва сарватҳои бузург танҳо ба дасти як гуруҳи маҳдуд ва ангушт шумор мемонад. Ва шояд ин худ яке аз суратҳои ҷанг бошад, ки Худованд рибохуронро ба он таҳдид ва ваъдаи ҷазои бад додааст.

Бояд донист, ки тамоми шахсоне, ки барпошудани муомилаи рибо (суд) ҳамкори мекунанд, чи ду тарафи асли ё воситаҳо ва касоне, ки ба ин кор кумак мекунанд, ҳамаги малъун шудаги ҳастанд, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) онҳоро лаънат хондааст, Ҷобир (р.з) мегӯяд: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

لعن رسول الله صلى الله عليه وسلم: "آكل الربا وموكله وكاتبه وشاهديه". وقال: "هم سواء". رواه مسلم 3/1219.

“Худованд рибохӯр, рибодиҳанда, нависанда ва шоҳидони риборо лаънат кардааст". Ва фармуданд: “Ҷурм ва гуноҳи ҳамаи онҳо яксон ва якхел аст". Ривояти Муслим 3/1219.

Бинобарин ҳамкори дар навиштан ва ёддошт намудани рибо, қабул кардан ва ё супоридани рибо, ҳамчун амонат қабул кардан ва онро нигоҳ ва ҳифз кардан низ ҷоиз нест ва ба сурати кулли бояд гуфт: Ҳаргуна ширкат кардан ва ҳамкори кардан дар кори рибо ба ҳар намуде набошад ҳаром ва ноҷоиз мебошад.

Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) зишти ва бадии ин гуноҳи бузургро дар ҳадисе, ки ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р.з) ривоят намуда, ингуна баён намудаанд:

"الربا ثلاثة وسبعون بابا أيسرها مثل أن ينكح الرجل أمه، وإن أربى الربا عرض الرجل المسلم". رواه الحاكم في المستدرك /37 وهو في صحيح الجامع 3533.

“Рибо 73 дар дорад, сабуктарин ва содатарини он монанди ин аст, ки шахсе бо модараш зино кунад, ва бадтарин навъи рибо беобуру ва шарманда кардани мусалмон аст". Ривояти Ҳоким дар ал-Мустадрак 2/37, ва Саҳеҳи ал-Ҷомеъ 3533. Ва дар ҳадисе, ки Абдуллоҳ ибни Ҳанзала (р.з) ривоят намуда ингуна фармудаанд:

"درهم ربا يأكله الرجل وهو يعلم أشد من ستة وثلاثين زنية". رواه الإمام أحمد 5/225 انظر صحيح الجامع 3375.

“Як дирҳам рибое, ки шахсе дониста онро бихӯрад аз 36 зино сахтар ва сангинтар аст". Ривояти имом Аҳмад 5/225, Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 3375

Рибо барои ҳамаи мардум ва дар ҳама ҳолатҳо ҳаром аст, Ва онгуна нест, ки бархе гумон мекунанд рибо фақат дар сурате ҳаром аст, ки яке аз ин нафарон (рибохурон) сарватманд ва дигаре фақир ва камбағал бошад. Ва чиқадар сарватмандон ва тоҷирони машҳур ва маъруфе буданд, ки ба сабаби рибо баршикаст ва фақир гаштанд ва воқеият ин масъаларо комилан таъйид мекунад, ва камтарин зараре, ки дар он вуҷуд дорад ин аст, ки баракати мол аз байн меравад агар чи аз лиҳози адад ва миқдор зиёд бошад. Ҳазрати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"الربا وإن كثر فإن عاقبته تصير إلى قل". رواه الحاكم 2/37 وهو في صحيح الجامع 3542

“Моли рибо ҳар чи қадар ки зиёд шавад, албатта оқибати ӯ ба ками анҷом мегардад". Риҷояти Ҳоким 2/37, Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 3542.

Ҳаром будани Рибо нафақат бахотири фоидаи зиёдаш аст, балки ҳар фоидае набошад чи зиёд бошад ё кам он аз ҷумлаи рибост ва ҳаром шуморида мешавад ва соҳиби он дар рӯзи қиёмат ҳаммонанди касе, ки аз қабр бар мехезад ва шайтон ӯро масс карда бошад.

Бо вуҷуди ин ки рибо ҷурм ва гуноҳи сахте аст, аммо боз ҳам Худованд дарвозаи тавбаро барои рибохурон боз гузошта ва чигунагии он тавбаро баён намудааст, Чуноне, ки Худованд мефармояд:

﴿وَإِن تُبۡتُمۡ فَلَكُمۡ رُءُوسُ أَمۡوَٰلِكُمۡ لَا تَظۡلِمُونَ وَلَا تُظۡلَمُونَ ٢٧٩﴾ [البقرة: ٢٧٩]

«Ва агар тавба кунед, асли сармоя аз они шумост. Дар ин ҳол на ситам кардаед ва на тан ба ситам додаед!».

Сураи Бақара, ояти 279

Ва ин асли адолат аст.

Муъминон бояд аз сидқи дил аз ин гуноҳи кабира нафрат ва бадии онро дар зеҳн дошта бошанд, ҳатто шахсоне, ки ба сабаби зарури ва тарс аз дузди ва нобудшавии сармояашон молҳои худашонро дар бонкҳои рибои мегузоранд, бояд ба қасди зарури ва ночори ба ин кор даст бизананд ва ин эҳсосро дошта бошанд, ки онон монанди касоне ҳастанд, ки ба ночори мурдаи ҳайвонеро мехуранд, ва ҳатто аз ин бадтаранд ва бояд талаби мағфират кунанд ва барои ёфтани ҳалли дигар ва беҳтаре кушиш ва талош намоянд.

Ва ҳарниз набояд аз банк қарз талаб кунанд, балки агар фоидае (фоидае, ки аз рибо бошад) ба суратҳисобашон ворид гашт бояд ба ҳар роҳи мумкин ва ба қасди раҳои аз бадии он ба қасди садақа онро сарф намуда ва худро аз он наҷот диҳанд. Зеро Худованд пок аст ва танҳо покизагиро мепазирад, ва ҳеҷ ваҷҳ истифода аз он дар мавридҳои зерин: Хурок, пушок, ҷои зист, масруфоти ҳамсар, фарзандон, падару модар, пардохти закот, пардохти зариба (патент) ва ғайри инҳо дуруст ва ҷоиз нест, балки фақат бахотири тарс аз азоби Парвардигор бояд он молро сарф кунад ва худро наҷот диҳад.

Пинҳон намудани айбҳои мол (молҳое, ки барои хариду фуруш аст) дар вақти хариду фуруш

Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз назди гандумфуруше гузаштанд, вақто ки дасташро дар он (гандумҳо) фуру бурданд, эҳсос намуданд, ки гандумҳои поён тар ҳастанд ва сипас ба фурушанда гуфтанд: “Ин чист? Гуфт: Эй Расули Худо ба сабаби борон тар шудаанд, (Расули Худо) фармуданд: Пас чаро гандумҳои тарро дар боло нагузоштӣ то мардум онро бубинанд? Ва фармуданд: “Ҳар касе фиребкори кунад аз мо нест". Ривояти Муслим 1/99

Бисёре аз дукондорон ва фурушандагоне, ки аз Худованд наметарсанд бо роҳҳои гуногуне кушиш мекунанд, ки айбҳои борҳои худро аз харидорон пинҳон намоянд, монанди инки ҷои айбро бо часп мепушонанд ва ё чизҳои айбдор ва вайроншударо дар зери қутти пинҳон мекунанд, ва ё инки барои ҷилва додани он аз моддаҳои кимиёи истифода мекунанд, ва ё ин ки садои айбе, ки дар мошин аст муваққатан ислоҳ мекунад ва пас аз ин ки харидор молро ба хонааш бурд, пас аз чанд рӯзе он вайрон мешавад, Ва баъзеҳо таърихи салоҳияти молро тағир медиҳанд.

Ва ё ин ки харидорро аз санҷиши комил ва таҷрибаи мол манъ мекунад, ва бисёри фурушгоҳҳое, ки мошин ва чизҳои электронӣ мефурушанд, айби онро пинҳон медоранд, ин кор ҳаром ва ноҷоиз аст. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"المسلم أخو المسلم ولا يحل لمسلم باع من أخيه بيعا فيه عيب إلا بينه له". رواه ابن ماجة 2/754 وهو في صحيح الجامع 6705.

“Мусалмон бародари мусалмон аст, ва барои ҳеҷ мусалмоне, ки чизеро ба бародараш мефурушад ҷоиз нест, ки айби он чизро пинҳон намояд, балки бояд онро баён намояд". Ривояти ибни Моҷаҳ 2/754, Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 6705.

Бисёре аз фурушандагон дар музоядаи ошкор ингуна мегуянд: “Ман ҳарами оҳанро мефурушам" ва ё “ин оҳанпораҳои ба ҳам пайваст шударо мефурушам" ва гумон мекунанд, ки бо гуфтани ин ҷумла ба харидор дигар масъулияте бар ӯ намебошад, дар чунин муомила ва хариду фуруш ҳеҷ баракате нахоҳад буд, онгуна, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"البيعان بالخيار ما لم يتفرقا فإن صدقا وبينا بورك لهما في بيعهما وإن كذبا وكتما محقت بركة بيعهما". رواه البخاري أنظر الفتح 4/328.

“То ҳангомн, ки фурушанда ва харидор аз ҳам ҷудо нашудаанд, ихтиёри комил ва пурра доранд (дар идома додани ин муомила ва ё қатъ кардани он), агар ба ҳамдигар рост бигуянд ва айбҳои молро баён намоянд дар муомилаи онон баракат дода мешавад ва агар дуруғ бигуянд, ва пинҳонкори кунанд баракати муомилаи онҳо аз байн меравад". Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 4/328.

Байъи (хариду фуруши) Наҷаш

Байъи наҷаш ин аст, ки шахсе қасди хариди молеро надорад ва фақат ба хотири фиреб додани харидор ва шахси сеюми, ки мехоҳад ин молро бихарад, ба фурушанда вонамуд мекунад, ки омодааст ин молро бо қимати бештар аз ин бихарад ва дар натиҷа харидори воқеъи маҷбур мешавад, ки барои харидани он мол қимати он молро зиёд кунад, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"لا تناجشوا" رواه البخاري انظر فتح الباري 10/484، وهذا نوع من الخداع ولا شك وقد قال عليه الصلاة والسلام " المكر والخديعة في النار". انظر سلسلة الأحاديث الصحيحة 1057.

“Наҷаш (Сабабгори зиёд кардани қимати моле нашавед, ки хоҳиши харидани онро надоред) накунед". Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳул Борӣ 10/484. Бешак ингуна муомила як навъе аз фиребкорист ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: “Макру фиреб дар ҷаҳаннам аст". Нигар Силсилаи Аҳодиси Саҳеҳа 1057.

Бисёри аз даллолон ва миёнаравоне, ки дар бозорҳои мошин, музояда ва намоишгоҳҳои мошинҳо кор мекунанд, касби онҳо палид ва нопок аст, зеро дар ин кор ба ҳаромҳои зиёд ва бешуморе даст мезананд, монанди ин ки бархе аз онон пешаки ҳамоҳанг карда ва фақат ба хотири зиёд кардани нархи мошин харидори воқеиро фиреб медиҳанд, нақши дигар харидорро бози карда ва барои хариди мошин ба қимати гарон харидани он омодагии худро нишон медиҳад.

Ва бо ин роҳ харидоре, ки нав вориди бозор шудааст фиреб медиҳанд, ва ё ин ки барои фиребдодани фурушандае, ки барои фурухтани мошини худ ба онон муроҷиат карда ҳамаги бо ҳамоҳанги пешаки мошини он шахсро хеле камтар аз нархи воқеиаш қиматгузори мекунанд, аммо агар бихоҳанд мошини худро ва ё моли яке аз худашонро бифурушанд комилан фарқ ва баракс амал мекунанд, худро ба номи харидор ҷо мекунад ва дар музоядаҳо қиматро боло мебаранд ва бандагони Худоро фиреб медиҳанд, ва ба онҳо зарар мерасонанд.

Хариду фуруш баъди азони дуюм дар рӯзи Ҷумъа

Худованди мутаъол мефармояд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوۡمِ ٱلۡجُمُعَةِ فَٱسۡعَوۡاْ إِلَىٰ ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَذَرُواْ ٱلۡبَيۡعَۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٩﴾ [الجمعة: ٩]

«Эй касоне, ки имон овардаед, чун азони намози рӯзи ҷумъа дода шавад, ба ибодат ва ёди Худованд бишитобед ва хариду фурушро тарк кунед,. Агар доно бошед, ин кор (чизе, ки ба иҷрои он дастур дода мешавед? тарки хариду фуруш баъди азон) бароятон беҳтар аст».

Сураи Ҷумъа, ояти 9

Баъзе аз фурушандагон пас аз азони дуюми намози ҷумъа дар мағозаҳои худ ва ё назди масҷид ба хариду фуруши худ идома медиҳанд ва бояд донист шахсоне, ки дар он ҳангом аз онҳо ва агарчи мисвоке ҳам харид мекунанд, дар гуноҳ шариканд ва бино ба қавли роҷиҳ он муомила ботил аст, ва бисёри аз соҳибони ошхонаҳо, нонпазхонаҳо ва заводҳо ҳатто дар ҳангоми намози ҷумъа коргарони хешро ба коркуни маҷбур мекунанд, ингуна шахсҳо агар чи зиён кардаанд ва коргар низ дар чунин мавридҳо бояд бар асоси ҳадиси Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амал кунад, чуноне, ки фармудаанд:

"لا طاعة لبشر في معصية الله". رواه الإمام أحمد 1/129 وقال أحمد شاكر إسناده صحيح رقم 1065.

“Дар маъсият ва нофармонии Худованд набояд аз шахсе итоат кард". Ривояти имом Аҳмад 1/129, ва Аҳмад Шокир гуфтааст санади ин ҳадис саҳеҳ аст, 1065.

Қиморбозӣ

Худованди мутаъол мефармояд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡخَمۡرُ وَٱلۡمَيۡسِرُ وَٱلۡأَنصَابُ وَٱلۡأَزۡلَٰمُ رِجۡسٞ مِّنۡ عَمَلِ ٱلشَّيۡطَٰنِ فَٱجۡتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ٩٠﴾ [المائدة: ٩٠]

«Эй касоне, ки имон овардаед, шароб ва қимор ва бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо палидӣ, аз кори шайтон аст, аз он парҳез кунед то наҷот ёбед!».

Сураи Моида, ояти 90

Мардуми даврони ҷоҳилият қиморбозӣ мекарданд, ва яке аз машҳуртарини он ин буд, ки даҳ нафар ба таври баробар дар харидани шутуре шарик мешуданд, ва гушти онро ба ҳафт гуруҳи якхела тақсим мекарданд, ва сипас қуръакаши мекарданд ба ҳафт нафари аз онон барои ҳар як нафар саҳм мерасид ва се нафари дигар аз гирифтани гушт маҳрум мегаштанд.

Аммо дар ин замона қиморбозӣ бо роҳҳои гуногун ва дигаргунае дорад:

Монанди ончи имрӯза ба номи варақҳои ширкат кардан машҳур аст, ки сурат ва роҳҳои гуногуне дорад, ва маъруфтарини он ин аст, ки шахсе рақамеро мехарад ва бо он дар қуръакаши ширкат мекунад, ва дар қуръакаши ба шахси якум, дуввум ва сеюм, ки дар қуръакаши мебарояд ҷоизаҳо ва ё пулҳои гуногун медиҳанд, ин кор ҳаром аст, агар чи бархе ба гумони худ онро кумакҳои хайрия меноманд.

- Ва ё инки харидоре як моле ё чизеро мехарад, ки дар дохили он чизи маҷҳул ва номаълум гузоштаанд, ва ё ин ки ҳангоми харид кардани мол ба харидор рақамеро медиҳанд, ки дар қуръакаши ширкат мекунад, ва ба шахсоне, ки дар қуръакаши баранда мешаванд ҷоиза дода мешавад.

- Ва яке аз суратҳои қимор дар ин замона бима ва суғуртаи тиҷори мебошад, монанди суғуртаи умр, суғуртаи мошин, молҳо, суғуртаи сухтор, ва суғуртаи комил ва зидди дигар ва монанди инҳо, ҳатто бархе аз хонандагон овозӣ худро низ суғурта мекунад.

Маънои майсир тамоми навъҳои қиморро дар бар мегирад, дар ин замон залҳои хоссе барои билярди қимор сохта шудааст, ки дар он мизҳои сабзи махсус барои билярди таҳия ва сохта шудааст, ва ҳамчунин молҳое, ки дар мусобиқаҳои футбол ва монанди инҳо ба замонат гузошта мешавад низ аз ҷумлаи майсир ҳисоб мешаванд. Ва дар бисёре аз боғҳо ва ҷойҳои фароғати бозиҳои гуногуне ривоҷ дорад, ки дорои майсир ҳастанд монанди “Филибрез".

Ва низ аз ҷумлаи қимор мусобиқаҳое мебошанд, ки ҷоиза ва туҳфаҳо аз ду тараф гузошта шуда бошад, чигунае ки гуруҳе аз олимон дар ин бора баён кардаанд.

Дуздӣ

Худованди мутаъол мефармояд:

﴿وَٱلسَّارِقُ وَٱلسَّارِقَةُ فَٱقۡطَعُوٓاْ أَيۡدِيَهُمَا جَزَآءَۢ بِمَا كَسَبَا نَكَٰلٗا مِّنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ٣٨﴾ [المائدة: ٣٨]

«Ва дастони марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои коре, ки кардаанд, бибуред. Ин уқубатест аз ҷониби Худо, ки Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!».

Сураи Моида, ояти 38

Дузди аз ҳоҷиён ва умракунандагони хонаи Худованд бадтарин навъи дуздӣ аст, дуздоне, ки дар он макони пок ва муқаддас ба ин кор даст мезананд ба ҳудуд ва муқаддасоти Илоҳи ҳеҷ аҳамияте қоил нестанд. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар достони намози Кусуф (гирифтани офтоб) фармуданд:

"لقد جئ بالنار وذلكم حين رأيتموني تأخرت مخافة أن يصيبني من لفحها، وحتى رأيت فيها صاحب المحجن يجر قصبه [أمعاءه] في النار، كان يسرق الحاج بمحجنه [عصا معقوفة الطرف] فإن فطن له قال: إنما تعلق بمحجني، وإن غفل عنه ذهب به ..". رواه مسلم رقم 904.

“Ҳангоме, ки ман андаке ба ақиб баргаштам, оташи ҷаҳаннамро ба пеши рӯям оварданд ва аз тарси инки мабодо шуълаҳояш ба ман бирасад андаке ба ақиб баргаштам, дар он лаҳза шахсеро, ки ба асо (тиёқ) дузди мекард дар оташ дидам, ки рудаҳояш берун омада буд, он шахс бо асои худ, ки яке аз тарафаш қуллобмонанд буд, чизҳои ҳоҷиёнро медуздид, агар ҳоҷи аз дуздиаш огоҳ мешуд, мегуфт, ин чиз ба тиёқи ман часпидааст, ва агар огоҳ намешуд он чизро бо худ мебурд". Ривояти Муслим, рақами 904

Дузди кардан аз молҳои умуми ва сарватҳои давлати бадтарини дуздиҳост, ва баъзе касоне, ки ба ин кори бад даст мезананд, мегӯянд: Дигарон медузданд мо ҳам медуздем, ва фаромуш мекунанд, ки ин дузди гуё моли тамоми мусалмононро дуздида аст, зеро ки молҳои умуми ва давлати аз они ҳамаи мусулмонон аст, ва ин ки дигарон дузди мекунанд далел ва ҳуҷҷате барои дузди кардан нест. Ва бархе дигаре молҳои ғайри мусулмононро ба далели ин ки онҳо кофир ҳастанд, медузданд ва ин кор ҷоиз нест ва он кофироне ки гирифтани молҳояшон ҷоиз аст, касоне ҳастанд, ки бо мусалмонон меҷанганд на тамоми ширкатҳои кофирон ва ё мардуми кофир.

Бархе дигаре ба баҳонаи меҳмони ба хонаҳои мардум мераванд ва дузди мекунанд ва бархе дигар аз сумкаҳои меҳмонон дузди мекунанд ва бархе ба фурушгоҳҳо мераванд ва чизҳоеро дар киса ва либосаш пинҳон мекунанд ва баъзе аз мардум дуздидани чизҳои арзон ва ночизро кори содда ва сабук меҳисобад, дар ҳолате, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"لعن الله السارق يسرق البيضة فتقطع يده ويسرق الحبل فتقطع يده". رواه البخاري انظر فتح الباري 12/81.

“Лаънат кунад Худованд дуздеро, ки бо дуздидани тухм ва ё ресмоне (беарзиш) дасташ бурида мешавад". Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳ ал-Борӣ 12/18.

Ҳар касе ки чизеро дузди кардааст, бояд тавба кунад ва сипас он чизро ба ҳар роҳе, ки мумкин бошад ба соҳибаш бозгардонад, ошкоро ва ё пинҳони ё худаш ё ба воситаи дигар кас он чизро ба соҳибаш баргардонад ва агар бо талоши бисёр соҳиби аслии он чизро ва ё ворисони ӯро пайдо накард онро дар роҳи Худо садақа кунад ва савоби онро барои соҳибаш ният кунад.

Ришва додан ва ришва хурдан

Ришва додан барои ботил кардани ҳақ ва ё ҳақ баровардани ботил ба қозӣ ва ё доваре, ки миёни мардум довари мекунад, ҷинояте аст, ки ба ноадлона қазоват кардан ва зулму ситам бар соҳиби ҳақ ва пашн кардани фасод мешавад. Худованди мутаъол мефармояд:

﴿وَلَا تَأۡكُلُوٓاْ أَمۡوَٰلَكُم بَيۡنَكُم بِٱلۡبَٰطِلِ وَتُدۡلُواْ بِهَآ إِلَى ٱلۡحُكَّامِ لِتَأۡكُلُواْ فَرِيقٗا مِّنۡ أَمۡوَٰلِ ٱلنَّاسِ بِٱلۡإِثۡمِ وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ١٨٨﴾ [البقرة: ١٨٨]

«Молҳоятонро дар байни худ ба ноҳақ махӯред ва ба ришва додан онро ба ҳокимон пешкаш макунед то бад-он сабаб молҳои гурӯҳе дигарро ба ноҳақ бихӯред ва шумо аз он бохабаред».

Сураи Бақара, ояти 188

Абуҳурайра (р.з) аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ингуна ривоят намудааст:

"لعن الله الراشي والمرتشي في الحكم". رواه الإمام أحمد 2/387 وهو في صحيح الجامع 5069

“Худованд ришва диҳанда ва ришва гирандаро лаънат кунад". Ривояти имом Аҳмад 2/387 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 5069. Аммо ришвае, ки барои ҳақро ба даст овардан ва дуркардани зулме бошад, ки ягон роҳи дигаре надошта бошад, дар ин ваъдаи азоб дохил нест.

Мутаассифона дар ҷаҳони имрӯза ришвахӯрӣ ба ҳадде ривоҷ ва паҳн шудааст, ба гунае, ки даромаде, ки аз ин роҳ ба ҳисоби баъзе кормандон ворид мегардад ба маротибҳо аз ҳуқуқи қонуни ва даромади моҳонаи онҳо бештар аст, ҳатто ришва хӯри бо номҳои ғилофпеч яке аз манбаъҳои даромади махфи ва дуруғии бисёре аз ширкатҳо гаштааст ва бисёри аз муомилаҳо ва хариду фуруш бе додан ва ё гирифтани ришва барпо намегардад ва дар чунин ҳолат бисёри камбағалон ва фақирон зарар мебинанд.

Ришва сабаби аз байн рафтани бисёре аз паймонҳо ва ваъдаҳо шудааст ва инчунин сабаби фасод ва зарари бисёре аз коргарон гаштааст ва дар хидматҳои умуми низ хизматҳои тез ва хуб барои шахсоне анҷом мегардад, ки ришва мепардозанд, аммо ба онҳое ки ришва намедиҳанд таваҷҷуҳе намекунанд ва бояд то муддати тулони дар навбат бимонанд, дар ҳолате ки ришвадиҳандагони баъд аз ӯ омадаанд муддатҳост, ки корҳои худро тамом кардаанд. Ва ба сабаби ришва бисёре аз молҳое, ки ҳаққи соҳиби корхона ва корфармон буд дар ҷайб ва кисаи намояндагон ва даллолҳо ворид мешавад, ва аз ин сабаб аст, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар ҳарду тараф (ришва деҳ ва ришва гиранда) дуои бад фармуда, ки Худованд ононро аз раҳмати хеш рондааст. Абдуллоҳ ибни Амр (р.з) мегӯяд: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"لعنة الله على الراشي والمرتشي". رواه ابن ماجة 2313 وهو في صحيح الجامع 5114.

“Лаънати Худованд бар ришва диҳанда ва ришва гиранда бод", Ривояти ибни Моҷа 2313, ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 5114.

Гирифтани замин маҷбуран (Ғасб)

Ҳаргоҳ, ки тарси Худо аз дил дур шавад, онгоҳ қудрат ва тавоноии соҳибаш пайдо мешавад ва онро дар ситам ва зури бар дигарон сарф мекунад, монанди соҳиб шудан ва гирифтани моли мардум, ки яке аз мавридҳои ғасб ҳисоб мешавад, ва ҷазои он аз назари дини ислом бисёр сахт аст. Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) ривоят намудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"من أخذ من الأرض شيئا بغير حقه خسف به يوم القيامة إلى سبع أرضين". رواه البخاري انظر الفتح 5/103.

“Ҳар касе қитъае аз заминро бидуни ҳақ ғасб (маҷбуран гирад) кунад, рӯзи қиёмат дар ҳафт табақаи замин фуру бурда хоҳад шуд". Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 5\103.

Аз Яъло ибни Мурра (р.з) ривоят шуда, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

وعن يعلى بن مرة رضي الله عنه مرفوعا: "أيما رجل ظلم شبرا من الأرض كلفه الله أن يحفره (في الطبراني: يحضره) حتى آخر سبع أرضين ثم يطوقه يوم القيامة حتى يقضى بين الناس". رواه الطبراني في الكبير 22/270 وهو في صحيح الجامع 2719.

“Ҳар касе, ки ҳатто як шибр (ваҷаб) заминро ғасб кунад, Худованд ӯро вазифадор месозад, ки онро то табақаи ҳафтум чуқури биканад (бино бо ривояти Табаронӣ онро ҳозир кунад) ва Худованд рӯзи қиёмат он заминро ба гардани он шахс тавқ (овезон) мекунад, то инки миёни мардум ҳукм карда шавад". Ривояти Табаронӣ дар ал-Кабир 22/270, Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 2719.

Касе, ки нишонаҳо ва аломатҳои заминро тағйир медиҳад ва замини худро кушодтар мегардонад, низ дар ин ваъдаи азоб ва гуноҳ дохил мешавад. Ва ин масъала дар ин ҳадис ишора шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармоянд:

"لعن الله من غير منار الأرض". رواه مسلم بشرح النووي 13/141.

“Худованд лаънат кунад касеро, ки нишонаҳои заминро тағйир диҳад". Ривояти Муслим дар Шарҳи ан-Нававӣ 13/141

Қабул кардани туҳфа барои супориш додан

Доштани мақом ва манзилат дар миёни мардум аз неъматҳои Худованд аст ва касеро, ки Худованд ин неъматро ба ӯ иноят фармудааст бояд шукри онро ба ҷо оварад, ва яке аз суратҳои шукри ин неъмат ин аст, ки мақом ва манзилати хешро дар нафъ ва фоида мусалмонон истифода барад. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"من استطاع منكم أن ينفع أخاه فليفعل". رواه مسلم 4/1726.

“Ҳар касе, ки битавонад ба бародараш нафъ ва кумак бирасонад, пас ҳатман ин корро биқунад". Ривояти Муслим 4/1726.

Ҳар касе бо мақому ҷойгоҳи худ ба бародари мусалмонаш фоида ва нафъе бирасонад, ва бидуни ин ки ба кори ҳароме даст бизанад ва ё ба касе дигар зулм кунад, аз ӯ ситамро дур кунад ва ё барояш хайр ва фоидае бирасонад ва агар нияташ хайр ва холисона бошад ӯ соҳиби аҷру подош хоҳад шуд, ҳамонгуна, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"اشفعوا تؤجروا". رواه أبو داود 5132 والحديث في الصحيحين فتح الباري 10/450 كتاب الأدب باب تعاون المؤمنين بعضهم بعضا.

“Шафоат кунед (ҳамдигарро) аҷру подош дода хоҳед шуд". Ривояти Абудовуд 5132, ва ин ҳадис дар Саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим мебошад, Фатҳ ал-Борӣ 10/450.

Барои ҳеҷ касе ҷоиз нест, ки дар муқобили миёнарави ва шафоат кардан аз касе туҳфа ва ё муқобили модди қабул кунад, зеро Абуумома (р.з) ривоят намуда, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"من شفع لأحد شفاعة، فأهدى له هدية (عليها) فقبلها (منه) فقد أتى بابا عظيما من أبواب الربا ". رواه الإمام أحمد 5/261 وهو في صحيح الجامع 6292.

“Ҳар касе барои ягон шахсе шафоат кард ва он шахс дар муқобил ба ӯ ҳадя дод, агар шафоаткунанда онро қабул кунад (аз ӯ), ба яке аз дарҳои бузурги рибо даст задааст". Ривояти имом Аҳмад 5/261 ва ин дар Саҳеҳи ал-Ҷомеъ 6292 мебошад.

Бисёре аз мардум кореро, ки ба воситаи шахсият ва мақоми хеш анҷом медиҳанд дар муқобилаш мол ва пул мегиранд, монанди ба кор даровардани шахсе дар ягон вазифа ва ё аз як кор ба кори дигар гузаронидани шахсе дар идораҳо ва ё аз як минтақа ба дигар ва ё ин ки дар табобати касалие ва монанди ин корҳо, шарт мегузорад, ки бояд ба ӯ маблағе дода шавад. Ҳамонгуна, ки аз ҳадиси Абуумома (р.з) фаҳмида мешавад, моле, ки аз ингуна корҳо ба даст меояд, ҳаром аст, агарчи ин мол ва маблағ бе ягон қарордод ва иттифоқи пешаки ҳам гирифта шавад, ҷоиз нест (ин аз фармудаҳои шайх Абдулазиз ибни Боз мебошад).

Ва барои касе, ки дар ҳаққи шахсе эҳсон ва кори хайр мекунад, подоше ки Худованд дар рӯзи қиёмат ба ӯ хоҳад дод кифояткунанда аст. Марде назди Ҳасан ибни Саҳл омад ва аз ӯ хост то барояш шафоат кунад, Ҳасан ибни Саҳл шафоат намуд ва мушкилии он шахс ҳал шуд. Он мард аз Ҳасан ибин Саҳл ташаккур намуд, Ҳасан ибни Саҳл гуфт: Чаро аз ман ташаккур мекунӣ? Ба назари мо ҳамонгуна, ки мол закот дорад, мақом ва манзилат низ закоте дорад, ки бояд пардохт шавад. (ал-Одоб аш-шаръия, Ибни Муфлиҳ 2/176.)

Лозим ба ёдоварист, ки иҷора кардани шахсе барои пайгири ва анҷом додани коре ҷоиз аст, ки шарту шурути шаръии хосси худро дорад, ва ин масъала бо ин ки шахсе бо манзилат ва мақомаш шафоат мекунад ва муқобили он маблағ мегирад комилан фарқ дорад, ҳолати аввал кори ҷоиз ва равост ва ҳолати дуюм ҳаром ва манъ аст.

Напардохтани ҳаққи коргар

Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои тезтар ва сари вақт пардохтани музди коргар тавсия ва ташвиқ намуда фармудааст:

"أعطوا الأجير أجره قبل أن يجف عرقه". رواه ابن ماجة 2/817 وهو في صحيح الجامع 1493.

“Пеш аз он, ки арақи коргар хушк шавад, муздашро бипардоз". Ривояти Ибни Моҷа 2/817, Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 1493.

Яке аз зулму ситамҳое, ки дар муҷтамаҳои мусалмонҳо вуҷуд дорад напардохтани ҳуқуқи коргарон ва кормадон аст, ки суратҳои мутфовит ва гуногуне дорад монанди:

- Ин ки ҳаққи коргарро ба кулли инкор мекунанд, ва коргари бечора ягон ҳуҷҷат ва далеле надорад ки исбот кунад, бояд донист, ки ҳаққи ин коргар дар дунё гум ва поймол шуд, аммо дар рӯзи қиёмат назди Парвардигор ҳаргиз гум ва фаромуш нахоҳад шуд. Дар он рӯз ситамгор ва золим дар ҳоле, ки ҳаққи ситамдидагонро поймол кардааст, меояд ва дар он рӯз аз некиҳои ситамгар гирифта ва ба ситамдида медиҳанд, ва агар некиҳои ӯ тамом гардад аз бадиҳои мазлум ва ситамдида бардошта ва ба бадиҳои золим гузошта ва ӯ дар оташи ҷаҳаннам партофта мешавад.

- Ин ки бе ягон сабаб аз ҳаққи коргар баъзеашро мегирад ва ҳаққашро комилан намепардозад, дар ҳоле, ки Худованди мутаол меармояд:

﴿وَيۡلٞ لِّلۡمُطَفِّفِينَ ١﴾ [المطففين: ١]

“Вой (бар ҳоли) бар камфурӯшон (Ҳуқуқи мардум)".

Сураи Мутаффифин, ояти 1

Монанди ин ки баъзе аз соҳибкорон дар аввал бо коргарон бар маблағи муайяне қарордод мебанданд, аммо ҳангоме, ки кор шуруъ мешавад қарордодро тағйир медиҳад ва ба коргарон музди камтаре медиҳад ва коргарони бечора наметавонанд ҳаққи хешро исбот кунанд ва бо норозиги ба кор идома медиҳанд ва ба Худованд шикоят мекунанд ва хоссатан агар соҳибкор мусалмон ва коргар ғайри мусалмон бошад, коргари ғайри мусалмон аз ислом аламзада ва дур мешавад ва гуноҳи он бар ҳамон шахси золим аст.

- Ин ки баъзе аз корҳои зиёдати ба он фармоиш медиҳад, ва ё ин ки соатҳои корро зиёд мекунад ва танҳо ҳамон маблағе, ки иттифоқ карда буданд медиҳад ва барои корҳои зиёдатиаш маблағе пардохт намекунад.

- Ин ки бархе дар пардохти музди коргар дерӣ мекунад ва коргари бечора пас аз рафту омад ва муроҷиати бисёр ва шикояту рафтан ба додгоҳ ҳаққашро мегирад, ва бархе аз соҳибкорон бо ин равиш коргарро хаста ва ноумед мегардонанд, то шояд аз талаби ҳаққи худ даст кашад ва бархе дигар он молро истифода бурда аз он фоида ҳосил мекунад ва ин дар ҳоле аст, ки коргари бечора на хуроке барои серкардани шиками худ дорад ва на чизе, ки барои хонаводаи чашм ба роҳ ва ниёзмандаш, ки бахотири он дарбадар гаштааст бифиристад.

Вой бар ҳоли ин мардуми ситамгар, ки азоби дардноке дар интизорашон аст. Абуҳурайра (р.з) ривоят намуда, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"قال الله تعالى: ثلاثة أنا خصمهم يوم القيامة رجل أعطى بي ثم غدر ورجل باع حرا وأكل ثمنه ورجل استأجر أجيرا فاستوفى منه ولم يعطه أجره". رواه البخاري انظر فتح الباري 4/447.

“Худованди мутазол мефармояд: “Се нафаре ҳастанд, ки дар рӯзи қиёмат ман душман ва хасми онон хоҳам буд, марде, ки ба номи ман ваъдае диҳад ва сипас хиёнат кунад, ва марде, ки шахси озодро бифурушад ва пулашро бихурад, ва марде, ки коргарро ба коре фармон бидиҳад ва муздашро надиҳад". Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳ ал-Борӣ 4/447.

Нобаробарӣ дар ато ва бахшиш байни фарзандон

Бархе аз мардум танҳо ба баъзе фарзандони худ ҳадя ва туҳфа медиҳанд, ва ба дигар фарзандон камтар таваҷҷуҳ мекунанд, бино ба қавли роҷиҳ ин кор ҳаром ва ноҷоиз мебошад, магар дар сурате ки ин амал бар асоси маслиҳати шаръи анҷом шуда бошад, монанди ин ки яке аз фарзандон эҳтиёҷе дошта бошад ки дигарон надошта бошанд: монанди ҳолатҳои беморӣ, қарз ва ё ҳамчун ҷоизае барои ҳифз кардани Қуръони карим ва ё ин ки аз фарзандони фарзанд ва оиладор ва ё донишҷу бошад, ва ё ин ки кори муносибе пайдо накарда бошад, ва дигар ҳолатҳо монанди ин, дар чунин ҳолатҳо падар бояд нияташ ин бошад, ки агар яке дигаре аз фарзандонаш ба чунин кумаке ниёз пайдо кунад ӯро низ кумак хоҳад кард, далели кулли ин аст, ки Худованди мутаъол мефармояд:

﴿ٱعۡدِلُواْ هُوَ أَقۡرَبُ لِلتَّقۡوَىٰۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ ٨﴾ [المائدة: ٨]

“Бо адолат рафтор кунед, ки он ба тақво наздик аст".

Сураи Моида, ояти 8

Ва далели хос дар ин маврид ривояте, ки аз Нуъмон ибни Башир (р.з) ривоят шуда, ки мегуяд:

ما جاء عن النعمان بن بشير رضي الله عنهما أن أباه أتى به إلى رسول الله صلى الله عليه وسلم فقال "إني نحلت ابني هذا غلاما (أي وهبته عبدا كان عندي) فقال رسول الله صلى الله عليه وسلم أكل ولدك نحلته مثله؟ فقال لا فقال رسول الله صلى الله عليه وسلم فأرجعه". رواه البخاري انظر الفتح 5/211

Падараш ӯро назди Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бурд ва гуфт (Э Расули Худо) ман ба ин писарам як ғуломе ҳадя кардам. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: “Оё ба ҳамаи писаронат ҳаминхел ҳадя карди?" Пас гуфт: На. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: “Онро баргардон бигир". Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 5/211

Ва дар ривояти дигар фармудаанд:

"فاتقوا الله واعدلوا بين أولادكم" قال فرجع فرد عطيته, الفتح 5/211، وفي رواية "فلا تشهدني إذا فإني لا أشهد على جور". صحيح مسلم 3/1243

“Аз Аллоҳ битарсед ва миёни фарзандонатон адл кунед". Мегуяд ӯ баргашт ва ҳадияашро пас гирифт. Ал-Фатҳ 5/211. Ва дар дигар ривояте фармудааст. “Пас дар ин сурат манро гувоҳ ва шоҳид магир, зеро ман бар зулм гувоҳи намедиҳам". Саҳеҳ Муслим 3/1243.

Сухани имом Аҳмад (р) ин аст, ки дар бахшиш ва ато низ монанди мирос ба писар ду баробари духтар дода шавад. Дар бисёре аз хонаводаҳо падар аз Худо наметарсад ва бархе аз фарзандонашро бештар аз бақия мавриди лутф қарор медиҳад. Ва ба ӯ амволе мебахшад ва ба ингуна дар миёни фарзандони худ душманӣ ва кина эҷод мекунад. Ба хотири ин ки яке аз фарзандонаш ба амакҳояш монанди дорад ба ӯ ҳадяҳое медиҳад аммо он дигареро, ки ба тағоиҳояш бештар монанди дорад маҳрум мегардонад ва чизе намедиҳад.

Ва ё ин ки фарзандони яке аз ҳамсаронашро бештар медиҳад ва ононро дар мактабҳои хос ва шахсӣ сабти ном мекунад, аммо ба фарзандони ҳамсари дигараш чунин таваҷҷуҳе надорад. Ва таъсири бадии ин кори нодурусташ бар худаш бар мегардад, зеро фарзанде ки маҳрум мондаааст дар оянда ба падараш эҳсону хуби намекунад, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба шахсе, ки дар ато ва бахшиш миёни фарзандонаш нобаробари карда буд, фармуданд:

"...أليس يسرك أن يكونوا إليك في البر سواء...". رواه الإمام أحمد 4/269 وهو في صحيح مسلم رقم 1623

“Оё магар дӯст надори, ки фарзандонат ҳама яксон ба ту эҳсон ва хуби кунанд". Ривояти имом Аҳмад 4/269 ва Саҳеҳ Муслим 1623.

Талбидани шахси доранда ва худкифо

عن سهل بن الحنظلة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم "من سأل وعنده ما يغنيه فإنما يستكثر من جمر جهنم قالوا وما الغنى الذي لا تنبغي معه المسألة قال قدر ما يغديه ويعشيه". رواه أبو داود 2/281 وهو في صحيح الجامع 6280

"Саъд ибни Ҳанзала (р.з) мегуяд: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: “Ҳар касе, ки бо вуҷуди ин ки ба миқдори кифоят ва заруриаш чизе дошта бошад ва бозҳам талбадагӣ ва гадоги кунад, бидонад, ки барои худ аз лахчаҳои ҷаҳаннам ҷамъ мекунад, Пурсиданд (Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод))-ро (Э Расули Худо) миқдори дорои ва худкифое, ки бо вуҷуди он талбидан ва гадоги дуруст нест, чи миқдор аст? (Паёмбар) фармуданд: Миқдоре, ки барои наҳорхури ва бегоҳихуриаш кифоят кунад". Ривояти Абудовуд 2/281, ва Саҳеҳ 6280

وعن ابن مسعود رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم "من سأل وله ما يغنيه جاءت يوم القيامة خدوشا أو كدوشا في وجهه". رواه الإمام أحمد 1/388 انظر صحيح الجامع 6255.

Аз ибни Масъуд (р.з) ривоят шуда, ки мегуяд: Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: “Ҳар касе бо вуҷуди ин ки моле ба миқдори кифояташ дорад, аз мардум талаб кунад (талбандаги), ин талаб ва талбандагӣ дар қиёмат чеҳрааш ба чеҳраи харошидаги ва (доғдор) табдил мегардад". Ривояти имом Аҳмад 1/388 нигар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 6255.

Бархе аз гадоён пас аз намоз дар пешорӯи намозгузорон меистанд, ва шуруъ ба шикоят кардан мекунанд ва тасбеҳу зикр кардани мардумро манъ мекунанд, ва бархе дигаре бо ҳила ва тазвир варақҳои қалбаки дуруст мекунад ва достонҳои дуруғинро бо ҳам мебофад, ва баъзе дигаре хонаводаи худро дар масҷид тақсим мекунад ва пас аз намоз онҳоро ҷамъ намуда ва ба суи масҷидҳои дигаре меравад, ва ин дар ҳоле аст, ки барои худ сарват ва маблағҳои зиёде ҷамъ кардааст, аммо касе ғайр аз Аллоҳ аз он огоҳ нест ва пас аз марг мерос ва тарака ононро ошкор мекунад, ва бисёре аз ниёзмандони воқеъи, ки аз руи шарму ҳаё аз мардум чизе талаб намекунанд (ниёзмандии худро ошкор намекунанд) мардум онҳоро бой ва ғанӣ ва сарватманд меҳисобанд ва ба онҳо садақа намедиҳанд.

Қарз гирифтан бо қасди напардохтани он

Ҳуқуқи бандагон назди Худованд аҳамияти зиёде дорад, гоҳе мешавад, ки Худованд ба василаи тавбаи шахсе ҳаққи худро бибахшад, аммо барои ҳуқуқи бандагон чорае ба ҷуз пардохти он нест, пеш аз он ки рӯзе фаро бирасад, ки дар он рӯз дигар бо дирҳам ва динор ҳуқуқи мардум пардохта намегардад, балки пардохти он ҳуқуқҳо бо василаи некиҳо ва бадиҳо пардохт карда мешавад.

Худованди мутаол мефармояд:

﴿إِنَّ ٱللَّهَ يَأۡمُرُكُمۡ أَن تُؤَدُّواْ ٱلۡأَمَٰنَٰتِ إِلَىٰٓ أَهۡلِهَا ٥٨﴾ [النساء : ٥٨]

“Худованд ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонаш бисупоред".

Сураи Нисо, ояти 58

Яке аз корҳое, ки имрӯзҳо дар байни мардум ривоҷ гирифтааст, талаб кардани қарз мебошад ва бисёре аз мардум бидуни ин ки эҳтиёҷ дошта бошанд қарз мегиранд, ва танҳо қарзро ба қасди густариш ва чизҳои камолот ва нишон додан ва инчунин барои иваз кардани мошин ва асосҳои хона ва молҳои фонӣ мегиранд ва чунин мардум бисёртар аз муомилаҳои насияви, ки бисёри аз онҳо аз шубҳа ва ҳаром холӣ нест, ру меоваранд.

Беаҳамияти кардан дар гирифтани қарз сабаби дер пардохтани он ва ё зарар ва нобуд кардани молҳои дигарон мегардад, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ аз оқибати ин кор хазар дошта ва фармудаан:

"من أخذ أموال الناس يريد أداءها أدى الله عنه ومن أخذ يريد إتلافها أتلفه الله". رواه البخاري انظر فتح الباري 5/54.

“Ҳар касе бо қасди бозпардохтан аз мардум қарз кунад, Худованд он молро аз ӯ пардохт мекунад (кумакаш мекунад барои пардохт) ва ҳар касе ба қасди напардохтан молро аз касе бигирад, Худованд он молро ҳалок ва нобуд мекунад". Ривояти Бухорӣ, нигар Фатҳ ал-Борӣ 5/54.

Мардум дар кори қарз бисёр осонгири мекунанд ва онро сабук ҳис мекунанд, дар ҳоле ки ин кор дар назди Худованд бисёр сангин аст, балки бо вуҷуди ин ки шаҳид хосиятҳои бешумор ва подоши бузург ва дараҷаи баланде дорад, аммо аз ҳисобу китоби қарз дар рӯзи қиёмат озод нест, зеро Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ мефармояд:

"سبحان الله ماذا أنزل الله من التشديد في الدين والذي نفسي بيده لو أن رجلا قتل في سبيل الله ثم أحيي ثم قتل ثم أحيي ثم قتل وعليه دين ما دخل الجنة حتى يقضى عنه دينه". رواه النسائي انظر المجتبى 7/314 وهو في صحيح الجامع 3594.

“Субҳоналлоҳ (Худованд пок аст) Худованд дар кори қарз чи қадар сахтгири кардааст! Савганд ба он Худое, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, агар марде дар роҳи Худо кушта шавад, сипас зинда гардад ва боз кушта шавад, ва сипас зинда гардад ва боз кушта шавад, бо вуҷуди ин агар бар ӯ қарзе бошад, то ҳангоме, ки қарзи ӯ пардохта нашавад дохили биҳишт намегардад". Ривояти Насои нигар ал-Муҷтабо 7/314 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 3594.

Оё бо вуҷуди ин баён ва фармони Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ мардум аз ин кор боз намеистанд?

Хӯрдани ҳаром

Касе, ки аз Худованд наметарсад, парво надорад, ки молро чигуна бадаст меоварад ва дар чи роҳе ӯро сарф мекунад ва мақсадаш фақат боло бурдани суратҳисобаш аст, агар чи бо роҳи ҳаром ва ноҷоиз ҳам бошад, монанди: (аз роҳи) дуздӣ, ришва, ғасб (ба зури гирифтани чизе), қалбаки (ҳилаю найранг), муомилаҳои ҳаром ва рибавӣ, хӯрдани моли ятим ва ё музде, ки аз кори ҳаром аст, монанди: фолбини, ҷодугарӣ, фоҳишагӣ, сарояндагӣ, гирифтан аз байтулмоли мусалмонон ва молҳои умуми ва ё гирифтани моли мардум ва гадоӣ ва талбандагии бемаврид ва ғайри инҳо, ва сипас аз ин молу матоъ мехураду менӯшад, мошин, хона ва асоси онро мехарад, ва ба ин роҳ ҳаромро мехурад. Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ мефармоянд:

"كل لحم نبت من سحت فالنار أولى به...". رواه الطبراني في الكبير 19/136 وهو في صحيح الجامع 4495.

“Ҳар гуште (бадане), ки аз ҳаром ғизогирифта ба вуҷуд омадааст, оташи дӯзах бар он сазовортар аст". Ривояти Табаронӣ дар ал-Кабир 19/136 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 4495

Ва дар рӯзи қиёмат аз ӯ савол хоҳад шуд, ки ин молро аз куҷо касб намуда ва дар кадом роҳ сарф кардааст, ҷазо ва ҳалокшавии асоси онҷост. Бинобарин, агар ҳар касе бо худ моли ҳаром дошта бошад ва он ҳаққи дигар касе бошад бояд зудтар худашро аз бадии он халос кунад, пеш аз расидани он рӯзе, ки дар он рӯз ҳуқуқ на бо дирҳаму динор балки бо ҳасанот (савобҳо) ва сайиот (гуноҳҳон) пардохт карда мешавад, бояд молро ба соҳибаш баргардонад ва аз ӯ бахшиш ва узр бихоҳад.

Шаробхӯри (арақ), агар чи як қатра ҳам бошад

Худованди мутаол мефармояд:

﴿إِنَّمَا ٱلۡخَمۡرُ وَٱلۡمَيۡسِرُ وَٱلۡأَنصَابُ وَٱلۡأَزۡلَٰمُ رِجۡسٞ مِّنۡ عَمَلِ ٱلشَّيۡطَٰنِ فَٱجۡتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ٩٠﴾ [المائدة: ٩٠]

«....шароб ва қимор ва бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо палидӣ ва кори шайтон аст, аз он парҳез кунед то наҷот ёбед!».

Сураи Моида, ояти 90

Амре, ки барои дури ҷустан бошад яке аз муҳкамтарин далилҳои ҳаром будани он аст, Худованд шароб (арақро) бо Ансоб, ки худоҳо ва бутҳои кофирон буд, муқоиса ва баробар кардааст, бинобарин ҳеҷ далиле барои онҳое, ки мегӯянд Худованд шаробро ҳаром нагардондааст, балки танҳо фармудааст, ки аз он дури кунед, боқи намондааст.

Дар ҳадисҳои Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ барои шаробхурон таҳдид ва ваъдаҳои ҷазои бад дода шудааст. Ҷобир (р.з) мефармояд:

"... إن على الله عز وجل عهدا لمن يشرب المسكر أن يسقيه من طينة الخبال" قالوا: يا رسول الله وما طينة الخبال؟ قال: "عرق أهل النار أو عصارة أهل النار". رواه مسلم 3/1587.

“Ҳазрати Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд, ки шаробхурро аз Тинат ал-Хибол менушонанд, гуфтанд: Э Расули Худо “Тинат ал-Хибол" чист? Фармуданд: “Арақ ё чирку хуноба ва зардоби дӯзахиён". Ривояти Муслим 3/1587

Ва аз Ибни Аббос (р.з) ривоят шудааст:

"من مات مدمن خمر لقي الله وهو كعابد وثن". رواه الطبراني 12/45 وهو في صحيح الجامع 6525.

“Касе, ки ба шаробхурӣ одат карда бошад ва бимирад Худовандро монанди бутпарастон мулоқот мекунад". Ривояти Табаронӣ 12/45 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 6525.

Имрӯз шароб ва нушобаҳои масткунандаи гуногун вуҷуд дорад ва дар забони араби ва инчунин забонҳои дигар онҳоро бо номҳои гуногуне номгузори мекунанд, монанди бира, ҷаъъа, алкогол, арақ, водка, шампон ва монанди инҳо, ва дар ин уммат гуруҳе, ки Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ дар мавриди онон пешгуи карда буданд пайдо шудаанд, ҳазрат фармуда буданд:

"ليشربن ناس من أمتي الخمر يسمونها بغير اسمها". رواه الإمام أحمد 5/342 وهو في صحيح الجامع 5453.

“Мардумоне аз уммати ман бо номҳои гуногун шаробро менушанд". Ривояти имом Аҳмад 5/342 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 5453.

Бале онон бо обурангдиҳи ва найранг онро машруботи руҳафзо меноманд, Худованд мефармояд:

﴿يُخَٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَمَا يَخۡدَعُونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمۡ وَمَا يَشۡعُرُونَ ٩﴾ [البقرة: ٩]

(Ба гумон ва андешаи худ) бо Худо ва муъминон найранг бози мекунанд ва (дар ҳақиқат) ҷуз худашонро фиреб намедиҳанд ва огоҳ намешаванд".

Сураи Бақара, ояти 9

Шариати исломӣ барои аз байн бурдани фитнаи бозигарон ва бозӣ кардан бо ҳукмҳо як қоидаи бузург ва равшан гузоштааст, ва он қоида дар ин фармудаи Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ баён шудааст:

"كل مسكر خمر وكل مسكر حرام". رواه مسلم 3/1587.

“Ҳар нушидание, ки масткунанда бошад шароб аст ва ҳама нушобаҳои масткунанда ҳаром аст". Ривояти Муслим 3/1587

Пас ҳар чизе, ки ақлро бипушонад ва инсонро маст кунад чи кам бошад ё зиёд ҳаром аст, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармудаанд:

"ما أسكر كثيره فقليله حرام". قد رواه أبو داود رقم 3681

“Ҳар чизе, ки бисёри он маст кунанда бошад пас ками он низ ҳаром аст". Ривояти Абу Довуд 3681

Ва агар чи номҳои онҳо (шаробу арақ) гуногун бошад, вале чизи номгузошта як аст ва ҳукми он ҳаром аст.

Ва ин як мавъизае ҳаст аз Паёмбари Худо ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ барои шаробнушон, ҳазрат фармудаанд:

"من شرب الخمر وسكر لم تقبل له صلاة أربعين صباحا، وإن مات دخل النار، فإن تاب، تاب الله عليه وإن عاد فشرب فسكر لم تقبل له صلاة أربعين صباحا فإن مات دخل النار فإن تاب تاب الله عليه وإن عاد فشرب فسكر لم تقبل له صلاة أربعين صباحا فإن مات دخل النار فإن تاب تاب الله عليه وإن عاد كان حقا على الله أن يسقيه من ردغة الخبال يوم القيامة قالوا يا رسول الله وما ردغة الخبال قال: عصارة أهل النار". رواه ابن ماجة رقم 3377 وهو في صحيح الجامع 6313.

“Ҳар касе шароб бинушад ва маст шавад то чиҳил рӯз намози субҳи ӯ қабул карда намешавад ва агар бимирад дохили дӯзах мегардад ва агар тавба кунад Худованд тавбаашро қабул мекунад. Ва агар дубора боз шароб нушад ва аз он маст гардад, то чиҳил рӯз намози субҳгонаи ӯ қабул намегардад ва агар бимирад, дохили дӯзах мегардад ва агар тавба кунад Худованд тавбаашро қабул мекунад. Ва агар боз ҳам шароб бинушад ва аз он маст гардад то чиҳил рӯз ҳеҷ намози субҳгонааш пазируфта намешавад ва агар бимирад дохили дӯзах мегардад ва агар тавба кунад Худованд тавбаашро қабул мекунад. Ва агар боз ҳам шароб бинушад шоистааст, ки Худованд ӯро дар рӯзи қиёмат аз “Радғат ал-Хиёл" бинушонад, пурсиданд: Э Расули Худо “Радғат ал-Хиёл" чист? Фармуданд: “чирку хуноба ва зардоби дӯзахиён". Ривояти Ибни Моҷаҳ 3377 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 6313.

Агар ҳоли шаробхурон ингуна бошад, пас ҳоли касоне, ки чизҳои бадтар аз шароб истифода мебаранд ва ба маводи мухаддир одат мекунанд, чи хоҳад буд?

Истифода бурдани зарфҳои Тиллои ва Нуқрагӣ ва Хурдану нушидан дар он

Имрӯзҳо камтар фурушгоҳе аз фурушгоҳҳои зарфҳо ва эҳтиёҷоти хонагӣ ёфт мешавад, ки дар он зарфҳои тиллои ва нуқрагӣ ва ё зарфҳое, ки бо оби тилло ва нуқра музайян карда шудааст пешкаши харидор нашавад. Ва ҳамчунин ингуна зарфҳо дар хонаҳои бисёре аз сарватмандон ва бархе меҳмонхонаҳо низ ёфт мешавад, балки ин зарфҳо аз ҷумлаи беҳтарин тӯҳфаҳое аст, ки мардум дар муносибатҳо ба ҳамдигар тӯҳфа мекунанд.

Бархе аз мардум дар хонаҳои худ аз чунин зарфҳо нигаҳдори ва истифода намекунанд, аммо дар хонаи дигарон ва меҳмониҳо аз он истифода мекунанд, ҳамаи инҳо аз корҳои норавое аст, ки шариат онро ҳаром гардонидааст. Ва дар ин бора аз Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ ваъдаи сахте нақл шудааст, Умми Салама (р.з) мегуяд он Ҳазрат фармудаанд:

"إن الذي يأكل أو يشرب في آنية الفضة والذهب إنما يجرجر في بطنه نار جهنم". رواه مسلم 3/1634.

“Касе, ки дар зарфҳои тиллои ва нуқрагӣ чизе мехурад ва ё менушад, ҳамоно оташи ҷаҳаннам дар шикамаш мехурушад". Ривояти Муслим 3/1634.

Ин ҳукм дарбаргирандаи тамоми зарфҳо ва эҳтиёҷоти хонагӣ ва хурокхури монанди табақ, чангол, қошуқ, корча ва зарфҳое, ки дар ҷашнҳо истифода бурда мешавад, мебошад.

Бархе мардум мегӯянд: Мо аз ин гуна зарфҳо истифода намекунем, ва онҳоро фақат дар тоқчаҳо ва паси шиша барои зинат ва зебои истифода мебарем, бояд донист, ки барои пешгири аз гирифторӣ дар ҳаром нигоҳдории чунин зарфҳо низ ноҷоиз мебошад [Ин матлабро шайх Абдулазиз ибни Боз шафоҳатан баён намудааст].

Шаҳодати ноҳақ (бардурӯғ)

Худованди мутаъол мефармод:

﴿فَٱجۡتَنِبُواْ ٱلرِّجۡسَ مِنَ ٱلۡأَوۡثَٰنِ وَٱجۡتَنِبُواْ قَوۡلَ ٱلزُّورِ ٣٠ حُنَفَآءَ لِلَّهِ غَيۡرَ مُشۡرِكِينَ بِهِۦۚ ٣١﴾ [الحج : ٣٠، ٣١]

«....Пас аз бутҳои палиду сухани ботилу дурӯғ парҳез кунед. (31) Рӯй овардагон ба Худо бошед ва ширк наёвардагон ба Ӯ....».

Сураи Ҳаҷ, ояти 30-31

Абдурраҳмон ибни Аби Бакра аз падараш (р.з) ривоят мекунад, ки вай гуфт: Назди Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ будем, ки эшон то се бор фармуданд:

وعن عبد الرحمن بن أبي بكرة رضي الله عنهما عن أبيه قال: كنا عند رسول الله صلى الله عليه وسلم فقال: "ألا أنبئكم بأكبر الكبائر "ثلاثا" الإشراك بالله وعقوق الوالدين ـ وجلس وكان متكئا ـ فقال: ألا وقول الزور قال فما زال يكررها حتى قلنا: ليته سكت". رواه البخاري انظر الفتح 5/261.

Аз Абубакра (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд: «Оё аз бузургтарин гуноҳони кабира шуморо бохабар созам?» Ва ин суханро се бор такрор намуданд. Саҳоба гуфтанд: Бале, Эй Расули Аллоҳ Фармуданд: «Ширк овардан ба Худо, уқуқи волидайн (озордиҳандаи падару модар)». Дар ин ҷо аз ҳоле, ки такя карда буданд, ба зону нишастанд ва гуфтанд: «Ва бидонед, ки шаҳодати ноҳақ». Ровӣ мегӯяд: Ва ин сухани охирро он қадар такрор карданд, ки гуфтем, эй кош, хомӯш шаванд". Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 5/261

Бисёре аз мардум дар ин кор бепарвои мекунанд ва онро нодида мегиранд ва инчунин ба сабаби ин кор мушкилотҳои гуногуне монанди душмани ва ҳасад ва монанди инҳо дар байни мардум пайдо мешавад, Паёмбари Худо ин корро чандин бор такрор намуданд. Бар асари шаҳодати дуруғ ҳуқуқи бисёре поймол гашта ва бар мардуми бегуноҳ зулму ситам қарор гирифта ва мардумоне, ки он чизе, ки ҳаққашон нест соҳиб мешаванд ва ҳатто дар насабе, ки аз он шахс нест онро аз худ карда ва ба он насаб номгузори шудааст. Яке аз намунаҳо ва мавридҳое, ки бархе мардум шаҳодати ноҳақ ва дурӯғ медиҳанд, ин аст, ки дар додгоҳҳо ба ҳамдигар мегуянд:

Ту барои ман шоҳиди бидеҳ ва ман низ барои ту шоҳиди медиҳам, ва дар бораи корҳое, монанди моликияти замин, хона ва ё таъйди салоҳияти чизе ва тавсия додан, ки ин корҳо эҳтиёҷ ва ниёз ба илм ва огоҳи (дар бораи ин корҳоро) дорад. Бидуни ҳеч гуна иттилоъ ва огоҳи ба фоидаи якдигар шоҳиди ва гувоҳи медиҳанд, дар ҳоле, ки онҳо қаблан бо ҳам ҳеҷ гуна иртиботе надоштанд ва барои аввалин бор лаҳзае ва назди дари додгоҳ бо ҳамдигар мулоқот кардаанд, ин шаҳодати беасос ва дурӯғин мебошад. Шаҳодат ва гувоҳи бояд мутобиқи фармудаҳои ислом ва он гуна, ки дар Қуръон омадааст бошад, Худованди мутаъол мефармояд:

﴿وَمَا شَهِدۡنَآ إِلَّا بِمَا عَلِمۡنَا ٨١﴾ [يوسف: ٨٠]

«....ва мо ҷуз ба он чӣ медонистем, шаҳодат надодем...»

Сураи Юсуф, ояти 80

Гуш кардани оҳанг ва мусиқӣ

Абдуллоҳ ибни Масъуд (р.з) савганд мехурад, ки ҳадаф ва мақсади ин оят:

﴿وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَشۡتَرِي لَهۡوَ ٱلۡحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ ٦﴾ [لقمان: ٦]

“Ва баъзе аз мардум харидори суханони беҳудаанд, то ба нодонӣ мардумро аз роҳи Худо гумроҳ кунанд".Сураи Луқмон, ояти 6 Оҳанг ва мусиқӣ мебошад.

Абу Омир ва Абу Молики Ашъарӣ (р.з) ривоят намудаанд, ки Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

"ليكونن من أمتي أقوام يستحلون الحر والحرير والخمر والمعازف...". رواه البخاري انظر الفتح 10/51.

“Аз уммати ман мардуме хоҳанд омад, ки зино ва пӯшидани абрешим ва шаробу мусиқиро ҳалол медонанд". Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 10/51.

Анас (р.з) мегӯяд: Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

"ليكونن في هذه الأمة خسف وقذف ومسخ وذلك إذا شربوا الخمور واتخذوا القينات وضربوا بالمعازف". انظر السلسلة الصحيحة 2203.

“Дар ин уммат хасф (фуру рафтан дар замин), сангборон ва масх (тағйир ёфтани сурати инсон ба ҳайвон ё чизи дигар) сурат хоҳад гирифт ва ин ҳангоме хоҳад буд, ки шароб бинушанд ва канизак бигиранд ва тору олатҳои (мусиқиро) оҳанг бинавозанд". Нигар Силсилаи Саҳеҳа 2203

Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ аз навохтани табл манъ кардааст, ва садои “Мизмор" (най)-ро ба садои аҳмақона ва фоҷирона васф кардааст, уламои мутақаддим ҳамчун имом Аҳмад (р) сароҳатан ҳаром будани олоти лаҳв ва мусиқӣ монанди ъуд, танбур, шайпур, сурнай, рубоб (ва дигар асбобҳои мусиқиро) ва баён фармуданд.

Бидуни тараддуд ҳадиси Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ ки дар он мусиқӣ ва навозандагиро манъ намудаанд, асбобҳои мусиқӣ ва навозандагии нави имрӯза монанди ғижжак, қонун (сентур), ург, пиянина, гитор ва ғайри инҳоро низ дарбар мегирад. Балки бо ҷуръат метавон гуфт, ки асбобу абзори нави мусиқии имрӯза дар сарояндагӣ ва эҷоди сукр (мадҳуши) ва мастӣ аз асбоби қадимаҳое, ки ҳаром будани он дар баъзе аз ҳадисҳо баён шудааст, таъсири дучанд дорад ва дури аз он ғайри қобил аст, ва ҳатто баъзе аз олимон монанди Ибни Қайим ва дигарон навиштаанд, ки сукр ва мастии мусиқӣ аз мадҳушӣ ва мастии шароб бештар ва амиқтар аст.

Бешак агар овози хонандагон ва наътхонон бо мусиқи омехта шавад, ҳаромии он сахтар ва гуноҳаш низ бузургтар мегардад. Ва агар калимаҳо ва шеърҳои суруд ва таронаи ошиқона ва ҳикоятҳои ишқӣ ва дилдодагӣ ва васфи маҳосин ва зебоиҳои ҷинсӣ мухолиф бошад, мусибат чанд баробар зиёд мегардад, аз ин сабаб аст, ки олимон фармуданд: Мусиқӣ ва тарона бариди (почта) зино аст, ва дар дил нифоқ эҷод мекунад, ва ба сурати кулли метавон гуфт, ки тарона ва мусиқӣ аз бузургтарин мусибатҳо ва фитнаҳои ин замон маҳсуб мегардад.

Ҷой гирифтани мусиқӣ дар бисёре аз чизҳо ва василаҳои зиндагӣ ин мусибат ва балоро зиёд кардааст монанди соатҳо, зангҳо, арусакҳо ва бозичаҳои кудакона, компютерҳо ва баъзе телефонҳои дастӣ. Барои дури ва парҳез аз он азму ҳиммати воло металабад. Худованд ёридиҳанда аст.

Ғайбат

Имрӯз саргарми ва кори бисёре аз маҷлисҳо ва ҷамъомадҳо, ғайбат кардан ва бадгуии бародарони мусалмон ва обуру рези ва беҳурматии онон аст, дар сурате, ки Худованд аз ин кор наҳй фармуда ва онро ба як кори зишт ва бад монанд кардааст, ки нафси инсон аз он нафрат пайдо мекунад. Худованд мефармояд:

﴿وَلَا يَغۡتَب بَّعۡضُكُم بَعۡضًاۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمۡ أَن يَأۡكُلَ لَحۡمَ أَخِيهِ مَيۡتٗا فَكَرِهۡتُمُوهُۚ ١٢﴾ [الحجرات: ١٢]

«Ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ яке аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас онро нохуш (аз ин кор нафрат доред) хоҳед дошт».

Сураи Ҳуҷурот, ояти 12

Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ дар хадисе маънои ғайбатро ингуна баён намудаанд:

"أتدرون ما الغيبة؟ قالوا الله ورسوله أعلم. قال: ذكرك أخاك بما يكره قيل: أفرأيت إن كان في أخي ما أقول؟ قال: إن كان فيه ما تقول فقد اغتبته وإن لم يكن فيه فقد بهته". رواه مسلم 4/2001.

“Оё медонед ғайбат чист"? гуфтанд: Аллоҳ ва расулаш донотар аст. Фармуд: "Ёд кардани бародарат бар ҳар чизе ки бадаш меояд". Гуфта шуд: Агар ончи ки мегуям дар бародарам бошад? Фармуд: "Агар ончи ки мегуи дар бародарат бошад, пас ӯро ғайбат кардаи, ва агар дар ӯ набошад ӯро буҳтон задаи (туҳмат кардаи)". Ривояти Муслим 4/2001

Бинобарин, ғайбат яъне зикр ва ёдоварии айби бародари мусалмон, ки сабаби нороҳати ва дилхурии ӯ мегардад, аст, чи он айб дар бадани ӯ бошад ва ё дар дин, дунё, руҳ, ахлоқ ва хилқаташ. Ғайбат сурат ва намудҳои гуногуне дорад, монанди: Зикри маъиби ва зиштиҳо ва ё тақлид ва ҳаммонанд кардани шахсе аз рӯи масхара ва шӯхӣ.

Мутаасифона бо вуҷуди ин ки ғайбат назди Парвардигор бисёр бад ва қабеҳ аст, мардум дар бораи он тасоҳул ва бепарвои мекунанд, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

"الربا اثنان وسبعون بابا أدناها مثل إتيان الرجل أمه وإن أربى الربا استطالة الرجل في عرض أخيه". السلسلة الصحيحة 1871.

“Рибо 72 навъ аст ва камтарини он баробари зино кардани шахс бо модараш аст (ва огоҳ бошед) ҳамоно бадтарин ва бузургтарини рибо обру рези ва даст задан ба номус ва ҳайсияти бародари мусалмон аст". Силсилаи Саҳеҳа 1871

Касе, ки дар маҷлисгоҳҳои ғайбатӣ ҳозир дошта бошад бояд ғайбат кунандаро аз ин кори зишт ва нораво боз дорад, ва аз обуру ва ҳайсияти бародари мусалмонаш, ки аз ӯ ғайбат мекунанд дифоъ кунад. Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ уммати хешро ба дифоъ аз бародари мусалмон ташвиқ ва тарғиб намудаанд, чуноне, ки фармудаанд:

"من رد عن عرض أخيه رد الله عن وجهه النار يوم القيامة". رواه أحمد 6/450 وهو في صحيح الجامع 6238.

“Ҳар касе аз обруи бародари мусалмонаш дифоъ кунад, Худованди мутаол рӯзи қиёмат оташи ҷаҳаннамро аз ӯ дафъ ва дур мекунад". Ривояти Аҳмад 6/450 ва Саҳеҳи Ҷомеъ 6288

Суханчинӣ

Хабари касе ва сухани касеро ба дигаре гуфтан бузургтарин сабаби қатъи робитаҳо ва шуълавар сохтани оташи кина ва душмани миёни мардум мебошад. Ва Худованди мутаол суханчинро мазаммат намудааст, Мефармояд:

﴿وَلَا تُطِعۡ كُلَّ حَلَّافٖ مَّهِينٍ ١٠ هَمَّازٖ مَّشَّآءِۢ بِنَمِيمٖ ١١﴾ [القلم: ١٠، ١١]

«Ба ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр: савганд мехӯрад пайравӣ макун: айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад».

Сураи Қалам, оятҳои 10-11

Ҳузайфа (р.з) мегӯяд: Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

"لا يدخل الجنة قتات". رواه البخاري انظر الفتح 10/472

“Суханчин ба ҷаннат дохил намешавад.". Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 10/472

Ибни Аббос (р.з) мегӯяд: Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ аз канори бӯстоне аз бӯстонҳои Мадинаи мунаввара ‎ гузаштанд, овози ду шахсеро, ки дар қабрҳои худ азоб дода мешуданд‏,‏шуниданд ва он ҳазрат фармуданд:

قال النبي صلى الله عليه وسلم: "يعذبان، وما يعذبان في كبير - ثم قال - بلى [وفي رواية: وإنه لكبير] كان أحدهما لا يستتر من بوله وكان الآخر يمشي بالنميمة...". رواه البخاري انظر فتح الباري 1/317.

“Ин ду шахс азоб дода мешаванд ва сабаби таъзибашон кори бузурге нест (Ва дар ривояте сабаби таъзибашон кори бузург аст)." Баъд аз он фармуданд: “Яке аз инҳо аз пешоб худро пок намекард ва дигари суханчинӣ мекардааст". Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳ ал-Борӣ 1/317

Яке аз суратҳои зишти суханчинӣ фиреб додани зан бар зидди шавҳараш ва акси он ва ба ҳам задани робита миёни онон аст. Ва ҳамчунин ин, ки бархе аз кормандони як идора сухани баъзе аз ҳамкорони худро ба мудир ва раиси идора мерасонад ва бо ин васила ва роҳ масъули идораро аз кормандон бадгумон намуда ва ба онон зарар мерасонад. Ва ин кор низ ҳаром ва ноҷоиз мебошад.

Саркашидан ва нигоҳ кардан ба хонаҳои мардум беиҷозат

Хуованди мутаол мефармояд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَدۡخُلُواْ بُيُوتًا غَيۡرَ بُيُوتِكُمۡ حَتَّىٰ تَسۡتَأۡنِسُواْ وَتُسَلِّمُواْ عَلَىٰٓ أَهۡلِهَاۚ ٢٧﴾ [النور : ٢٧]

“Эй касоне, ки имон овардаед вориди хонае ғайр аз хонаҳои худ машавед, магар он, ки иҷозат гиред ва бар аҳли он салом гӯед".

Сураи Нур, ояти 27

Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ дар шарҳи ин матлаб, ки ҳадаф аз иҷозат гирифтан ин аст, ки аҳли манзил дар пеши рӯи мардум қарор нагирад, фармуданд:

"إنما جعل الاستئذان من أجل البصر". رواه البخاري انظر فتح الباري 11/24.

“Ҳадаф аз иҷозат гирифтан, дар ҳифзу амон мондани аҳли манзил аз чашми мардум мебошад". Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳ ал-Борӣ 11/24.

Имрӯз бо қариб будани биноҳо ва часпидани иморатҳо бо ҳамдигар ва ру ба ру будани панҷараҳо ва дарҳо, эҳтимол дорад ки ҳамсоягон бештар ва зиёдтар ҳамдигарро бубинанд, ва мутаассифона бисёре аз мардум чашмҳои худро аз назар кардани бегонагон нигоҳ намедоранд, балки шахсоне, ки дар табақаҳои боло зиндагӣ мекунанд, қасдан аз панҷараҳо ва бомҳои худ ба дохили хонаҳои ҳамсоягон ва поён аз худ нигоҳ мекунанд. Ин кор ҳаром ва беэҳтиромии ҳамсоягон ва василаест барои гирифтор шудан дар ҳаром. Ва бар асари осонгири дар ин бора фитнаҳо ва мусибатҳои бисёре эҷод шудааст.

Барои баёни бузурги ва хатари ин гуноҳ кофӣ аст, ки бидонем агар касе бе иҷозат дохили хонаи касе нигоҳ кунад, ва соҳиби хона дар он лаҳза ба ягон чиз чашми ӯро кӯр кунад, аз нигоҳи шариат аз соҳиби хона ҳеҷ гуна талаби хасорат ва замонат гирифта намешавад ва хуни шахси бинанда ҳадару беҳуда ҳисоб мешавад.

Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

قال رسول الله صلى الله عليه وسلم "من اطلع في بيت قوم بغير إذنهم فقد حل لهم أن يفقئوا عينه" رواه مسلم 3/1699، وفي رواية "ففقئوا عينه فلا دية له ولا قصاص". [رواه الإمام أحمد 2/385 وهو في صحيح الجامع 6022.

“Агар шахсе бе иҷозат ба хонаи касе нигоҳ бикунад, барои соҳиби хона ҷоиз аст, ки чашми ӯро кафонда кур кунад". Ривояти Муслим 3/1699. Ва дар ривояте омадааст “Агар (соҳиби хона) чашми ӯро берун оварад, на бар ӯ дия лозим мегардад ва на қасос". Ривояти Имом Аҳмад 2/358 ва ин дар Саҳеҳи ал-Ҷомеъ 6022 мебошад.

Гушаки кардани ду нафар дар ҳузури шахси сеюм

Гап задани ду нафар ва ё гушаки кардани ду нафар ва танҳо гузоштани шахси сеюм яке аз офатҳои нишастҳо мебошад, ки шайтон ба ин васила ва роҳ миёни мусалмонон ҷудоги меандозад ва миёни онон нороҳатӣ ва фикри бадро эҷод мекунад. Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ дар ҳадисе ҳукми ин корро ва сабаби ҳаром будани онро ингуна баён намудаанд:

‏ "إذا كنتم ثلاثة فلا يتناجى رجلان دون الآخر حتى تختلطوا بالناس أجل (أي من أجل كما ورد ‏في بعض الروايات) أن ذلك يحزنه". رواه البخاري انظر فتح الباري 11/83‏

Аз Абдуллоҳ (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд: “Агар се нафар будед, набояд ду нафар бо ҳам хусусӣ сўҳбат намуда ва саввумиро тарк намоед, магар он, ки касони дигаре низ дар маҷлис иштирок намоянд, зеро ин кор (чуноне, ки дар баъзе ривоятҳо ворид шудааст) сабаби ҳузну андӯҳи шахси саввум мешавад." Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳ ал-Борӣ 11/83.

Бояд таваҷҷуҳ дод, ки ба ҳамин тартиб наҷво ва суханкардани се нафар дар назди шахси чорум ва ё чор нафар дар назди шахси панҷум низ ҳамин ҳукмро дорад. Ва ҳамчунин дар ҷамъи се нафар ду нафар ҳақ надоранд бо забоне сухан бигуянд, ки шахси сеюм онро намефаҳмад. Бешак ин кор барои шахси сеюм як навъе таҳқир ба шумор меравад, ва ӯ гумон мекунад, ки онон барои ӯ чизҳои бад ва номуносибе гуфта истодаанд ва ё ба гумонҳо дигаре монанди инҳо.

Дароз кардани почаи (эзор ва курта)

Исбол ва дароз кардани поча коре аст, ки мардум онро масъалаи одди ва нодида мегиранд, дар ҳоле, ки назди Худованд аҳамияти зиёде дорад, маънои исбол яъне фуру бурдан ва ё поён андохтанӣ либос поёнтар аз буҷилаки по, либосҳои бархе аз мардум ба замин мерасад, ва бархе дигар аз ин низ болотар рафта ва либосашро бар замин мекашанд.

Аз ҳазрати Абузар (р.з) ривоят аст, ки Пёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуд:‎

عن أبي ذر رضي الله عنه مرفوعا: "ثلاثة لا يكلمهم الله يوم القيامة ولا ينظر إليهم ولا ‏يزكيهم ولهم عذاب أليم: المسبل (وفي رواية: إزاره) والمنان (وفي رواية: الذي لا يعطي شيئا ‏إلا منه) والمنفق سلعته بالحلف الكاذب". رواه مسلم 1/102.‏

“Худованд бо се гуруҳ инсонҳо рӯзи қиёмат суҳбат намекунад ва ба онҳо назар намекунад ва онҳоро аз гуноҳ ҳам пок намесозад ва барояшон азоби дарднок мунтазир аст: Мусбил [ва дар ривояте Изорашро](Шахсе, ки почаи изорашро аз буҷилак поён мекунад ‎‎(яъне, шимҳои дароз мепушанд аз рӯи кибру ғурур)) ва Маннон (минат гузор) шахсе, ки баъд аз садақа кардан миннат мекунад ва (шахси сеюм) Шахсе, ки молу матоъи худро бар қасами дуруғ мефуршад". Ривояти Муслим 1/102

Касоне даъво доранд, ки исболи эзори онон аз рӯи кибр ва ғурур нест, ва дар воқеъ ба ин суханашон худро тазкия менамоянд, ин сухани онон мавриди қабул нест ва ваъиде, ки дар ин бора омадааст ом аст, чи қасди такаббуриро дошта ва ё надошта бошад. Чуноне, ки Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ дар ҳадисе мефармояд:

"ما تحت الكعبين من الإزار ففي النار". رواه الإمام أحمد 6/254 وهو في صحيح الجامع 5571.

“Ҳар қисмате, ки аз буҷилаки по поёнтар аст ва эзор онро мепушонад дар оташ аст". Ривояти Аҳмад 6/254 ва саҳеҳи ал-Ҷомеъ 5571

Ва агар касе аз рӯи ғурур ва такаббур либосашро поён бикунад, ҷазои ӯ бузургтар ва азобаш сахттар мегардад, чигунае, ки Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ дар ҳадиси дигаре фармудаанд:

"من جر ثوبه خيلاء لم ينظر الله إليه يوم القيامة". رواه البخاري رقم 3465

“Касе, ки ҷомаашро аз рўи кибр дароз намояд, Худованди мутаъол дар рўзи қиёмат ба тарафаш назар намекунад". Ривояти Бухорӣ 3465

Ва сабабаш ин аст, ки ба ду кори ҳаром даст задааст.

Исбол ва дароз кардани ҳар намуд либосе ҳаром ва ноҷоиз аст, чигунае, ки дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) омадааст, ӯ мефармояд: Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

"الإسبال في الإزار والقميص والعمامة من جر منها شيئا خيلاء لم ينظر الله إليه يوم القيامة". رواه أبو داود 4/353 وهو في صحيح الجامع 2770.

“Исбол (дароз кардан) дар эзор, курта ва сала аст, ҳар касе аз рӯи такаббури яке аз инҳоро бар замин бикашад, Худованд рӯзи қиёмат ба суи ӯ назар намекунад". Ривояти Абудовуд 4/353 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 2770.

Барои зан ҷоиз аст, ки барои эҳтиёт ва парҳез аз намоён шудани ҷисмаш дар ҳолати шамол либоси худро як ваҷаб ва ё ду ваҷаб аз қади худ дарозтар кунад, аммо дар ин бора набояд аз ҳадди маъмул ва маъруф болотар равад, онгунае, ки дар бархе либосҳои арусӣ дида мешавад, ки гоҳе чандин ваҷаб ва метр аз қади арус дарозтар духта шудааст ва ҳатто баъзеҳояшон шахсеро масъул мекунад аз қафои арус барои бардоштани намудани либоси ӯ.

Пушидани занон либосҳои кӯтоҳу танг ва нозук

Яке аз мавридҳои ҳуҷуми душман, тарзи либоспушӣ ва мӯдҳо ва шаклҳои гуногуне аст, ки мутаассифона дар миёни мусалмонон ривоҷ ёфтааст, либосҳое ки ба иллати кутоҳ, тунук ва ё танг будан, ки аврат ва баданро намепушонад, ҳатто пушидани бисёре аз ин либсҳо дар байни занон ва маҳрамҳо низ ҷоиз нест, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ пайдо шудани ингуна либосҳо ва пушиши занҳоро пешгӯи карда буданд, Онгуна, ки дар ҳадиси Абуҳурайра (р.з) омадааст, Ӯ мефармояд: Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармудаанд:

"صنفان من أهل النار لم أرهما: قوم معهم سياط كأذناب البقر يضربون بها الناس ونساء كاسيات عاريات مميلات مائلات رؤوسهن كأسنمة البخت المائلة، لا يدخلن الجنة ولا يجدن ريحها وإن ريحها ليوجد من مسيرة كذا وكذا". رواه مسلم 3/ 1680

“Ду гуруҳе аз аҳли дузах ҳастанд ва ман онҳоро надидаам, гурӯҳе, ки шаллоқҳое (чуб ё монанди дубинкаҳои имрӯза) монанди думи гов ба даст доранд ва мардумро бо он мезананд ва (гурӯҳи дуввум) заноне (ҳастанд), ки бо вуҷуди ин ки либос пушидаанд, вале урёнанд, мардонро ба худ моил месозанд ва худ низ ба мардон майл доранд, сарҳояшон (мӯйҳояшон) ҳамчун кӯҳони хамидаи шутури ду кӯҳона аст, ҳаргиз вориди биҳишт нахоҳанд шуд, ва бо вуҷуди ин ки бӯи биҳишт аз масофаи тулоние ба машом мерасад, онон ҳатто бӯи биҳиштро низ бӯй намекашанд". Ривояти Муслим 3/1680

Пушидани либосҳое, ки як тарафи он пурра боз аст ва ё ҳамчун моделҳои ғарбӣ аз чандин тараф шикофҳои дароз дорад, ва аз он ҷойҳо пӯсти бадан намоён мегардад, низ дар ин ҳукм дохил аст ва аз тарафи дигар ин навъе аз монанди ба кофирон ва бегонагон аст, ки он низ ҳаром ва ноҷоиз мебошад, Худовандо моро аз ин гуноҳон дур нигоҳ дор!

Аз ҷумлаи либосҳое ки пӯшиданаш ноҷоиз ва ҳаром аст, либосҳое аст, ки бар он суратҳои зишт ва бад кашида шудааст, монанди суратҳои хонандаҳо, гурӯҳҳои мусиқӣ, шиша (бутилкаи) арақ, суратҳои ҳайвонот, салиб, шиорҳои бунёдҳо ва ҷамъиятҳои баду зишт ва ҷумлаҳои зишту ошиқона ва мухолиф бо шарафу иффат, ки ғолибан бо забонҳои бегона ва хориҷӣ навишта шудааст.

Пайванди мӯй бо мӯйҳои маснуъӣ барои занону мардон

Асмо духтари Абубакр (р.з) фармудаанд: Зане назди Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ омада гуфт: Эй Расули Худо! духтаре дорам, ки бар асари беморие мӯи сараш рехтааст ва акнун мехоҳам ӯро ба марде арусӣ кунам, оё метавонам мӯяшро пайванд кунам. Фармуданд (Паёмбар):

"لعن الله الواصلة والمستوصلة". رواه مسلم 3/1676.

“Худованд занеро, ки мӯй пайванд мекунад, ва он ки мӯяш пайванд мешавад (мӯяшро дигар кас пайванд мекунад) нафрин ва лаънат намудааст". Ривояти Муслим 3/1676

Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р.з) фармудаанд: Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ аз ин ки зане мӯяшро пайванд кунад манъ намудааст. Ривояти Муслим 3/1679

Истифода бурдани мӯйҳои маснуъи, ки имрӯза ҳунарпешаҳо ва бозигарон дар филмҳо ва театрҳо истифода мекунанд низ ҳаром ва ноҷоиз мебошад.

Ташобуҳ ва монандии занон бо мардон ва мардон бо занон дар либос, гуфтор ва ҳайат

Фитрати Илоҳӣ дар бандагонаш ин аст, ки мард бар мардонагӣ ва зан бар занонагии (зантабиатӣ) хеш боқӣ бимонанд ва ин омилҳое аст, ки бо набудани он зиндагии мардум дучор ва гирифтори мушкили мегардад ва ташбеҳ ва монандии мардон ба занон ва акси он мухолифи фитрат ва сабаби кушодани дарвозаи фасод ва паҳн шудани овозаҳо дар ҷомеъа мегардад, ва ин кор аз назари шариат ҳаром аст, ва ҳаргоҳе анҷомдиҳандаи коре дар Қуръон ва ҳадисҳо мавриди нафрин ва лаънат қарор гирад, ин кор далолат ба ҳаром будани он мекунад, ва он амал аз гуноҳони бузург ҳисоб мегардад,

Аз Ибни Аббос (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ мардҳоеро, ки худро монанди занҳо месозанд ва занҳоеро, ки худро ба шакли мардҳо дармеоваранд, лаънат намудааст". Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 10/332

Ва аз ибни Аббос низ ривоят шудааст, ки Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармудаанд:

"لعن رسول الله المخنثين من الرجال والمترجلات من النساء". رواه البخاري الفتح 10/333.

“Мардони зан сифат ва занонеро, ки худро ба шакли мардон мекунанд, нафрин ва лаънат намудааст". Ривояти Бухорӣ ал-Фатҳ 10/333

Ташобуҳ ва монанди дар либос ва пушок низ ҳаром ва ноҷоиз мебошад. Бинобарин барои мардон ҷоиз нест, ки ҳамчун занон ва бархе аз шахсҳои камақл гарданбанд, гушвор, хилхол ва монанди инҳо истифода барад, ва ҳамчунин барои занон низ ҷоиз нест, ки либоси хосси мардонро ба тан кунанд, балки бояд дар шакл, ҳайат ва либос аз ҳамдигар фарқ кунанд, зеро ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят намудаанд, ки Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармудаанд:

"لعن الله الرجل يلبس لبسة المرأة، والمرأة تلبس لبسة الرجل". رواه أبو داود 4/355 وهو في صحيح الجامع 5071.

“Худованд мардеро, ки либоси занона ва занеро, ки либоси мардона бипушад лаънат намудааст". Ривояти Абудовуд 4/355 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 5071.

Сиёҳ кардани мӯй

Бо таваҷҷуҳ ба ваъиде (ваъдаи ҷазои бад), ки дар бораи сиёҳ кардани мӯй ворид шудааст, қавли саҳеҳ ин аст, ки сиёҳ кардани мӯй ҳаром аст, зеро Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

"يكون قوم يخضبون في آخر الزمان بالسواد كحواصل الحمام لا يريحون رائحة الجنة". رواه أبو داود 4/419 وهو في صحيح الجامع 8153

“Охири замон гурӯҳе пайдо хоҳанд шуд, ки мӯйҳои худро монанди чинадонӣ кабӯтар (зери манаҳи кабӯтар) сиёҳ мекунанд, онон атр ва бӯйи биҳиштро намеёбанд". Ривояти Абуловуд 4/419 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 8153

Ин кор дар миёни бисёре аз шахсоне, ки мӯяшон сафед гаштааст ривоҷ дорад ва мӯйи худро сиёҳ мекунанд, ин кор мафосидеро низ дарбар дорад аз ҷумла: фиребкорӣ ва фиребдиҳии халқи Худо ва нишон додани худ бо ҳайати маснуъӣ. Ва бешак ин кор дар рафтори шахс таъсири номатлубе дорад ва шояд ҳам сабаби фиреб додани мардум бигардад.

Аз Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят‎ шудааст, ки Ҳазрат мӯйҳои сафедро бо ҳане ва ё ранги дигар моил ба зардӣ, сурхӣ ва ё қаҳвагӣ тағир медоданд ва рӯзи фатҳи Макка ҳангоме, ки Абуқуҳофаро, ки аз шиддати сафедии риш ва мӯй сар ҳамчун дарахти суғома буд, оварданд, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

"غيروا هذا بشيء واجتنبوا السواد". رواه مسلم 3/1663.

“Ин (сафедиро)-ро бо ранге тағир диҳед ва аз ранги сиёҳ дури ҷуед". Ривояти Муслим 3/1663

Қавл ва фикри саҳеҳ ин аст, ки марду зан дар ин ҳукм баробар ҳастанд.

Кашидани сурат (чизи руҳдорро) дар курта, девор, варақ ва монанди инҳо

Кашидани расми ҳайвонот дар либос, девор, қоғаз ва ғайри инҳо ҳаром ва ноҷоиз аст. Абдуллоҳ бини Масъуд (р.з) мегуяд: Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

"إن أشد الناس عذابا عند الله يوم القيامة المصورون". رواه البخاري انظر الفتح 10/382.

“Сахттарини азоб дар рӯзи қиёмат аз они суратгирон буд". Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 10/382

Аз Абўҳурайра (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ ‎шунидам, ки фармуданд:

"قال الله تعالى: (ومن أظلم ممن ذهب يخلق كخلقي فليخلقوا حبة وليخلقوا ذرة...)". رواه البخاري انظر فتح الباري 10/385.

“Худованди мутаъол мегўяд: Оё аз касе, ки мехоҳад монанди халқи ман халқ намояд, касе золимтар хоҳад буд? Агар метавонанд як донаеро халқ намояд. Агар метавонанд як зарраеро халқ намоянд". Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳ ал-Бори 10/385

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят аст, ки гуфт Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

وعن ابن عباس رضي الله عنهما مرفوعا: "كل مصور في النار، يجعل له بكل صورة صورها نفسا فتعذب في جهنم" قال ابن عباس: إن كنت لا بد فاعلا فاصنع الشجر وما لا روح فيه". رواه مسلم 3/1671.

“Ҳар суратгире дар дӯзах аст, ва ба ҳар сурате, ки кашидааст, ба ӯ ҷоне дода мешавад ва ҳамагӣ дар дӯзах азоб мебинанд". Ибни Аббос (р.з) гуфтаанд: Агар чорае барои накашидан надорӣ пас дарахтон ва чизҳои беҷонро расм бикаш". Ривояти Муслим 3/1671.

Ин ҳадисҳо бар ҳаром будани кашидани сурати ҷондор, инсон ва ҳайвоноти дигар далолат доранд ва сурат гирифтан ба ҳар сурате, ки набошад монанди чоп, расм (ба даст), кандакорӣ, нақш андохтан, тарошидан ва қолаб гирифтан ҳаром ва ноҷоиз мебошад, ва ҳадисҳои зикр шуда ин корҳоро низ шомил аст.

Мусалмонон бояд дастурот ва фармонҳои шариатро бо ҷону дил бипазиранд ва дар муқобили он таслим бошанд, ва муноқиша накунанд, ва нагуянд ки ман ин суратро парастиш намекунам, ва саҷда намекунам! Агар бо дидгоҳи басират ва таамул ба фасодҳое, ки аз ривоҷ ёфтани аксу сурат дар ин даврон пайдо шудааст, биандешем, ҳикмат ва фалсафаи ҳаром будани суратро дар шариати исломӣ дарк хоҳем кард. Бале, сурат сабаби фасоди бузург ва ҳаракат диҳандаи ғаризаҳои ҷинсӣ ва барангехтани шаҳват мегардад, балки сабаби гирифтор шудан ба ҷаримаҳои бешумор ва фаҳшо ва беиффати мебошад.

Барои ҳеҷ мусалмоне шоиста ва сазовор нест, ки дар хонаи худ акс ва сурати инсон ва ё ҳайвонеро нигаҳдори кунад, зеро ин кор сабаб мегардад, ки фариштагони раҳмат аз вуруд ба он хона дури меҷӯянд,

Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

"لا تدخل الملائكة بيتا فيه كلب ولا تصاوير". رواه البخاري انظر الفتح 10/380.

«Малоика дар хонае, ки саг ва сурат бошад, дохил намешавад». Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 10/380

Дар бисёре аз хонаҳои мусалмонон муҷассамаҳои инсонҳо ва ҳайвонҳо вуҷуд дорад, балки баъзеи онҳо аз маъбудони кофирон аст, ки ба номи туҳфа онҳоро нигоҳдори мекунанд. Ҳаром будани нигоҳдории ин муҷассамаҳо ва суратҳои дар девор часпонида ба маротиб аз суратҳои дигар бузургтар аст. Зеро ба онҳо таъзим мешавад ва гоҳҳо ғамҳо ва андуҳҳорро барои мо тозатар мегардонад ва гоҳҳо инсон ба онҳо фахр меварзад. Ва бархе мегуянд, ки ин аксҳо ва суратҳоро барои ёдгорӣ нигоҳдорӣ мекунанд, сухани мантиқӣ ва қобили қабул нест, зеро ёд ва хотираи ҳақиқи ва содиқи азизон ва дӯстони аз даст рафта, дар қалбу дил ҷой дорад, ки бар асоси он барои гузаштагон дуъову мағфират ва раҳмат мешавад. Бинобарин бояд то ҳадди имкон барои аз байн бурдани аксҳо ва муҷассамаҳо кушиш кард, магар аксҳое, ки кур кардани онҳо душвор бошад монанди суратҳое, ки дар баъзе китобҳои марҷаъҳо ва қомусҳо вуҷуд дорад, ва суратҳое, ки мавриди ниёз ва эҳтиёҷ аст монанди шиносномаҳои шахсӣ боке надорад. Ва бархе аз олимон суратҳое, ки бар фаршҳо нақш шуда ва поймол мегардад беягон мамнуъият мубоҳ медонанд, албатта то ҷое, ки мумкин аст бояд аз суратҳо ва аксҳо парҳез намуд. Худованд мефармояд:

﴿فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ مَا ٱسۡتَطَعۡتُمۡ ١٦﴾ [التغابن : ١٦]

“Пас то (ҳадде) ки метавонед аз Худованд битарсед".

Сураи Тағобун, ояти 16

Хоби дурӯғ бофтан

Бархе аз мардум барои касб кардани шӯҳрат ва машҳур шудан ва ё ба даст овардани манфиати моддӣ ва ё тарсонидани касе, ки бо ӯ душмани ва ихтилоф доранд, қасдан хобҳоеро аз худаш метарошад ва даъво мекунад, ки чунин ва чунон хобе дидааст ва бисёри аз мардум ба хоб эътиқод ва ихлоси сахте доранд ва ба содагӣ фиреб мехуранд ва чунин дурӯғҳоро қабул мекунанд. Барои касе, ки ба чунин гуноҳ даст мезанад ваъдаи сахте ворид шудааст, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармудаанд:

"إن من أعظم الفرى أن يدعي الرجل إلى غير أبيه أو يري عينه ما لم تر ويقول على رسول الله صلى الله عليه وسلم ما لم يقل". رواه البخاري انظر الفتح 6/540

«Аз бузургтарини тӯҳматҳо он аст, ки инсон худро ба ғайри падараш нисбат диҳад ва ё он, ки бигӯяд: дар хоб чунин ва чунон дидам, дар ҳоле, ки чунин хобе надида бошад ва ё он, ки аз Паёмбари Худо ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ чизеро ривоят кунад, ки (Паёмбари Худо ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ он чизро нагуфта бошад». Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 6/540

Ва инчунин Ҳазрат фармудаанд:

"من تحلم بحلم لم يره كلف أن يعقد بين شعيرتين ولن يفعل...". رواه البخاري انظر الفتح 12/427

“Ҳар касе вонамуд кунад, ки хобе дидааст ва аз пеши худ хоберо нақл кунад, ки воқеият надошта бошад, рӯзи қиёмат Худованди мутаол ӯро амр мекунад то ду дона ҷавро боҳам гиреҳ кунад ва ҳар гиз наметавонад ин корро анҷом диҳад". Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 12/427

Гиреҳ кардани ду ҷав бо ҳамдигар кори маҳол ва номункин аст, ва ин сазои муносиб ва аз ҷинси ҳамон кор аст.

Нишастан бар қабр, онро зери по кардан ва қазои ҳоҷат дар қабристон

Аз ҳазрати Абуҳурайра ривоят шудааст, ки Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم "لأن يجلس أحدكم على جمرة فتحرق ثيابه فتخلص إلى جلده خير له من أن يجلس على قبر". رواه مسلم 2/667.

“Агар шахсе бар лахчае бинишинад ва дар асари он либосаш бисӯзад ва оташ ба бадани ӯ бирасад, барояш беҳтар аст аз он ки дар рӯи қабр бинишинад". Ривояти Муслим 2/667

Баъзе аз мардум ҳангоме, ки мурдаи хешро ба хок дафн мекунанд бо бепарвои қабрҳои атрофро зери по ва зер мекунанд ва ба дигар мурдагон ҳеҷ эҳтироме намекунанд, дар ҳоле, ки Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ дар бораи бузургии ин гуноҳ мефармояд:

"لأن أمشي على جمرة أو سيف أو أخصف نعلي برجلي أحب إلي من أن أمشي على قبر مسلم... ". رواه ابن ماجة 1/499 وهو في صحيح الجامع 5038.

“Агар ба рӯи лахча ва ё шамшере ва ё кафши худро бар поям мехча кунам, бароям дустдошта ва писандидатар аст аз ин ки бар қабри мусалмоне роҳ биравам". Ривояти Ибни Моҷа 1/499 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 5038

Пас тасаввур кунед, ки онҳое, ки заминҳои қабристонҳоро гирифта ва дар болои онҳо ошёнаҳои тиҷоратӣ ва маскунӣ месозанд ба чигуна гуноҳи бузурге даст задаанд.

Баъзе аз мардуми беодобу ахлоқ ҳангоме, ки ҷои муносиб ва танҳои барои қазои ҳоҷат пайдо накунанд, аз девори қабристон боло мераванд ва дар онҷо қазои ҳоҷат мекунанд ва бо наҷосат ва бадбӯӣ мурдагонро озор медиҳад, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармудаанд:

"وما أبالي أوسط القبر قضيت حاجتي أو وسط السوق". رواه ابن ماجة 1/499 وهو في صحيح الجامع 5038.

“Бароям ҳеҷ фарқ ва аҳамияте надорад, ки дар байни қабристон нишаста қазои ҳоҷат кунӣ ва ё дар мобайни бозор". [Тахриҷи гузашта] (Ривояти Ибни Моҷа1/499 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 5038). Қазои ҳоҷат дар қабристон он қадар зишт аст, ки монанди касе дар байни бозор зери назари мардум худро бараҳна кунад ва қазои ҳоҷат кунад. Ин ваъид ва ҷазои бад шомили касоне низ мегардад, ки партовҳо ва ахлотро дар қабристон мерезанд ба хусусан қабристонҳои таркшудае, ки деворҳояш рехта вайрон шудааст. Ва яке аз одоби зиёрати қабристон ин аст, ки агар шахсе мехоҳад миёни қабрҳо роҳ биравад қафш ва пойафзолҳои худро барорад.

Парҳез накардан аз бавл (тоза накардани пешоб)

Яке аз маҳосини шариати Исломӣ ин аст, ки барои ислоҳ намудани зиндагӣ ва фароҳам намуданӣ осоиши инсон аҳкоме дорад, яке аз ин ҳукмҳо изола ва тоза кардани наҷосат мебошад ва ба барои ҳамин истинҷо ва истиҷморро аз шариат дониста ва роҳи ҳосил кардани тоҳири ва покизагиро баён намудааст. Аммо бисёри мардум дар ин бора кутоҳи мекунанд ва сабаби нопокии либос ва баданаш мегардад, Ва ин кор сабаби дуруст ва пурра набудани намози эшон мегардад, ва Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ парҳез накардан аз пешоб ва тоза накардани онро аз сабабҳои азоби қабр шуморидааст. Аз ибни Аббос (р.з) ривоят аст, ки гуфт:

ابن عباس قال مر النبي صلى الله عليه وسلم بحائط [بستان] من حيطان المدينة فسمع صوت إنسانين يعذبان في قبورهما فقال النبي صلى الله عليه وسلم: "يعذبان، وما يعذبان في كبير - ثم قال - بلى [وفي رواية: وإنه لكبير] كان أحدهما لا يستتر من بوله وكان الآخر يمشي بالنميمة...". رواه البخاري انظر فتح الباري 1/317.

Паёмбари Худо‎ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ ба бӯстоне аз бӯстонҳои Мадинаи мунаввара гузаштанд, овози ду шахсеро, ки дар қабрҳои худ азоб мешуданд, шуниданд ва Ҳазрат фармуданд: “Ин ду шахс азоб дода мешаванд ва сабаби таъзибашон кори бузурге нест." Баъд аз он фармуданд: Бале: (ва дар ривояте сабаби таъзибашон кори бузурге аст) “Яке аз инҳо аз бавл парҳез накарда ва дигари суханчинӣ мекардааст". Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳ ал-Борӣ 1/317.

Балки Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ хабар додааст, ки:

"أكثر عذاب القبر في البول". رواه الإمام أحمد 2/326 وهو في صحيح الجامع 1213.

“Бештарини азоби қабр ба сабаби парҳез накардан аз бавл ( пок кардани пешоб) мебошад". Ривояти имом Аҳмад 2/326 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 1213

Баланд шудан пеш аз он ки пешоб қатъ ва тамом шавад, пешоб кардан бо тарзе ё ҷое, ки қатраҳои пешоб ба бадан ва либос бирасад, ва тарк кардани истинҷо ва тоза накардани узви пешоб ин суратҳои зикр шуда сабаби наҷосат ва нопокиро фароҳам меорад ва ин ҳолатҳо низ дар ин ваъиди сахт дохил аст. Мутаасифона тақлиди куркурона аз фарҳанги бегона ба ҷое расидааст, ки мусалмонон низ ҳаммонанди ғарбиҳо мустароҳҳои (ҷои қазои ҳоҷат) махсусе барои пешоб кардан дар деворҳо мечаспонанд, ки шахс бояд рост истода ва дар пеши мардум бешармона пешоб кунад, ва бо иҷро кардани ин кор инсон гирифтори ду кори ҳаром ва зишт мешавад. Аввал бараҳнагӣ ва намоён кардани авраташ ва дуввум парҳез ва пок накардан аз қатраҳои пешоб.

Гушандохтан ба суҳбатҳои маҳрамона ва пинҳонии мардум

Худованди мутаол мефармояд:

﴿وَ لَا تَجَسَّسُواْ ١٢﴾ [الحجرات: ١٢]

“Ва ҳаргиз (дар кори дигарон) ҷосусӣ накунед".

Сураи Ҳуҷурот 12

Абдуллоҳ ибни Аббос (р.з) мефармояд: Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

"من استمع إلى حديث قوم وهم له كارهون صب في أذنيه الآنك يوم القيامة...". رواه الطبراني في الكبير 11/248-249 وهو في صحيح الجامع 6004

“Ҳар касе ба суҳбати гуруҳе (қавме), ки дӯст надоранд касе сухани онҳоро бишнавад, гушандозад, рӯзи қиёмат дар гушҳояш сурб рехта мешавад". Ривояти Табаронӣ дар ал-Кабир 11/248-249, ва дар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 6004.

Ва агар суханеро, ки шунидааст ба дигарон бирасонад ва хабар диҳад илова бар ҷосусиаш гирифтори гуноҳи дигаре (суханчинӣ) низ шудааст, ва Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармудаанд:

"لا يدخل الجنة قتات". رواه البخاري فتح 10/472

“Суханчин дохили биҳишт намешавад". Ривояти Бухорӣ нигар ал-Фатҳ 10/472

Азият ва озорӣ ҳамсоя

Худованди мутаол моро дар бораи ҳамсоя васият ва супориш намуда фармудаст:

﴿وَٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡٔٗاۖ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنٗا وَبِذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱلۡجَارِ ذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡجَارِ ٱلۡجُنُبِ وَٱلصَّاحِبِ بِٱلۡجَنۢبِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِ وَمَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ مَن كَانَ مُخۡتَالٗا فَخُورًا ٣٦﴾ [النساء : ٣٦]

«Худоро бипарастед ва чизеро бо Ӯ шарик наёваред ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишину мусофири раҳгузар ва бандагони худ некӣ кунед. Албатта Худо мутакаббирону фахрфурӯшонро дӯст намедорад».

Сураи Нисо, ояти 36

Ҳамсоя ҳуқуқи бисёре дорад ва азияту озори ӯ яке аз муҳаррамот аст.

عن أبي شريح رضي الله عنه مرفوعا: "والله لا يؤمن والله لا يؤمن والله لا يؤمن، قيل ومن يا رسول الله؟ قال: الذي لا يأمن جاره بوائقه". رواه البخاري انظر فتح الباري 10/443

Аз Абӯшурайҳ (р.з) ривоят аст, ки гуфт Паёмбари Худо ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд: “Ба Худованд савганд, ки имон надорад, ба Худованд савганд, ки имон надорад, ба Худованд савганд, ки имон надорад." Касе гуфт: Ё Расулаллоҳ! Кист ки (имон надорад?) Фармуданд: “Касе, ки ҳамсояаш аз озораш дар амон нест." Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳ ал-Борӣ 10/443

Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ ситоиш ва мазаммати ҳамсояро миқёс ва тарозуи неки ва бади ба ҳамсоя қарор додааст. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р.з) ривоят шудааст:

عن ابن مسعود رضي الله عنه قال: قال رجل للنبي صلى الله عليه وسلم: يا رسول الله كيف لي أن أعلم إذا أحسنت أو إذا أسأت فقال النبي صلى الله عليه وسلم "إذا سمعت جيرانك يقولون: قد أحسنت فقد أحسنت، وإذا سمعتهم يقولون: قد أسأت فقد أسأت". رواه الإمام أحمد 1/402 وهو في صحيح الجامع 623.

Шахсе ба ҳазрати Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ гӯфт: Э Расули Худо! Аз куҷо бидонам, ки ба ҳамсояам неки кардаам ё бадӣ? Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд: “Ҳар вақто, ки аз ҳамсоягон шунавиди, ки гуфтанд: Кори неке кардаи (пас бидони, ки) некӣ кардаи, ва ҳар вақто, ки гуфтанд бадӣ кардаи (пас бидон, ки) кори баде кардаи". Ривояти имом Аҳмад 1/402 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 623.

Азият ва озори ҳамсоя суратҳои гуногуне дорад, монанди ба ҳамсоя иҷозат надиҳад, ки дар деворе, ки бо ҳам шариканд мех бикубад ва ё дар болои он боме бисозад ва ҳамчунин гирифтани пеши нури офтоб ва ҳаво бе гирифтани иҷозати ҳамсоя ва ё боз кардани тиреза дар рӯ ба рӯи хонаи ҳамсоя ва нигоҳ кардан аз он ба хонаи ҳамсоягон.

Ва азият додани ҳамсоя бо овоз ва садоҳои нороҳаткунанда, монанди кубидани чизе ва додзадан ва хоссатан ҳангоми хоб ва истироҳат, ва низ задани фарзандони ҳамсоя ва гузоштани партовҳо дар пеши дари ҳамсоя ва..... ва агар гуноҳе дар ҳаққи ҳамсоя анҷом гирад ҷурму сазои он чандин баробар мегардад, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармудаанд:

"لأن يزني الرجل بعشر نسوة أيسر عليه من أن يزني بامرأة جاره.. لأن يسرق الرجل من عشرة أبيات أيسر عليه من أن يسرق من بيت جاره". رواه البخاري في الأدب المفرد رقم 103 وهو في السلسلة الصحيحة 65

“Агар марде бо 10 зани (бегона) зино кунад, гуноҳаш сабуктар аст аз ин ки бо ҳамсари ҳамсояаш зино кунад ва агар аз 10 манзили (бегона) дуздӣ кунад, гуноҳаш камтар аст аз ин ки аз хонаи ҳамсояаш дуздӣ кунад". Ривояти Бухорӣ дар Адаби ал-Муфрад 103 ва ас-Силсилту ал-Саҳеҳа 65

Онҳое, ки ғиёби ҳамсояро фурсате барои дуздӣ ва хиёнат ба ӯ медонанд, бояд мунтазири азоби сахт ва дардноки Худованд бошанд.

Беадолати дар васият

Шариати исломӣ иҷозат намедҳад, ки шахсе ба худ ва ё дигарон зиён ва зарар бирасонад, ва аз мисолҳои зарар расондан монанди зарар расонидан ба ворисони ҳақиқи ва шаръӣ ва ё ба баъзе аз онҳо мебошад, ҳангоми навиштани васиятнома ва шахсе, ки ба ин гуноҳ даст мезанад Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ дар ҳадисе ингуна таҳдид намудаанд:

"من ضار أضر الله به ومن شاق شق الله عليه". رواه الإمام أحمد 3/453 انظر صحيح الجامع 6348.

“Ҳар касе, ки ба шахсе зарар бирасонад Худованд низ ба ӯ зарареро мерасонад ва ҳар касе, ки шахсеро дар машаққат гирифтор кунад Худованд низ ӯро ба машаққате гирифтор мекунад". Ривояти имом Аҳмад 3/456 нигар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 6348

Маҳрум гардонидани яке аз ворисон аз ҳаққи шаръияш ё васият кардан барои шахсе барои гирифтани бештар аз ҳақ ва саҳмияи шаръияш ва ё васият кардани беш аз се дар яки миросаш ба шахсе аз намунаҳои зарар расонидан бар ворисон ва беадолати дар васият мебошад.

Дар бисёре аз минтақаҳо бар сабаби набудани додгоҳҳои шариатӣ, соҳибонӣ ҳақ наметавонанд ҳаққи шаръиеро, ки Худованд барои онон ато кардааст ба даст оваранд, зеро додгоҳҳо ва низомҳои сохтагӣ (замонавӣ) васиятҳои золимонаеро, ки дар назди муҳоми (адвокат) сабт карда шудааст қобили иҷро ва эътибор медонанд, пас вой бар ҳоли онон, барои он чизе, ки бо дастони худ навиштаанд ва вой бар онон, барои он чизе, ки касб (даромад) кардаанд.

Нардбозӣ

Бисёре аз бозиҳои машҳур ва маъруфи имрӯза дорои чизҳои ҳаром ва ноҷоиз мебошанд, монанди бозии нард, ки муқаддима ва саршавие аст барои қимор ва Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ аз он манъ намуда ва фармудаанд:

"من لعب بالنردشير فكأنما صبغ يده في لحم خنزير ودمه". رواه مسلم 4/1770

“Ҳар касе нардӣ бози кунад гуё вай дасташро дар гушт ва хуни хуг даровардааст". Ривояти Муслим 4/1770.

Ва аз Абумусо (р.з) ривоят шудааст, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

"من لعب بالنرد فقد عصى الله ورسوله". رواه الإمام أحمد 4/394 وهو في صحيح الجامع 6505.

“Ҳар касе нардӣ бози кунад аз Худо ва паёмбараш нофармони кардааст". Ривояти имом Аҳмад 4/394 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 6505.

Лаънат кардани муъмин ва ё шахсе, ки мустаҳиқи он нест

Бисёре аз мардум ҳангоми асабоният забони худро идора намекунанд, ва инсонҳо, ҳайвонҳо, ҷамодот, рӯзҳо, соатҳо ва ҳатто худ ва фарзандону ҳамсари хешро низ лаънат ва нафрин мекунанд ва ин кор гуноҳи бисёр бузурге аст. Абузайд, Собит ибни Заҳҳоки Ансорӣ (р.з) мегӯяд: Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармудаанд:

".... ومن لعن مؤمنا فهو كقتله....". رواه البخاري انظر فتح الباري 10/465

“...Ва касе, ки мусалмонеро лаънат кунад, монанди он аст, ки ӯро куштааст...". Ривояти Бухорӣ нигар Фатҳ ал-Борӣ 10/465

Лаънату нафрин бештар аз занон рух медиҳад ва инчунин Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармудаанд, ки лаънату нафрин аз муҳимтарин сабабҳое аст, ки занонро ба дӯзах меандозад ва ҳамчунин лаънаткунандагон рӯзи қиёмат касеро шафоат карда наметавонанд ва бадтар аз ҳама ин ки агар шахсе ба ноҳақ касеро лаън ва нафрин кунад, ин лаънат ба худи ӯ бар мегардад, ва дар воқеъ барои нобудӣ ва ҳалоки худ дуо кардааст.

Навҳа дар мотамгирӣ

Фарёд кашидан ҳангомӣ мусибат, навҳагарӣ ва задан бар сару бадан, пора кардани либос ва тарошидани мӯй, корҳои ҳаром ва баёнгари розӣ набудан ба қазо ва қадари Аллоҳ ва сабр накардан бар мусибат мебошанд ва Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ шахсеро, ки ҳангоми мусибат ба чунин корҳо даст мезанад лаънат ва нафрин кардааст. Абуумома (р.з) ривоят кардааст, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ шахсеро, ки ҳангомӣ мусибат руяшро бихарошад ва биканад ва ё гиребонашро чок кунад ва ё доду фарёд ва фиғону нола кунад, нафрин ва лаънат кардааст. Ривояти Ибни Моҷа 1/505 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 5068

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р.з) ривоят аст, ки гуфт Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

وعن عبد الله بن مسعود رضي الله عنه مرفوعا: "ليس منا من لطم الخدود وشق الجيوب ودعا بدعوى الجاهلية". رواه البخاري انظر الفتح 3/163.

“Касе, ки (ба сабаби мусибате, ки бар вай расидааст) бар рӯяш бизанад ва гиребонаш пора кунад ва дуоҳои аҳли ҷоҳилиятро бикунад, аз мо нест." Ривояти Бухорӣ нигар 3/163

Ва дар ҳадиси дигаре фармуданд:

"النائحة إذا لم تتب قبل موتها تقام يوم القيامة وعليها سربال من قطران ودرع من جرب". رواه مسلم رقم 934

“Агар навҳагар (шахсе, ки дар мотами касе оҳу фиғон бардошта ва гиряву нола мекунад) қабл аз вафоташ тавба накунад, дар рӯзи қиёмат ба ӯ шалворе аз қир ва ҷомаи оташро пушонда мешавад". Ривояти Муслим 934

Задан бар рӯ (чеҳра) ва доғу нақш кашидан дар он

Ҷобир (р.з) мефармояд: Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ аз задан ва доғ мондан дар рӯй наҳе ва манъ кардааст. Ривояти Муслим 3/1673.

Бисёри аз падарон ва муаллимон ҳангоми ҷазо додани фарзандон ва талабагон бар рӯи онҳо бо кафи даст мезананд ва бархе дигаре аз мардум низ бо хидматгорони худ чунин рафтор мекунанд. Ва ин кор иҳонат ва беэҳтироми аст ба чеҳрае, ки Худованд инсонро ба он шараф додааст ва бадтар аз ин вақто, ки задан бар рӯ сабаби аз байн рафтан ва ё мушкилот ва маризие дар яке аз ҳавосҳо гардад, ки марказӣ онҳо дар чеҳра мебошад, ки онгоҳ пушаймони дигар суде надорад. Ва шояд аз ӯ талаби қасос ҳам бикунанд.

Аммо доғу нақша ва аломатгузорӣ дар рӯи ҳайвонҳо ҳаром ва нодуруст аст ва як навъе тавҳин ва шиканҷа ҳисоб мешавад, ва дар сурате, ки урф ва нишонаи қабилае ингуна бошад бозҳам бояд аз аломат гузоштан бар чеҳраи онҳо парҳез кунанд. Ва дар ҷои дигаре аз бадани ҳайвонро аломат гузоранд.

Қаҳрӣ кардани мусалмон бо бародараш бештар аз се рӯз

Яке аз барномаҳои шайтон ин аст, ки миёни мусалмонон ҷудои андозад ва мутаассифона бисёре аз мусалмонон дар ин бора аз шайтон пайравӣ мекунанд, ва бо баҳонаҳои ғайри шаръи ва ихтилофоти модди бо бародари мусалмони хеш робитаи худро қатъ мекунанд. Ва бадтар аз ин он аст, ки савганд мехӯрад ва назр мекунад, ки бо бародари мусалмонаш сухан нагӯяд ва ба хонааш пояшро намонад. Ва агар ӯро дар роҳе бубинад рӯй мегардонад ва агар дар маҷлисе низ ӯро мулоқот кунад бо мардум салом мегӯяд ва даст фишорӣ мекунад аммо ба ӯ ҳеҷ гуна таваҷҷуҳе намекунад. Ин кор яке аз сабабҳои нобудии ҷомеъа мебошад. Ва бо таваҷҷуҳ ба ин шариатӣ исломӣ дар ин бора ҳукм ва ваъиди сахте дорад. Абуҳурайра (р.з) ривоят кардаанд, ки Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

عن أبي هريرة رضي الله عنه مرفوعا: " لا يحل لمسلم أن يهجر أخاه فوق ثلاث فمن هجر فوق ثلاث فمات دخل النار". رواه أبو داود 5/215 وهو في صحيح الجامع 7635.

“Барои ҳеҷ мусалмоне ҷоиз нест, ки беш аз се рӯз бо бародари мусалмонаш қаҳрӣ кунад ва ҳар касе беш аз се рӯз бо бародарӣ мусалмонаш қаҳрӣ кунад ва дар ин ҳол бимирад ба оташи дӯзах дохил мешавад". Ривояти Абудовуд 5/215 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 7635.

Аз Абухарошӣ Асламӣ ривоят аст, ки Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

وعن أبي خراش الأسلمي رضي الله عنه مرفوعا: "من هجر أخاه سنة فهو بسفك دمه". رواه البخاري في الأدب المفرد حديث رقم 406 وهو في صحيح الجامع 6557.

“Ҳар касе то (муддати) як сол бо бародари мусалмонаш қаҳрӣ кунад (гуноҳи ин кораш баробар бо) куштани ӯст". Ривояти Бухорӣ дар Ал-Адаб ал-Муфрад ҳадиси рақамӣ 406, ва дар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 6557.

Аз бадиҳо ва оқибатҳои шуми ин кор танҳо ин кофӣ аст, ки чунин шахсе аз мағфирати Худованди мутаол маҳрум мемонад. Абуҳурайра (р.з) мегӯяд, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

عن أبي هريرة مرفوعا: "تعرض أعمال الناس في كل جمعة مرتين، يوم الإثنين ويوم الخميس فيغفر لكل عبد مؤمن إلا عبدا بينه وبين أخيه شحناء فيقال: اتركوا أو أركوا (يعني أخروا) هذين حتى يفيئا". رواه مسلم 4/1988.

“Амалҳои (корҳо) мардум ҳар ҳафта ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ба пешгоҳӣ Худованд пешкаш мегардад (расонида мешавад), тамоми муминон мағфират мегарданд, магар ду нафаре, ки бо ҳамдигар қаҳри бошанд ва гуфта мешавад инҳоро раҳо (бигзоред) кунед то ин ки бо ҳамдигар сулҳ кунанд". Ривояти Муслим 4/1988

Ҳар касе аз ин ду нафаре, ки боҳам қаҳрӣ ҳастанд, тавба намуд ва аз кардаи хеш пушаймон шуд, бояд назди он дигаре биравад ва ба ӯ салом кунад ва агар он шахс ҷавобӣ саломашро надод ва сулҳ накард гуноҳ танҳо бар уҳдаи ӯ мемонад. Абуаюб (р.з) мегӯяд, Паёмбар ‎(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)‎ фармуданд:

عن أبي أيوب مرفوعا: "لا يحل لرجل أن يهجر أخاه فوق ثلاث ليال يلتقيان فيعرض هذا ويعرض هذا وخيرهما الذي يبدأ بالسلام". رواه البخاري فتح الباري 10/492.

“Барои ҳеҷ мусалмоне ҷоиз нест, ки беш аз се рӯз бо бародари мусалмонаш қаҳрӣ кунад ба онгуна, ки ҳар гоҳе якдигарро бинанд аз ҳамдигар рӯй бигардонанд ва беҳтарини онҳо касе аст, ки аввал салом кунад (ва барои сулҳ пешқадам бошад)". Ривояти Бухорӣ Фатҳ ал-Борӣ 10/492.

Агар қаҳрӣ кардан ва бастани алоқа ба хотири корҳои шариатӣ бошад монанди тарки намоз ва ё анҷом додани ягон гуноҳе бошад, ва дар сурате, ки қатъ ва кандани алоқа ба ӯ таъсире дошта бошад ва ӯ ба хатои худ водор ва иқрор шавад ва барои ислоҳи хеш кушиш кунад, пас дар чунин ҳолат қаҳрӣ ва қатъ кардани алоқа бо ӯ воҷиб аст. Аммо дар сурате, ки қаҳрӣ кардан бар ӯ ҳеҷ тасире надошта бошад, балки баракс ӯ бештар гуноҳ ва саркаши кунад, пас дар ин ҳолат бо ӯ қаҳрӣ кардан ҷоиз нест. Зеро кандани алоқа бо ӯ ҳеҷ маслиҳате надорад. Дар ин сурат бояд ба ӯ наздиктар шуд ва ба ӯ эҳсон ва неки кард ва ба роҳҳои панду насиҳат барои ислоҳи ӯ бояд кушиш кард.

Ва дар хотима ончизе, ки баён карда шуд маҷмуъае аз ҳаромҳое буд, ки дар ҷомеъа ривоҷ ёфта ва ба фазли Илоҳӣ муваффақ шудем то онро ба шумо тақдим кунем.

Дар поён аз Худованди мутаол мехоҳам, ки ба фазли Худаш ба мо чунон тарсу парҳезгори иноят кунад, ки аз гуноҳон бозистем ва ба мо тавфиқи чунон тоате бидиҳад, ки ба он васила моро ба биҳишт бирасонад ва аз гуноҳон ва кутоҳиҳои мо бигзарад ва ба мо ончунон ризқу рузии ҳалоле иноят кунад, ки аз ҳаром бениёз бошем. Ва ба фазли Худаш моро аз дигарон бениёз кунад ва тавбаи моро бипазирад ва гуноҳонамонро биомурзад, бешакку тардид Ӯ шунаво ва ичобаткунандааст.



Дар ин китобча хонанда чанде аз амалҳои ҳаромро мехонад, ки бо далилҳои Қуръон ва суннат ҳаром гардонида шудаанд, вале бо вуҷуди ҳаром будани анҷом додани ин амалҳо бисёри аз мардум нисбати он бепарвои намуда онҳоро анҷом медиҳанд.