Навор дар бораи беҳтарин амал суҳбат намуда, сифатҳои онро баён мекунад, ки бо кадом сифатҳо амал метавонад аз дигараш беҳтару хубтар бошад.
Сифатҳои беҳтарин амал - (тоҷикӣ)
Ташбеҳи мардон ба занон ва занон ба мардон - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзӯъи мушобиҳатии мард бар зан ва зан бар мард, дар тарзи либоспӯши ва рафтор, суханрони кардааст. Ва дар зимни суханронияш ҳадисеро зикр кардааст, ки ингуна инсонҳоро Худо ва расулаш лаънат гуфтаанд.
Худованд карим аст - (тоҷикӣ)
Худованд карим аст ва яке аз сифатҳои Худованд карам мебошад, Пас бандагони Худованд бояд аз ин сифати Худованд пайравӣ намуда соҳибкарам ва саховатманд бошанд.
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар мавзӯъи онки масъулияти як зан бар души чаҳор мард аст, суҳбат карда баён мекунад, ки Худованд дар рӯзи охират ба сабаби як зан чаҳор мардро ба дӯзах ё ба биҳишт равона мекунад, ки он чаҳор мард масъули он зан дар дунё мебошанд.
Агар назари Худо аз ту бигардад! - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи тавфиқ ва ҳидояти Худои якто суҳбат карда баён мекунад, ки шахсҳое буданд соҳиби илму манзилат, аммо назари Худованд аз онҳо гашт ва онҳоро илму маърифаташон кумаке накард.
Хоҳарам! Ҳиҷоб сатр аст - (тоҷикӣ)
Аз фазилатҳои ҳиҷоб он аст, ки сатру пушиш аст. Ҳиҷоб бадани занро аз чашми номаҳрамон мепушонад. Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи ин фазилати ҳиҷоб бо зикр кардани аҳодиси набави ва сухани олимон, суханрони кардааст.
Тавба ва шартҳои он - (тоҷикӣ)
Устод Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзуи тавба кардан ва шартҳои он, ва инчунин дар бораи тавбаи насуҳ, ки ҳар касе бихоҳад аз гуноҳе тавба кунад бояд тавбаи насуҳ кунад, ва дигар ба он гуноҳ ру наорад,суҳбат мекунад.
Зану шавҳар мукаммили якдигаранд - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар мавзӯъи алоқа ва ҳамдигар фаҳми байни зану шавҳар суҳбат карда, баён мекунад, ки онҳо такмилкунандаи якдигаранд.
Дуоҳои аз хона баромадан - (тоҷикӣ)
Дуоҳое, ки вақти баромадан аз хона хонда мешавад, бо зикри ҳикмат ва фоидаҳои он.
Нақши зан дар тарбияи фарзандон - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар мавзӯи нақши зан дар оила ва тарбияи фарзандон ва ҷавонон, ки ояндаи ин миллат мебошанд, суҳбат мекунад.
Худованд золимонро дӯст намедорад - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар мавзӯъи зулм ва золимон суҳбат карда баён мекунад, ки Худованд золимонро дӯст намедорад ва ҳамавақт пуштбон ва кумаккунандаи мазлумон мебошад.
Хоҳарам! Ҳиҷоб ҳаё аст - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзӯъи фазилатҳои ҳиҷоб суҳбат карда бо баъзе аз оятҳои Қуръон ва суханони Паёмбар баён мекунад, ки ҳаё аз ҷумлаи фазилатҳои ҳиҷоб аст ва зани мусалмон бояд ҳама вақт боҳаё бошад, Ва ҳар хоҳаре бихоҳад ҳаё ва иффати худро муҳофизат кунад, пас ҳиҷоби....