×
Image

Рамазон моҳи ибодат аст - (тоҷикӣ)

Аҷру савоби ибодатҳо дар моҳи рамазон дучанд гардида, балки баъзеаш чанд баробар зиёд мешавад, савоби намози нафли баробари намози фарзи мегардад. Ва Паёмбари Худо (с) ин моҳро бо ибодат мегузаронд ва хусусан даҳ рӯзи охирашро.

Image

Ваъдаҳои Худованд барои бандагонаш - (тоҷикӣ)

Худованд ваъдаҳои зиёде барои бандагони муъминаш намудааст, ки аз ҷумлаи он ваъдаҳо мағфират ва омурзиши гуноҳон аст.

Image

Шукри неъматҳои Худованд - (тоҷикӣ)

Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар боби шукр кардани неъматҳое, ки Худованд барои ҳар як банда ато кардааст мавъиза мекунад, ва инчунин дар бораи даъват ва раҳнамои кардани дигарон ба суи корҳои хайр ва саховатманди, ки фоидааш барои тамоми мардум мебошад суханрони кардааст.

Image

Хоҳарам! Ҳиҷоб ҳаё аст - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзӯъи фазилатҳои ҳиҷоб суҳбат карда бо баъзе аз оятҳои Қуръон ва суханони Паёмбар баён мекунад, ки ҳаё аз ҷумлаи фазилатҳои ҳиҷоб аст ва зани мусалмон бояд ҳама вақт боҳаё бошад, Ва ҳар хоҳаре бихоҳад ҳаё ва иффати худро муҳофизат кунад, пас ҳиҷоби....

Image

Хоҳарам! Ҳиҷоб сатр аст - (тоҷикӣ)

Аз фазилатҳои ҳиҷоб он аст, ки сатру пушиш аст. Ҳиҷоб бадани занро аз чашми номаҳрамон мепушонад. Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи ин фазилати ҳиҷоб бо зикр кардани аҳодиси набави ва сухани олимон, суханрони кардааст.

Image

Ташбеҳи мардон ба занон ва занон ба мардон - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзӯъи мушобиҳатии мард бар зан ва зан бар мард, дар тарзи либоспӯши ва рафтор, суханрони кардааст. Ва дар зимни суханронияш ҳадисеро зикр кардааст, ки ингуна инсонҳоро Худо ва расулаш лаънат гуфтаанд.

Image

Хоҳарам! Ҳиҷоб имон аст - (тоҷикӣ)

Аз фазилатҳои ҳиҷоб ин аст, ки он имондори аст Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзӯъи ҳиҷоб ва инки ҳиҷоб аз сабабҳои имондори аст, суҳбат мекунад, ва дар давоми суханронии худ аз Қуръону суннат далелҳо оварда ёдовар мешавад, ки ҳиҷобпуши ба имон дории зан вобастаги дорад, ва ин....

Image

Хоҳарам! Ҳиҷоб покизагист - (тоҷикӣ)

Аз фазилатҳои ҳиҷоб ин покизаги аст Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзӯъи ҳиҷоб ва инки ҳиҷоб аз сабабҳои покизаги аст, суҳбат мекунад, ва дар давоми суханронии худ аз Қуръону суннат далелҳо оварда аст, ва ҳар хоҳаре, ки туҳру покизагиро хоҳад, пас ҳиҷоби исломиро риоя кунад.

Image

Шурӯи ҳаёти зану шавҳарӣ - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи сар кардани як ҳаёти нав барои ҳар як ҷавон ва духтар, ва онҳам ҳаёти зану шавҳари, ва ташҷиъ мекунад ки саршавии ин кори хайрро бо як тӯйи арусии исломи барпо кунанд, ва барои арусу домод баъзе насиҳатҳое мекунад.

Image

Хоҳарам ! Ҳиҷоб иффат аст - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзӯъи иффат, ки аз ҷумлаи фазоили ҳиҷоб башумор меравад, суханрони кардааст. Бо зикри оятҳои Қуръони ва ҳадисҳои набави собит мекунад, ки ҳиҷоб худ иффати зани мусулмон аст. Ва ҳар зане, ки мехоҳад иффати худро нигоҳ дорад, бояд ҳиҷоби исломиро риоя намояд.

Image

Оё ҳазрати Алӣ (р) марди бо ғайрат буд ?! - (тоҷикӣ)

Оё ҳазрати Алӣ (р) марди бо ғайрат буд???!!! Ин суоли тааҷуб овараст, бале шояд баъзеҳо гӯянд, ки чаро ин унвонро гузоштаанд, зеро аксари мардуми мусалмон аз шуҷоату далерии ҳазрати Алӣ (Худо аз ӯ рози бод) бохабаранд, вале хоҳиш мекунем ин наворро тамошо кунед, то сирри ин суолро пайдо кунед.

Image

Хоҳарам! Ҳиҷоб итоати Худо ва Расули Ӯст - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзӯъи ҳиҷоб ва фазилатҳои он суҳбат мекунад, ва яке аз бузургтарин фазилати ҳиҷоб ин худ итоати Худо ва Расули Ӯ мебошад, пас ҳар хоҳаре, ки бихоҳад аз Худо ва Расули Ӯ итоат кунад, ҳиҷобро бар сар кунад.