×
Image

Ҷумлаҳое, ки шайтонро аз мо дур мекунад - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи зикрҳо ва дуъоҳое суҳбат мекунад, ки ҳар мусалмоне онҳоро ба забон биорад Худованд ба сабаби он шайтонро аз ӯ дур мекунад.

Image

Авсофи уммати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар Қуръон - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил авсофи уммати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро чигунае, ки дар Қуръони карим омадааст, зикр менамояд.

Image

Чигуна балоро аз худ дур кунем? - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи баъзе корҳои хайре суҳбат мекунад, ки агар инсон онҳоро анҷом диҳад балоҳо бо хости Худо аз ӯ дур мешаванд ва аз ҷумлаи он амалҳо садақа додан аст.

Image

Бузургии дини Ислом - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи азамат ва бузургии дини мубини Ислом ва ибодати Худои якто суҳбат карда, мусалмононро ба Худотарси ва пайрави аз фармонҳо ва наҳйиҳои Парвардигор ва расули Ӯ ташвиқ мекунад.

Image

Худованд золимонро дӯст намедорад - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар мавзӯъи зулм ва золимон суҳбат карда баён мекунад, ки Худованд золимонро дӯст намедорад ва ҳамавақт пуштбон ва кумаккунандаи мазлумон мебошад.

Image

Нақши зан дар тарбияи фарзандон - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар мавзӯи нақши зан дар оила ва тарбияи фарзандон ва ҷавонон, ки ояндаи ин миллат мебошанд, суҳбат мекунад.

Image

Дуоҳои аз хона баромадан - (тоҷикӣ)

Дуоҳое, ки вақти баромадан аз хона хонда мешавад, бо зикри ҳикмат ва фоидаҳои он.

Image

Зану шавҳар мукаммили якдигаранд - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар мавзӯъи алоқа ва ҳамдигар фаҳми байни зану шавҳар суҳбат карда, баён мекунад, ки онҳо такмилкунандаи якдигаранд.

Image

Садақа кардан дар роҳи Худо аз дӯстдоштатарин чизҳо - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи садақа кардани инсон дар роҳи Худо аз беҳтарин ва дӯстдоштатарин чизҳояш суҳбат мекунад.

Image

Чаҳор нафари таъсиргузор дар тарбияи фарзандон - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар мавзӯъи тарбияи фарзанд суҳбат карда баён мекунад, ки шахсони таъсиргузор дар тарбияи онҳо падару модар ва муаллиму дӯсти хуб мебошад.

Image

Фазилати рӯзи Ҷумъа - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар мавзӯъи фазилат ва аҷру савоби рӯзи ҷумъа суҳбат карда амалҳои ин рӯзро бо аҷру савобаш баён мекунад.

Image

Хондани сураи Каҳф дар рӯзи ҷумъа - (тоҷикӣ)

Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи фазилати хондани сураи Каҳф дар рӯзи ҷумъа суҳбат мекунад.