Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзӯъи фазилатҳои ҳиҷоб суҳбат карда бо баъзе аз оятҳои Қуръон ва суханони Паёмбар баён мекунад, ки ҳаё аз ҷумлаи фазилатҳои ҳиҷоб аст ва зани мусалмон бояд ҳама вақт боҳаё бошад, Ва ҳар хоҳаре бихоҳад ҳаё ва иффати худро муҳофизат кунад, пас ҳиҷоби....
Хоҳарам! Ҳиҷоб ҳаё аст - (тоҷикӣ)
Хоҳари муъмин! Ҳиҷоб аз нишонаи имони туст - (тоҷикӣ)
Хоҳари муъмин! ҳиҷоб нишонаи имони туст, ва ҳиҷоби исломиро риъоят кардани хоҳари мусулмон далолат бар имону исломдории он хоҳари мусалмон мекунад, ва Худо накунад, ки ба сабаби беҳиҷоби имони худро аз даст диҳи.
Хоҳарам! Ҳиҷоб тақвост - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзӯъи фазилатҳои ҳиҷоб суҳбат мекунад, ва аз ҷумлаи фазилатҳои ҳиҷоб тақво ва худотарси аст, ки онро бо истинод бар оёт ва аҳодиси набави баён намудааст.
Достонҳои имонии сураи Каҳф - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор достонҳои имониро аз сураи Каҳф ва баъзе достонҳои дигарро аз Қуръони карим зикр намудааст. Аз ҷумла достони Асҳоби каҳф ва Ҳамсари Фиръавнро зикр намудааст.
Ваъдаҳои Худованд барои бандагонаш - (тоҷикӣ)
Худованд ваъдаҳои зиёде барои бандагони муъминаш намудааст, ки аз ҷумлаи он ваъдаҳо мағфират ва омурзиши гуноҳон аст.
Рамазон моҳи ибодат аст - (тоҷикӣ)
Аҷру савоби ибодатҳо дар моҳи рамазон дучанд гардида, балки баъзеаш чанд баробар зиёд мешавад, савоби намози нафли баробари намози фарзи мегардад. Ва Паёмбари Худо (с) ин моҳро бо ибодат мегузаронд ва хусусан даҳ рӯзи охирашро.
Ду ибодати бузург аст, ки соҳибашро рӯзи қиёмат шафоъат мекунад, он ду ибодат: Қуръон хондан ва рӯза гирифтан аст.
Рамазон, моҳи фурсатҳост - (тоҷикӣ)
Рамазон моҳи фурсатҳост, зеро Худованд дар ин моҳ барои бандагонаш фурсатҳоеро муяссар мекунад ки дар дигар моҳҳо нест, дар ин моҳ савоби ибодатҳо чанд баробар зиёд мешаванд ва шайтонҳо бо занҷирҳо баста мешаванд, то инки бандагони Худо аз ин моҳ барои касби ризо ва мағфирати Худованд баҳра баранд, пас ин....
Шукри неъматҳои Худованд - (тоҷикӣ)
Худованд барои бандагонаш неъматҳои фаровоне ато намудааст. Ин неъматҳо ҳоҷат ба шукргузори доранд, Пас чигуна мо шукри Худоро дар муқобили неъматҳояш ба ҷой оварем? Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил инро баён намуда мегуяд: Яке аз беҳтарин роҳҳои шукри неъматҳо итоат ва анҷом додани фармонҳои Худованд аст.
Муҳаммади амин, Муҳаммади содиқ... - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи баъзе аз сифатҳои Паёмбари Акрам Муҳаммад (Дуову дуруд ба ӯ бод) суҳбат мекунад, ва алалхусус дар бораи сифатҳое, ки мушрикини Қурайш пеш аз биъсати Паёмбар Ӯро бо он сифатҳо мешинохтанд. (Мисли: Муҳаммади Содиқ, Муҳаммади Амин ва дигар сифатҳое, ки барои мусулмонон намуна мебошанд.)
Садақаи Абубакри Сиддиқ бар Мистаҳ (р) - (тоҷикӣ)
Қиссаи ҷолиб ва таъсирбахши Абубакри Сиддиқ бо Мистаҳ (р), ки Абубакри Сиддиқ ба ӯ садақа доданро манъ кард, Ва баъди нозил шудани оёте аз ҷониби Худованд садақаи медодагиашро боз шуруъ кард.
Неъмати ҳидоят ба дини Ислом - (тоҷикӣ)
Неъматҳои худованд онқадар зиёданд, ки ҳисоби онро ғайр аз Худованд касе намедонад. Ва аз ҷумлаи он, неъмати ҳидоят ба суи Ислом аст. Ин аз ҷумлаи бузургтарин неъматҳо аст, ки барои баъзе аз бандагони Худо насиб шудааст ва ҳар мусулмон шукри ин неъматро бояд ба ҷой орад.

API
