Ин китоб нақл кунандаи яке аз мунозараҳои Имом Ҷаъфари Содиқ бо яке аз рофизиён мебошад.
Мунозараи имом Ҷаъфари Содиқ бо як Рофизӣ - (тоҷикӣ)
40 ҲАДИСИ НАБАВӢ ДАР ФАЗИЛАТИ РАМАЗОН - (тоҷикӣ)
Ин рисола фарогири 40 ҳадиси шариф ва гуҳарбори Пайғамбари раҳмат Муҳаммад (с) буда, дар мавриди фазилати моҳи Рамазон ва баракати рўза гирифтан андарин моҳи гуноҳсўз навишта шудааст.Рисолаи мазбур дастагули имониест дар шинохти фазилати моҳи мубораки Рамазон ва дастовези шарифест дар баланд бардоштани маърифати динии хонандаи арҷманд.
МУХТАСАРЕ АЗ МАНОСИК ВА РОҲНАМОИИ ҲАҶ - (тоҷикӣ)
Бародарон ва ҳоҷиёни муҳтарам! аз ин ки зиёрати хонаи Худо ва ҳаҷҷи Байтуллоҳи-л-ҳаром яке аз аркон ва бунёни асоси Ислом ба шумор меравад, пас, бояд мутобиқи суннат ва гуфтори Расули акрам-саллаллоҳу алайҳи васаллам- бошад чунонки он ҳазрат худ фармуданд: «خذوا عني مناسككم، فإني لا أدري لعلي لا أحج بعد حجتي....
Нигоҳи нав ба таърихи садри Ислом - (тоҷикӣ)
Ин китоб як фатрае аз муҳимтарин фатраҳои торихи исломиро дар бар мегирад, ва он ҳам : Баъд аз вафоти Паёмбари Ислом то соли 61-и ҳиҷри (то кушта шудани ҳазрати Ҳусейн –Худо аз он рози бод-) мебошад. Дар фасли нахустини ин китоб дар бораи он ки таърихро чи гуна бояд омўхт....
Нишонаҳои қиёмат (ба ривояти аҳли суннат) - (тоҷикӣ)
Китоби "Нишонаҳои Қиёмат (бо ривояти аҳли суннат) баён кунандаи аломатҳои рӯзи қиёмат, ки дар аҳодиси набави омадааст мебошад. Муаллифи китоб ҳама аломатҳои суғро ва кубро-ро, ки дар ҳадисҳои Расули худо (с) омадааст бо шарҳи онҳо зикр намудааст.
Чӣ гуна шавҳаратро некбахт мегардонӣ? - (тоҷикӣ)
Банда ин рисоларо бо умеди ин, ки Худованди таъоло ба василаи он зану шавҳарро нафъ мебахшад ҷамъоварӣ намудам, ва бояд бигӯям, ки зани хирадманди афифа нағз медонад, ки чӣ гуна шавҳарашро хушнуд созад ва чӣ тавр бо ахлоқи ҳамида, фармонбардорӣ аз шавҳар ва лутфу нармӣ муҳаббати шавҳарашро касб намояд. Расули....
Ин китоб роҷеъ ба зиндагинома, футуҳот, корномаи ду шахсияти бузурги таърихи ислом ва башарият, саҳобагони гиромӣ: Абубакр (р) ва Умар (р), ки ҳардуяшон хулафои рошидин ва падарарўсони (хусурони) Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) буданд, ба забони фасеҳу ширини форсии тоҷикӣ нақл мекунад.
Ин китоб, ки бо унвони «Сеҳрайн» маъруф аст, ҷилди дуюми китоби «Шайхайн» (Таърихи хулафои рошидин: Абубакр (р) ва Умар (р)) буда, роҷеъ ба зиндагӣ, футуҳот ва шаҳодати ду халифаи рошид, домодҳои паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с): Усмон (р) ва Алӣ (р) маълумот медиҳад ва барои доираи васеъи хонандагон пешкаш карда....
Алӣ ибни Абутолиб (р) - (тоҷикӣ)
Сӯҳбати мо дар бораи чаҳорумин ва охирин халифаҳои рошидин ва яке аз даҳнафараи башорат додашуда ба ҷаннат ва аввалин мусалмон аз хурдсолон ва наздиктарини насаб ба паёмбар (с) аз халифаҳои рошидин буд ва домоди паёмбар (с) шавҳари ҳазрати Фотима, (р) Абулҳасан Алӣ ибни Абутолиб (р) мебошад. Ҳазрати Алӣ (р) дар....
Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд? - (тоҷикӣ)
Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин,....
Ҷин дар Қуръон ва Суннат - (тоҷикӣ)
Ин китобча баёнкунандаи мавқифи Ислом бар вуҷуд доштани ҷин бо зикр кардани далелҳо аз Қуръону Суннат мебошад. Инчунин дар бораи хуроки ва нӯшокии ҷин ва даромадани ӯ дар инсон ва чигуна муъолиҷа кардани инсонро баён мекунад. Ва дар охир оятҳои Қуръониро، ки барои муъолиҷа мебошанд، бо як маҷмуъа насиҳатҳо зикр....
ОМЎЗИШИ ҲАДИС - (тоҷикӣ)
Тамоми уламои уммати исломи бар ин иҷмоъ ва иттифоқ намудаанд, ки масдари дуввуми шариъати Ислом Суннати набавӣ мебошад ва он бо масдари аввал (Қуръони карим) тавъам дар тавзеҳ ва такмили қавонини исломӣ нақши муассирро ифо менамояд. "...Бинобар ин, вақте банда китоби ҳозир “Омўзиши ҳадис”-ро дидам, ҳарчанд он муъҷаз ва мухтасар....

API
