Ҳангоми таҳқиқи воқеаҳои таърихи Ислом ва баррасии аҳодиси Расули Худо (с) мутаваҷҷеҳи ривоёте мешавем, ки дар мавқеиятҳо ва зарфиятҳое вижае ва ба хотири баён, ё таъкид бар мавзуъоти хос пешкаш шудааст.
Ҳадиси Ғадири Хум ва мавзӯъи имомат - (тоҷикӣ)
Китоб ҷанбаи омӯзишӣ ва тарбиявӣ дошта, бо шеваи нав омода гардидааст. Он аслан барои худомӯзии алифбои арабӣ пешбинӣ шуда ва ҳамзамон барои ғановати фикрии хонанда дар бахши дуюм ба тарҷима ва баёни хулосаи бистуяк сураи охири Қуръон пардохта, бахши сеюм ва чоруми онро бо омӯзаҳои имонӣ ва матолибӣ маънавӣ пурбор....
Қоидаи Бағдодӣ - (тоҷикӣ)
Қоидаи бағдоди китоби муфид аст барои таълими ҳуруф ва калимаҳои араби ва хусусан барои касоне, ки мехоҳанд хондани Қуръонро ёд бигиранд.
ФИҚҲИ ИСЛОМӢ (БАР АСОСИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ) - (тоҷикӣ)
Китоб нақши маънавии ибодат ва бандагии Худоро дар такомули рўҳӣ ва бинои шахсияти инсон мавриди таъкид қарор дода, аҳкоми ибодатҳо ва ҳолатҳои шахсӣ ва хонаводагиро бар асоси бузургтарин мактаби фиқҳӣ дар ислом мазҳаби ҳанафӣ баррасӣ ва пешкаши хонанда менамояд.
Китоби рӯза - (тоҷикӣ)
Китоби рӯза (гирифташуда аз китоби Шарҳи умдатулфиқҳ ва дигар масодири фиқҳи).
Аҳкоми садақаи фитр - (тоҷикӣ)
Ин рисолаи мухтасар дар баёни аҳкоми закоти фитр (садақаи фитр, фитри рӯза) тадвин гашта, ки аз фатово ва ақволи донишварон ҷамъоварӣ шудааст, то раҳнамову посухе барои пурсишҳои хонандагон бошад.
Дар ин китоб муаллиф дар бораи ҳаёт ва зиндаги ва чигуна ба ислом гаравидани ҳазрати Талҳа ва Зубайрро барои хонандагон баён мекунад, ва ин чунин баъзе фазилатҳо ва суханони Паёмбари ислом дар бораи ин ду саҳобии пешқадам ба ислом ва башорат додашуда ба ҷаннатро низ пешкаши хонандагон мекунад.
Васфи Ҷаннати ҷовидон дар Қуръони карим - (тоҷикӣ)
Мақолаи муфид ва мухтасар дар бораи биҳишт ва биҳиштиён ва васфи он дар Қурони карим.
Тазйин-ул-ибора ли таҳсин-ил-ишора - (тоҷикӣ)
Рисолаи «Тазйин-ул-ибора ли таҳсин-ил-ишора», ки онро олими фозил, муҳаддиси кабир, фақеҳи сиқаи ҳанафӣ Алӣ ибни Султон Муҳаммад, машҳур ба Мулло Алӣ Қорӣ (раҳ) навиштааст, дар муолаҷаи масъалаи ишораи саббоба беҳтарин ва муфидтарин китоб ба шумор меравад ва онро тақдими хонандагони гироми мегардонем.
Аз самими дилам ба самими дилҳо - (тоҷикӣ)
Аз самими дилам ба самими дилҳо, китобчаест дар мавзуъи бисёр муҳим, ақида ва афкори раисии мазҳаби шиаро зикр карда, дар мизони шариат ва ақл мегузорад, ва аз бародарони шиа даъват мекунад ки дар ин мавзуъҳо ақли солимро кор фармуда ба хуломаи дуруст биёянд ва роҳи ҳақро ихтиёр намоянд. Аз ҷумлаи....
МУХТАСАРИ САҲЕҲИ БУХОРӢ - (тоҷикӣ)
Ба иттифоқи тамоми уммати Ислом саҳеҳтарину мӯътамадтарин китоб баъди Қуръони карим “Саҳеҳ”-и имоми муҳаддисин Муҳаммад ибни Исмоъил Бухорӣ мебошад, ки инак мухтасари он (Мухтасари саҳеҳ бухорӣ) барои хонандагон пешкаш мегардад. Имом Бухори онро дар муддати 16 сол аз байни шашсад ҳазор ҳадиси ҳифз кардааш ба риштаи таҳрир дароавардааст. Ин асари....
20 нишонаи мунофиқон дар Қуръон - (тоҷикӣ)
Рисолаи "20 нишонаи мунофиқон дар Қуръон" дар баргирандаи таърифи нифоқ ва анвоъаш бо зикри 20 нишонае аз нишонаҳои нифоқ ва мунофиқон мебошад. Ва муаллиф бо такя бар оятҳо ин нишонаҳоро баён намудааст.

API
