Ин сурат баёнгари насаби Имом Муҳаммад Боқир –Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб- разияллоҳу анҳум аст, ва инчунин устодонаш ва баъзе аз суханҳояш ва суханҳое ки дар бораи он гуфта шуд.
Ин намунаҳои хешовандӣ гуёи муҳаббати ногусастанӣ ва хешовандии бисёр мустаҳкам миёни аҳли байт ва саҳобаи Паёмбар (с) аст. Ин китоб бо далелҳои равшан ва мустаҳкам мавзуи муҳаббати мавҷуд миёни онҳоро исбот мекунад ҳамон гуна ки Худованд дар васфи онҳо гуфтааст: \"Нисбат ба якдигар меҳрубон ва дилсӯзанд\".
ДӮСТӢ ВА ХЕШОВАНДӢ МИЁНИ АҲЛИ БАЙТ ВА САҲОБА - (тоҷикӣ)
ДӮСТӢ ВА ХЕШОВАНДӢ МИЁНИ АҲЛИ БАЙТ ВА САҲОБА : намунаҳои роҳнамо ва далолаткунанда бар алоқа ва иртиботи самимӣ миёни аҳли байт ва саҳоба
Ин шаҷаранома робитаи самимии аҳли байт ва саҳобаро нишон медиҳад, ва ин бар асоси китобҳои таърихи навишта шудааст. Пас бояд аз масоили таҳрифшуда дар таърих парҳез кард.
Муҳаббат ва дӯсти миёни саҳоба ва аҳли байт боис шуд, ки Али фарзандон ва наберагон, писарон ва духтаронашро ба номҳои саҳобагон номгузорӣ кунад. Зеро инсон ҷигаргушаҳояшро ба номҳои касоне, ки аз онон нафрат доранд, номгузори намекунад, балки беҳтарин номҳоро, ки барояшон бо арзиш ҳастанд, интихоб мекунад.
Ин сурат ба ин мавзуъҳо бо шакли мухтасар ишора мекунад: 1- Замон ва макони издивоҷ. 2- Хостгорҳо. 3- Маҳрия (маҳри арус). 4- Таоми арӯси. 5-Хона (хонаи шаҳу арӯс). 6- Лавозимоти хонаи арӯс.
Духтарони Паёмбар (дуъову дуруд бар У бод) - (тоҷикӣ)
Ин сурат дар бораи духтарони Паёмбар бо шакли мухтасаран маълумот медиҳад, ки онҳо: 1- Зайнаб. 2- Умми Кулсум. 3- Руқайя. 4- Фотима мебошанд.
Ин намуна аз робита ва ҳамбастагӣ миёни Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва хулафои рошидин разияллоҳу анҳум сухан мегуяд, ки онҳо Абубакри Сиддиқ ва Умар ибни Хаттоб ва Усмон ибни Аффон ва Алӣ ибни Абитолиб мебошанд. Ин ҳам далолат бар бузургии эшон ва робитаи қави байнашон мебошад.
Ин сурат баёнгари алоқаи хубе ки миёни Зубайр ибни Аввом ризияллоҳу анҳу ҳавории Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва манзили он ҳазрат буд баён мекунад.
Ин сурат баёнгари чаҳордаҳ издивоҷ дар тули як аср ва байни шаш силсила насаби Оли Алӣ ибни Абитолиб ва Оли Зубайр ибни Аввом рухдодааст, ин далолат ба дусти ва алоқамандии аҳли байт бо саҳобагон ва наберагони онҳо баъди вафоташон мекунад. Пас бояд аз масоили таҳрифшуда дар таърих парҳез кард.
Ин сурат баёнгари хешовандӣ миёни Оли Алӣ ибни Абитолиб ва Оли Талҳа ибни Убайдуллоҳ разияллоҳу анҳумо мебошад, ин далолат ба дусти ва алоқамандии аҳли байт бо саҳобагон ва наберагони онҳо баъди вафоташон мекунад. Пас бояд аз масоили таҳрифшуда дар таърих парҳез кард.
Ин сурат баёнгари домодҳои Ҳусайн ибни Али ибни Абитолиб аз фарзандони саҳобаҳои киром мебошад, ва ҳамаи ин хешовандиҳо воқеъ шудааст баъди ҷанги карбало (Ҳиҷрия), ба ҷуз издивоҷи Ҳасан (Алмусанно) бо Фотима ва Абдуллоҳ ибни Ҳасан бо Сакина.

API

