Худованд сифатҳои воломақом ва номҳои зебое дорад
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Худованд сифатҳои воломақом ва номҳои зебое дорад
إن لله أسماء الحسنى وصفات العلى
< الطاجيكية : Тоҷикӣ >
Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ
عبد العزيز بن مرزوق الطريفي
Тарҷума: Дорул-ислом/ Тоҷикӣ
Таҳия: Мусъаби Ҳамза
ترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي
إعداد: مصعب حمزة
Худованд сифатҳои воломақом ва номҳои зебое дорад
Худованд сифатҳои воломақом ва номҳои зебое дорад ва касе дар бораи нафси худ чуноне, ки Худованд аз он бохабар аст, хабар надорад ва ҳарчиро, ки Худованд барои худ намеписандад мо низ онро барои Ӯ намеписандем, ва исбот мекунем барои Худованд ончиро, ки Ӯ барои худаш дар китобаш ё бо забони паёмбараш исбот кардааст, ва бо шакли ом ҳар ноқисиеро барои Ӯ намеписандем, ва бо тафсил ҳар сифати камолро барои Ӯ меписандем, ва намегуем чигуна ва намегуем ба мисли ки ё бо шабоҳати ки.
Ва ҳарки Худовандро ба таври муфассал бо сифатҳои ноқиси сифат намояд мо онро барои Худованд бо таври муфассал рад менамоем чуноне, ки Худованд зану фарзандро аз барои худ қабул надорад, чуноне, ки мефармояд:
﴿أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُۥ وَلَدٞ وَلَمۡ تَكُن لَّهُۥ صَٰحِبَةٞۖ ١٠١﴾ [الانعام: ١٠١]
«Чӣ гуна Ӯро фарзанде бошад ва ҳол он ки Ӯро ҳамсаре нест».
Сураи Анъом 101
Ва боз мефармояд:
﴿لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ ٣﴾ [الاخلاص: ٣]
«На зоида аст ва на зоида шуда»
Сураи Ихлос 3
Ва Худованд аз он чи, ки яҳудиён Ӯро ба сифати бахили васф карда буданд онро рад намуда мефармояд:
﴿وَقَالَتِ ٱلۡيَهُودُ يَدُ ٱللَّهِ مَغۡلُولَةٌۚ غُلَّتۡ أَيۡدِيهِمۡ وَلُعِنُواْ بِمَا قَالُواْۘ بَلۡ يَدَاهُ مَبۡسُوطَتَانِ ٦٤﴾ [المائدة: ٦٤]
«Яҳуд гуфтанд, ки дасти Худо баста аст. Дастҳои худашон баста бод? Ва ба он сухан, ки гуфтанд, малъун гаштанд. Дастҳои Худо кушода аст».
Сураи Моида 64
Ва ончи, ки аз тариқи ваҳй нозил шудааст чуноне, ки аст ҳамон тавр онро қабул дорем, мисли ончи, ки дар асмо ва сифоти Худованд омадааст, ҳақиқати онро исбот мекунем ва баъзе асарҳояшро пайгири мекунем, ва аз он зиёд кофтукоб намекунем, ва чизе ба монанди Худованд нест.
Худованд мефармояд:
﴿لَيۡسَ كَمِثۡلِهِۦ شَيۡءٞۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ١١﴾ [الشورى: ١١]
«Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯст, ки шунавову биност!».
Сураи Шуро 11
Ва ҷоиз нест, ки сифатҳои Худовандро бо чизе қиёс кунем, чун барои қиёс лозим аст, ки аслу фаръ дошта бошад ва Худованд ҳеҷ монанде надорад, на тавалуд мекунад ва на тавалуд шудааст ва касе ба Ӯ баробар шуда наметавонад.
Ва ақлҳо олатҳое мебошанд, ки Худованд онҳоро халқ намудааст ҳарчиро, ки мебинад ҳамонро қиёс мекунад, Худованд ончиро, ки дар бораи худ хабар додааст танҳо ҳамонро мешунавад локин онро надидааст, пас он шунидаашро ба ҳар монандие, ки мебинад ба он қиёсаш мекунад, ва ҳар ақл мувофиқи ончи, ки дидааст ҳамон тавр тасавураш мекунад ва кайфияти онро мувофиқи ончи, ки мебинад тасавур мекунад ва ақле нест, ки Худовандро бо чизе монанд кунонад, пас набояд номе аз номҳои Худовандро ё сифате аз сифатҳояшро ба хотири ҳар сифате, ки дар назари мо бад намоён аст беҳуда ё рад намоем, ё яке аз номҳои Худовандро ба чизи номуносибе қиёс намоем, ки бо он корамон хабари саҳеҳеро такзиб намоем, локин ончики бар мо лозим аст, он аст ки ҳарчи дар назарамон маънои бад дорад Худовандро аз он муназзаҳ бидонем ва он номҳо ё сифатҳоеро, ки Худованд барои худ пазируфтааст мо низ онро исбот намоем ва аз он ҳудуд берун наравем то, ки дучори хатои бузурге нагардем.
Худованд мефармояд:
﴿يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَلَا يُحِيطُونَ بِهِۦ عِلۡمٗا ١١٠﴾ [طه: ١١٠]
«Ҳар чиро дар пеши рӯи онҳост ва ҳар чиро дар пушти сарашон аст медонад ва илми онон Ӯро дар бар нагирад».
Сураи Тоҳо 110
Ва боз мефармояд:
﴿لَّا تُدۡرِكُهُ ٱلۡأَبۡصَٰرُ وَهُوَ يُدۡرِكُ ٱلۡأَبۡصَٰرَۖ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلۡخَبِيرُ ١٠٣﴾ [الانعام: ١٠٣]
«Чашмҳо Ӯро намебинанд ва Ӯ бинандагонро мебинад. Дақиқу огоҳ аст!»
Сураи Анъом 103
Ва Худованд барқарор аст болои аршаш дар осмон.
Худованд мефармояд:
﴿هُوَ ٱلۡأَوَّلُ وَٱلۡأٓخِرُ وَٱلظَّٰهِرُ وَٱلۡبَاطِنُۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ ٣ هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يَعۡلَمُ مَا يَلِجُ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا يَخۡرُجُ مِنۡهَا وَمَا يَنزِلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ وَمَا يَعۡرُجُ فِيهَاۖ وَهُوَ مَعَكُمۡ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ ٤﴾ [الحديد: ٣، ٤]
«Ӯст аввалу охир ва зоҳиру ботин ва Ӯ ба ҳар чизе доност! Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Сипас ба Арш истиво ёфт. Ҳар чиро дар замин фурӯ равад ва ҳар чиро аз замин берун ояд ва ҳар чиро аз осмон фуруд ояд ва ҳар чиро ба осмон боло равад, медонад. Ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност!».
Сураи Ҳадид 3 - 4
Худованд ин барқарорияшро худ исбот намудааст ва илми Ӯ тамоми чизро дар бар гирифтааст ва ҳамроҳияшро ба бандагонаш хабар додааст, Ӯ бо бандагонаш аст бо илмаш ва шунавоияш ва биноияш чуноне, ки мефармояд:
﴿وَهُوَ مَعَكُمۡ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ ٤﴾ [الحديد: ٤]
«Ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност!»
Сураи Ҳадид 4
Ва Ӯ бо дӯстдоронаш аст, бо нусрат доданашон ва пуштибони карданашон ва рози буданаш аз онҳо чуноне, ки ба Мусо (а) ва Ҳорун (а) гуфт:
﴿قَالَ لَا تَخَافَآۖ إِنَّنِي مَعَكُمَآ أَسۡمَعُ وَأَرَىٰ ٤٦﴾ [طه: ٤٦]
«Гуфт: «Матарсед. Ман бо шумо ҳастам. Мешунаваму мебинам».
Сураи Тоҳо 46
Ва барои Худованд хостаҳояш иҷро шаванда аст, дар тамоми чизҳо ҳарчиро бихоҳад иҷро мегардад ва ҳарчиро нахоҳад иҷро нахоҳад гашт, мо инро исбот мекунем чуноне, ки Худованд онро барои худаш исбот кардааст ва дар ин бора аз ин зиёд кофтукоб намекунем чуноне, ки ақлониён ин корро мекунанд, дар умури имконнопазирҳо дохил мешаванд, ва мехоҳанд ду чизи боҳам зидро якҷо намоянд.
Худованд мефармояд:
﴿قَالَ كَذَٰلِكَ ٱللَّهُ يَفۡعَلُ مَا يَشَآءُ ٤٠﴾ [ال عمران: ٤٠]
«Гуфт; Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, мекунад».
Сураи оли Имрон 40
Ва боз мефармояд:
﴿وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يُرِيدُ ٢٥٣﴾ [البقرة: ٢٥٣]
«Вале Худо ҳар чӣ хоҳад мекунад».
Сураи Бақара 253
Ва боз мефармояд:
﴿ذُو ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡمَجِيدُ ١٥ فَعَّالٞ لِّمَا يُرِيدُ ١٦﴾ [البروج: ١٥، ١٦]
«Ӯст соҳиби Арши бузург. Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад».
Сураи Буруҷ 15 - 16
Ва мо исбот мекунем ончиро ки аз тариқи ваҳй исбот шудааст, ва дар ғайри он боз меистем ва ҳарчиро, ки ақл далолат бар ноқиси мекунад Худовандро аз он муназзаҳ медонем агар чи ин ноқисиҳо дар Қуръону суннат зикр нашуда бошанд, мисли ғамгини ва гиря ва гуруснаги ва ғайраҳо.