Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ҳаждаҳум: Ба масҷид бурдани кӯдаки ширхор, Ва дар кадом марҳилаҳо ба масҷид бурдани кӯдак кароҳат дорад?
Дастабандиҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ҳаждаҳум:
Ба масҷид бурдани кӯдаки ширхор, Ва дар кадом марҳилаҳо ба масҷид бурдани кӯдак кароҳат дорад?
سلسلة تربية الأولاد, القسم الثامن عشر: عن أخذ الولد إلى المسجد و متى يكره ذلك
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ҳаждаҳум:
Ба масҷид бурдани кӯдаки ширхор, Ва дар кадом марҳилаҳо ба масҷид бурдани кӯдак кароҳат дорад?
Зан вақте хоҳад барои намози ҷамоат ба масҷид биравад, ӯро ҷоиз аст дар сурати рағбат доштан кӯдаки ширхори хешро ҳамроҳи худ ба масҷид бибарад, ба шарте ки шавҳараш ба ӯ иҷозат диҳад, чунонки дар ривоят омадааст: «Чунин заноне, ки бо ҷамоат намоз мехонданд, Расули Худо (с) намозро кӯтоҳ мехонданд ва ба он зиёд тӯл намедоданд, ба хотири меҳр варзидан ба кӯдак ва пешгирӣ аз парешониву душворӣ, ки дар асари гиряи кӯдаки ширхор барои модараш пеш меомад».
Абдурраззоқ аз ибни Ҷурайҳ,ӯ низ аз Ато (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: «Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳангоми намоз гузоридани ҷамоат гиряи кӯдакро, ки мешунавам, намозро сабук ва кӯтоҳ мехонам аз тарси ин ки мумкин аст гиряи кӯдак модарашро дучори парешонӣ ва ташвиши хотир кунад».[1]
Боз ривоят шудааст: Рӯзе Расули Худо (с) дар намози субҳ сураҳои «Фалақ» ва «Нос»-ро хонданд. Вақте ки салом доданд, ҳозирон арз карданд: «Эй Расули Худо (с), намозро кӯтоҳ хондед! Он ҳазрат (с) фармуданд: «Садои гиряи кӯдакеро шунидам, тарсидам, ки модарашро дучори нороҳатӣ ва парешонӣ кунад».
Косонӣ дар «Ал-Бадоеъ» ба мазмуни ин ҳадис равшанӣ андохта гуфтааст: «Ин ҳадис ишора ба он дорад, ки «лозим аст имом риояи ҳоли афродеро, ки пушти сари ӯ намози ҷамоат мехонанд, бинамояд ва тардиде нест, ки риоя намудани ҳоли намозгузорон мӯҷиби афзоиши афроди ширкаткунанда дар ҷамоат мегардад ва чунин коре низ барои имом мустаҳаб мебошад».
Анас ибни Молик (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) вақте садои гиряи кӯдаки ширхореро, ки модараш ҳамроҳи худ ба масҷид оварда буд, мешуниданд, дар намози ҷамоат сураи кӯтоҳе ва ё миқдори каме аз Қуръонро мехонданд».[2]
Боз аз Анас (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Бегумон, ман вақте дохили намоз мешавам, мехоҳам онро тӯлонӣ бихонам, аммо ба маҳзи ин ки садои гиряи кӯдакро мешунавам, намози худро кӯтоҳу мухтасар менамоям ба хотири ин ки медонам дар асари гиряи кӯдаки ширхор модараш ба ваҷду изтироб меафтад».[3]
Ривоят шудааст: «Расули Худо (с) дар ҳоле ки дар намоз буданд, нидои кӯдакеро шуниданд, пас намозашонро мухтасар хонданд ва мо дарёфтем, ки он ҳазрат (с) ин корро ба хотири меҳр варзидан нисбат ба кӯдаке анҷом доданд, ки медонистанд модараш пушти сари Ӯ намози ҷамоат мехонад».[4]
Дар кадом марҳилаҳо ба масҷид бурдани кӯдак
кароҳат дорад?
Бояд донист, дар марҳилае бурдани кӯдак ба масҷид кароҳат дорад, ки ба ӯ омӯхта нашудааст, ки чӣ гуна пеши пешобу мадфуъ (ахлот)-и худро бигирад. Ин дарвоқеъ марҳалае аст, ки кӯдак қодир набошад худаш барои қазои ҳоҷат мустақилан ба ҳоҷатхона биравад ва ҳамчунин натавонад худро ба яке аз волидайни хеш бирасонад, ки ӯро барои қазои ҳоҷат ба ҳоҷатхона бибаранд. Пас набояд падару модар чунин кӯдакеро ҳамроҳи худ ба масҷид бибаранд ва ҳатто Расули Худо (с) хитоб ба падарону модарон фармудаанд, ки кӯдаки хешро дар ин марҳала (дар ғайри ҳолатҳои изтирорӣ) ба масҷид набаранд, чунончи ривоят шудааст, ки фармуданд:
«Аз бурдани кӯдакони худ ба масҷидҳо иҷтиноб кунед».[5]
Парастории кӯдак ҳаққи модар аст, Ва сарварӣ ва идораи хона ҳаққи падар аст
Тарбияи кӯдакон ва таваҷҷӯҳ бар онон дар даврони хурдсолӣ ҳамон чизе аст, ки дар фиқҳи Ислом ба ҳизонат машҳур мебошад. Табиист, ки занон барои анҷоми ин амри муҳим аз мардон тавонотар ва шоистатар мебошанд ба хотири ин ки занон бар фитрати утуфату меҳрубонӣ ва сабру бурдборӣ бештар офарида шудаанд, ки ҳамин хусусиятҳо ононро бар мардон дар масъалаи тарбияву парвариши хурдсолон муқаддам доштааст. Табиӣ аст, ки модар бар падар ва бибӣ бар бобо муқаддам мебошад. Чунонки ривоят кардаанд: Зане назди Расули Худо (с) омада гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Ин кӯдак дар шиками ман ба вуҷуд омадаву рушд намудааст, аз пистони ман шир хӯрдааст, оғӯшам низ маҳалли парвариши ӯ буда, вале падараш маро талоқ дода ва акнун мехоҳад ин кӯдакро аз ман бигирад ва назди худ бибарад!» Расули Худо (с) фармуданд: «Ту барои ӯ шоистатарӣ, модоме ки шавҳар накардаӣ».[6]
Сарварӣ ва идораи хона ҳаққи падар аст
Раҳбарӣ ва сарпарастии хона, Назорат ва зери назар гирифтани фарзандон, фароҳам намудани амри таълиму тарбия, масоили марбут ба масъулиятҳои зиндагӣ ва таъйини машғулиятҳову ҳирфаҳои иҷтимоии онон бар ӯҳдаи мард мебошад. Ҳамчунин умури қазоӣ, иҷрои аҳком ва қонунҳои диниву фиқҳӣ дар дасти мардон аст, чун мардон ба хотири хусусиятҳои фитрии мардона барои анҷоми чунин корҳое аз занон тавонотаранд, зеро ба таври фитрӣ дар баробари сахтиҳову мушкилиҳои зиндагӣ аз қудрату шиддат ва суботу истиқомати бештаре бархӯрдоранд ва аз ин назар бар занон муқаддам мебошанд. Дар ин робита, метавон барои огоҳии комил бар масоиле, ки марбут ба занону онҳое, ки ихтисос ба мардон доранд, ба китобҳои мӯътабари фиқҳӣ ва аҳволи шахсӣ муроҷиат намуд.
[1]. Ба ривояти Абдурраззоқ дар «Мусаннаф» аз Ибни Ҷурайҳ (р).
[2]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ» 3/50 ва ба ривояти Муслим.
[3]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ» 3/50 ва ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.
[4]. Ба ривояти Аҳмад аз ҳадиси Анас (р).
[5]. Ба ривояти Ибни Моҷа ва Абдурраззоқ дар «Мусаннаф» аз Восила ибни Асқаъ.
[6]. Ба ривояти Абудовуд ва Ҳоким аз Амр ибни Шуъайб аз падар ва аз бобояш.