Ҳукми шир додани кӯдак дар ҳоли ҷанобат
Дастабандиҳо
Full Description
Ҳукми шир додани кӯдак дар ҳоли ҷанобат
إرضاع المرأة طفلها وهي جنب
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Мусъаб Ҳамза
إعداد: مصعب حمزة
Ҳукми шир додани кӯдак дар ҳоли ҷанобат
Пурсиш:
Баъд аз ҳамхобаги кардани зану шавҳар, ва пеш аз ғусл кардан, оё ҷоиз аст, ки зан кудакашро шир маконад? Ва дар ҳоле ин кор ҷоиз набошад ва рӯй дода бошад, Пас зан бояд чи кор кунад? Худованд ҷазои хайр диҳад шуморо.
Посух:
Дар ҳолати ҷанобат шир додани зан кудакашро ҳеҷ ҳараҷе нест, (Яъне: шир додани зан кудакашро дар ҳолати ҷанобат ё ҷунуб будан ҷоиз аст ва мушкиле вуҷуд надорад), Ва Худованд тавфиқ диҳад ва дуруди Худованд бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳобаш бод.
Лаҷнаи доими барои баҳсҳои илмӣ ва фатво.
Фатвои рақами (9797)
Илова бар ин фатво:
Ҳукми шир додани кӯдак дар ҳоли ҷанобат.
Пурсиш:
Баъд аз ҳамхобаги кардани зану шавҳар, ва пеш аз ғусл кардан, оё ҷоиз аст, ки зан кудакашро шир маконад? Яъне ғусл нокарда шир дихад чи мешавад?.
Посух:
Ҳеҷ боке надорад. Ва ҳеҷ далеле дар шариъат барои манъи он наёмадааст.
Ҳолате ки баъди ҷимоъ мешавад, номаш ҷанобат аст. Ва ин ҷанобат инсонро аз баъзе чизҳо боз медорад. Яъне ҷоиз нест, ки инсон баъзе корҳои махсусро кунад, ки шашто ҳаст: Намозхонӣ, қуръонро ламс кардан, ва қуръон хондан, ва ҳамли қуръон, ва тавоф кардан, ва дар масҷид мондан.
Вале шир маконидан ва таъом хӯрдан ва зикр кардан ва аз хона хориҷ шудан, ва амсоли инҳо, ҳаром нест.
Ва инсоне ки ҷунуб ҳаст, маънои онро надорад, ки бадани ӯ наҷас ва нопок бошад.
Чи тавре ки АбуҲурайра ба сабаби ҷанобат аз Паёмбар пинҳон шудаву Паёмбар ба ӯ гуфта буд:
«Эй АбоҲирр! Муъмин нопок намешавад».
(Бухорӣ 276, Муслим 556).
Ва Ибни Ҳаҷар дар шарҳи ин ривоят гуфта:
«Дар ин ҳадис далел аст, барои ҷоиз будани таъхири ғусл … ва инки шахси ҷунуб метавонад ба ниёзҳояш бипардозад (корҳояшро анҷом диҳад)». Фатҳулбори, 1/391.
Ва ҳамчунин аз рафтори худи Паёмбар далел аст, ки Умми Салама ва Оиша (разияллоҳу анҳумо) ҳамсарони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ривоят мекунанд, ки:
عَنْ عَائِشَةَ وَأُمِّ سَلَمَةَ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ يُدْرِكُهُ الْفَجْرُ وَهُوَ جُنُبٌ مِنْ أَهْلِهِ ثُمَّ يَغْتَسِلُ وَيَصُومُ.
«Фаҷр мешуд (яъне вақти намози фаҷр мерасид) ва Паёмбар дар ҳоли ҷанобат буд ва Паёмбар ғусл мекарду рӯзаашро медошт».
(Бухорӣ 1926, Муслим 1109).
Ва аз ин ҳадис маълум аст, ки Паёмбар дар ҳоли ҷанобат саҳарӣ мехӯрд (барои рӯзадорӣ) ва рӯзаашро медошт, ва сипас ғусл кардаву ба намози бомдод мерафт.
Вале мустаҳабб аст, ки шахси ҷунуб дар ин гуна ҳолатҳо вузуъ бигирад. Ва ҳамин суннати Паёмбар буда!
Аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст:
"إذا أراد أن يأكل أو ينام وهو جُنُبْ تَوَضَّأ".
«Агар Паёмбар дар ҳоли ҷунуб буданаш хӯрок хӯрданӣ мешуд ва ё хобидан мехост, вузуъ мегирифт». (Муслим 461).
Ва Умар (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар суол кард, ки оё ҷоиз аст, дар ҳоли ҷанобат хобидан, Паёмбар посух дод: «Бале, агар вузуъ бигирад…». (Бухорӣ 283, Муслим 306).
Ва ҳамчунин барои дубора ҳамхоба шудан бо ҳамсар, ва ё ҳамхобагӣ бо ҳамсари дуввум, мустаҳабб аст, ки вузуъ бигирад.
Ва дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуда:
"ثَلَاثَةٌ لَا تَقْرَبُهُمْ الْمَلَائِكَةُ جِيفَةُ الْكَافِرِ وَالْمُتَضَمِّخُ بِالْخَلُوقِ وَالْجُنُبُ إِلا أَنْ يَتَوَضَّأَ".
رواه أبو داود 4180 وحسنه الألباني في صحيح أبي داود 3522
«Се нафарро фариштагон (-и раҳмат ва баракат) наздик намешаванд: мурдаи кофир, ва марде ки ба халуқ (хушбуии заъфарондор) олуда шуда (ба хотири мушобаҳат ба бонувон аст), ва шахси ҷунуб, магар инки вузуъ бигирад».
(АбуДовуд 4180).
Ва аз ин ҳадис маълум аст, ки малоикаи раҳмат ва хайру баракат ба шахси ҷунуб наздик намешаванд, магар инки вузуъ бигирад. Ва шояд, мурод аз ин ҳадис он шахсоне бошанд, ки одатан ба ҷанобати худ аҳаммият намедиҳанд ва аксари вақт дар ҳоли ҷанобат гаштаву ғуслашонро ба таъхир меандозанд, ва ин далолат ба камбуди динашон ва нопокияшон мекунад.
Аммо ончӣ, ки баъзе аз мардум гумон мекунанд, ки шахси ҷунубро хӯрок пухтанаш ва ё хамир карданаш ҳаром аст ва баракати хона меравад, инҳо ҳамагӣ ботил аст. Ва ингуна эътиқодҳои ботил ва хурофот, ба сабаби ҳадисҳои бофтаву дурӯғин аст.
Шайх Шуқайрӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
«Ва ҳамчунин аз ҷумлаи ботилҳо, ин ақидаи занҳо мебошад, ки агар хонуми ҷунуб хамир кунад, ба хотири ҷанобаташ он хамир фосид мешавад, ва ҳар чизе ки ин хонуми ҷунуб даст кунад, баракатро аз байн мебарад». (Суннатҳову бидъатҳо, саҳ. 31).
Ва Аллоҳ донотар аст.
Муҳаммадазиз Раҷаби
Лаҷна Доима Лилбуҳус ва ал-Ифто