×
Қуръон каломи Худованд аст ва дар ҳақиқат Худованд онро бо ҳарфҳо ва оятҳову сураҳояш сухан гуфтааст. Гирифташуда аз китоби Фаслҳо дар ақида “Нома ба сӯи аҳли Шом”

    Қуръон каломи Худованд аст

    القرآن كلام الله

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ

    عبد العزيز بن مرزوق الطريفي

    —™

    Тарҷума: Дорул-ислом/ Тоҷикӣ

    Таҳия: Мусъаби Ҳамза

    ترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي

    إعداد: مصعب حمزة

    Қуръон каломи Худованд аст

    Қуръон каломи Худованд аст ва дар ҳақиқат Худованд онро бо ҳарфҳо ва оятҳову сураҳояш сухан гуфтааст, ва мо намегуем, ки Қуръон иборат ё ҳикояте аз маънои сухани Худованд аст, ва балки мегуем Худованд то ҳол сухан мегуяд ва ҳар вақто, ки хоҳад сухан бигуяд, мегуяд чуноне, ки мефармояд:

    ﴿وَرُسُلٗا قَدۡ قَصَصۡنَٰهُمۡ عَلَيۡكَ مِن قَبۡلُ وَرُسُلٗا لَّمۡ نَقۡصُصۡهُمۡ عَلَيۡكَۚ وَكَلَّمَ ٱللَّهُ مُوسَىٰ تَكۡلِيمٗا ١٦٤﴾ [النساء: ١٦٤]

    «Ва паёмбароне, ки пеш аз ин достонҳояшонро барои ту гуфтаем ва онон, ки достонҳояшонро барои ту нагуфтаем. Ва Худо бо Мӯсо сухан гуфт, сухан гуфтане бевосита».

    Сураи Нисо 164

    Ва боз мефармояд:

    ﴿وَلَمَّا جَآءَ مُوسَىٰ لِمِيقَٰتِنَا وَكَلَّمَهُۥ رَبُّهُۥ ١٤٣﴾ [الاعراف: ١٤٣]

    «Чун Мӯсо ба миъодгоҳи (ваъдагоҳи) мо омад ва Парвардигораш бо ӯ сухан гуфт».

    Сураи Аъроф 143

    Ва каломи Худованд суханаш мебошад чуноне, ки мефармояд:

    ﴿وَٱللَّهُ يَقُولُ ٱلۡحَقَّ ٤﴾ [الاحزاب: ٤]

    «Ва Худованд ҳақро мегуяд».

    Сураи Аҳзоб 4

    Ва каломи Худованд дар синаҳо ҳифз мешавад чуноне, ки мефармояд:

    ﴿بَلۡ هُوَ ءَايَٰتُۢ بَيِّنَٰتٞ فِي صُدُورِ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَۚ ٤٩﴾ [العنكبوت: ٤٩]

    «Балки Қуръон оётест равшан, ки дар синаи аҳли дониш ҷой дорад».

    Сураи Анкабут 49

    Ва каломи Худованд бо гушҳо шунида мешавад чуноне, ки мефармояд:

    ﴿وَإِنۡ أَحَدٞ مِّنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ٱسۡتَجَارَكَ فَأَجِرۡهُ حَتَّىٰ يَسۡمَعَ كَلَٰمَ ٱللَّهِ ٦﴾ [التوبة: ٦]

    «Ва ҳар гоҳ яке аз мушрикон ба ту паноҳ овард, паноҳаш деҳ то каломи Худоро бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, зеро инҳо мардуме нодонанд».

    Сураи Тавба 6

    Ва бо вуҷуди он, ки расонандаи сухани Худованд ба суи бандагонаш Паёмбар (с) мебошад ин маънои онро надорад, ки сухан, сухани Худованд набошад.

    Ва сухани Худованд навишта шудааст дар варақҳо чуноне, ки мефармояд:

    ﴿وَكِتَٰبٖ مَّسۡطُورٖ ٢ فِي رَقّٖ مَّنشُورٖ ٣﴾ [الطور: ٢، ٣]

    «Ва қасам ба китоби навишташуда, дар сафҳае кушода (Қуръон)».

    Сураи Тур 2 - 3

    Ва ин чунин Худованд каломашро дар назди худ дар лавҳи маҳфуз ҳифз намудааст чуноне, ки мефармояд:

    ﴿بَلۡ هُوَ قُرۡءَانٞ مَّجِيدٞ ٢١ فِي لَوۡحٖ مَّحۡفُوظِۢ ٢٢﴾ [البروج: ٢١، ٢٢]

    «Бале, ин Қуръони маҷид аст. Дар лавҳи маҳфуз!».

    Сураи Буруҷ 21- 22

    Ва боз мефармояд:

    ﴿وَإِنَّهُۥ فِيٓ أُمِّ ٱلۡكِتَٰبِ لَدَيۡنَا لَعَلِيٌّ حَكِيمٌ ٤﴾ [الزخرف: ٤]

    «Ва он дар уммулкитоб аст дар назди Мо: китобе арҷманду ҳикматомез».

    Сураи Зухруф 4

    Ва навишта будани он низ маънои онро надорад, ки он сухани Худованд набошад, чунки варақ махлуқ аст ва ҳамчунин ранг низ чуноне, ки мефармояд:

    ﴿وَلَوۡ نَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ كِتَٰبٗا فِي قِرۡطَاسٖ ٧﴾ [الانعام: ٧]

    «Ҳатто агар китобе навишта бар рӯи коғаз бар ту нозил мекардем».

    Сураи Анъом 7

    Дар ин оят китобро мустақил зикр намудааст ва қоғазро мустақил аз китоб.

    Дар ин оят Худованд исбот намудааст, ки Қуръон каломи Ӯст агарчи онро қаламҳои махлуқшуда бинависанд ва бо кумаки қаламҳо навишта шавад чуноне, ки мефармояд:

    ﴿وَلَوۡ أَنَّمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ مِن شَجَرَةٍ أَقۡلَٰمٞ وَٱلۡبَحۡرُ يَمُدُّهُۥ مِنۢ بَعۡدِهِۦ سَبۡعَةُ أَبۡحُرٖ مَّا نَفِدَتۡ كَلِمَٰتُ ٱللَّهِۚ ٢٧﴾ [لقمان: ٢٧]

    «Ва агар ҳамаи дарахтони рӯи замин қалам шаванд ва дарё мураккаб (ранг) ва ҳафт дарёи дигар ба мададаш биёяд, суханони Худо поён намеёбад».

    Сураи Луқмон 27

    Ва боз мефармояд:

    ﴿قُل لَّوۡ كَانَ ٱلۡبَحۡرُ مِدَادٗا لِّكَلِمَٰتِ رَبِّي لَنَفِدَ ٱلۡبَحۡرُ قَبۡلَ أَن تَنفَدَ كَلِمَٰتُ رَبِّي وَلَوۡ جِئۡنَا بِمِثۡلِهِۦ مَدَدٗا ١٠٩﴾ [الكهف: ١٠٩]

    «Бигӯ: Агар дарё барои навиштани калимоти Парвардигори ман ранг шавад, дарё ба поён мерасад ва калимоти Парвардигори ман ба поён намерасад, ҳарчанд дарёи дигаре ба мадади он биёварем».

    Сураи Каҳф 109

    Ва ончиро, ки қаламҳо навиштаанд ва ончиро, ки нанавиштаанд ҳама бе фарқият каломи Худованд мебошанд.

    Ва ҳарки бигуяд, ки каломи Худованд махлуқ аст бе шубҳа кофир шудааст, чунки каломи Ӯ сифате аз ситфатҳояш мебошад ва Худованд миёни махлуқоташ ва каломаш фарқ гузоштааст чуноне, ки мефармояд:

    ﴿إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يُغۡشِي ٱلَّيۡلَ ٱلنَّهَارَ يَطۡلُبُهُۥ حَثِيثٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ وَٱلنُّجُومَ مُسَخَّرَٰتِۢ بِأَمۡرِهِۦٓۗ أَلَا لَهُ ٱلۡخَلۡقُ وَٱلۡأَمۡرُۗ تَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٥٤﴾ [الاعراف: ٥٤]

    «Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Пас бар Арш баланд ва муртафиъ гардид. Рӯзро ба шаб мепушонад ва шаб шитобон онро металабад. (Инчунин рӯз ҳам шабро мепушонад ва шитобон онро металабад) Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари фармони Ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Худо, он Парвардигори ҷаҳониён, бағоят бузург аст!».

    Сураи Аъроф 54

    Фарқ гузоштааст миёни махлуқоташ, ки он замин асту осмон ва моҳ асту ситораҳо ва байни амраш, ки он сухани Ӯ мебошад, ки ба воситааш амр намудааст, ки онҳо халқ шаванд чуноне, ки мефармояд:

    ﴿ مُسَخَّرَٰتِۢ بِأَمۡرِهِۦٓۗ ٥٤﴾ [الاعراف: ٥٤]

    «Мусаххари фармони Ӯ ҳастанд».

    Сураи Аъроф 54

    Худованд садоҳои хонандагонро ҳамчун қориёнро ба воситаи халқ намудани лабҳо ва забону ҳалқ, ва ҳавои нафасу оби даҳон ва ҳаракатҳояшон халқ намудааст, ва инҳам маънои онро надорад, ки ончи шунида мешавад сухани Худованд набошад чуноне, ки мефармояд:

    ﴿وَقَدۡ كَانَ فَرِيقٞ مِّنۡهُمۡ يَسۡمَعُونَ كَلَٰمَ ٱللَّهِ ٧٥﴾ [البقرة: ٧٥]

    «Ва ҳол он ки гурӯҳе аз онҳо каломи Худоро мешуниданд».

    Сураи Бақара 75

    Ончи, ки шунида мешавад сухани Худованд аст агар чи бо лафзи қори (хонанда) бошад, чуноне ки баъзе аҳли илм мегуянд: "Садо, садои қори аст ва сухан, сухани Худованд".