Имон ва куфр
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Имон ва куфр
الإيمان والكفر
< الطاجيكية : Тоҷикӣ >
Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ
عبد العزيز بن مرزوق الطريفي
Тарҷума: Дорул-ислом/ Тоҷикӣ
Таҳия: Мусъаби Ҳамза
ترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي
إعداد: مصعب حمزة
Имон ва куфр
Имон ва куфр:
Инҳо ду исм ва ду ҳукме мебошанд, ки танҳо Худованд ба онҳо ҳукм мекунад, пас касеро кофир гуфта намешавад магар бо далил ва ҳуҷат.
Мардум дар рӯи замин ба ду қисманд:
1) Муъмин.
2) Кофир.
Худованд мефармояд:
﴿هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ فَمِنكُمۡ كَافِرٞ وَمِنكُم مُّؤۡمِنٞۚ ٢﴾ [التغابن: ٢]
«Ӯст, ки шуморо биёфарид. Баъзе аз шумо кофир ва баъзе мӯъминанд».
Сураи Тағобун 2
Ва ҳукми ин ду гуруҳ онест, ки Худованд онро дар Қуръон ё суннати Паёмбараш (с) нозил кардааст.
Аммо мунофиқон онҳое мебошанд, ки:
1. Ё дар асл кофир ҳастанд ва онро пинҳон намуда дар зоҳир худро муъмин нишон медиҳанд, мисли оне, ки дар зоҳир нишон медиҳад, ки гуё ба Худованд ва китобаш ва паёмбаронаш эмон дорад, аммо дар ботин инҳоро дуруғ мешуморад, ва инро нифоқи акбар мегуянд.
2. Ё ин, ки мусулмонанд локин гуноҳро пинҳон медоранд ва тақворо зоҳир месозанд, мисли оне ки дар зоҳир нишон медиҳад, ки дар аҳдҳояш вафодор аст, аммо дар ботин аҳдшикан мебошад, ва инро нифоқи асғар мегуянд.
Ва ин мунофиқро дар зоҳир ҳамчун муомилаи мусулмонон карда мешавад.
Дар асл молу хуни муъмин ҳаром аст, ва хуну моли кофир ҳалол аст, локин ин маънои онро надорад, ки хуну моли кофир дар ҳар сурат ҳалол аст, балки мешавад, ки хуну молаш ҳаром гардад, мисли ин, ки бо ӯ аҳд баста шавад ва ӯро амон дода шавад, ё ӯро мусулмоне ба зимаи худ бигирад, дар ин суратҳо хуну моли ӯ ҳаром хоҳад гашт.
Ва муъминро низ бо сабаби баъзе гуноҳон кушта мешавад, мисли ин ки касеро бикушад, ва ё баъди зан диданаш ё шавҳар диданаш зино кунад.
Ва касеро кофир гуфта намешавад магар он, ки ӯро Худованду расулаш кофир ҳукм кунанд:
Мисли ин, ки касе Худованду паёмбарашро дуруғ бишуморад.
Ё инки ба Худованду паёмбараш масхара намояд, Худованд мефармояд:
﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُمۡ لَيَقُولُنَّ إِنَّمَا كُنَّا نَخُوضُ وَنَلۡعَبُۚ قُلۡ أَبِٱللَّهِ وَءَايَٰتِهِۦ وَرَسُولِهِۦ كُنتُمۡ تَسۡتَهۡزِءُونَ ٦٥ لَا تَعۡتَذِرُواْ قَدۡ كَفَرۡتُم بَعۡدَ إِيمَٰنِكُمۡۚ إِن نَّعۡفُ عَن طَآئِفَةٖ مِّنكُمۡ نُعَذِّبۡ طَآئِفَةَۢ بِأَنَّهُمۡ كَانُواْ مُجۡرِمِينَ ٦٦﴾ [التوبة: ٦٥، ٦٦]
«Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ мекардед? Мегӯянд: «Мо бо ҳам харф мезадем ва бозӣ мекардем». Бигӯ: «Оё Худо ва оёти Ӯ ва паёмбарашро масхара мекардед?»
Узр наёваред. Пас аз имон кофир шудаед. Агар аз гуноҳи гурӯҳе аз шумо бигузарем, гурӯҳи дигарро, ки гунаҳкор шудаанд, азоб хоҳем кард».
Сураи Тавба 65 - 66
Ё ин, ки бо Худованду паёмбараш якрави намуда ба амрҳои онҳо сар хам нанамояд.
Ё ин, ки аз аҳкоми шариъат чизеро инкор намояд, ки бо таври қатъи собит шуда бошад.
Ё ин, ки аз номи Худованд дуруғ бигуяд, Худованд мефармояд:
﴿إِنَّمَا يَفۡتَرِي ٱلۡكَذِبَ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بَِٔايَٰتِ ٱللَّهِۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَٰذِبُونَ ١٠٥﴾ [النحل: ١٠٥]
«Касоне дурӯғ мебофанд, ки ба оёти Худо имон надоранд. Инҳо худ дурӯғгӯянд».
Сураи Наҳл 105
Ва боз мефармояд:
﴿وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ كَذَّبَ بِٱلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُۥٓۚ أَلَيۡسَ فِي جَهَنَّمَ مَثۡوٗى لِّلۡكَٰفِرِينَ ٦٨﴾ [العنكبوت: ٦٨]
«Пас кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ мебандад ё ба ҳангоме ки ҳақ ба сӯи ӯ ояд, такзибаш мекунад (дурӯғ мешуморад)? Оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои кофирон нест?»
Сураи Анкабут 68
Дар ин оят зулм ба куфр тафсир шудааст.
Ё ин, ки ибодатеро барои ғайри Худованд анҷом бидиҳад.
Худованд мефармояд:
﴿وَمَن يَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ لَا بُرۡهَٰنَ لَهُۥ بِهِۦ فَإِنَّمَا حِسَابُهُۥ عِندَ رَبِّهِۦٓۚ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلۡكَٰفِرُونَ ١١٧﴾ [المؤمنون: ١١٧]
«Он кас, ки ба ҷои Худои якто худои дигареро мехонад, ва ба ҳаққонияташ ҳеҷ бурҳоне надорад, ин аст, ки ҳисобаш назди Парвардигораш хоҳад буд. Ва кофирон наҷот намеёбанд».
Сураи Муъминун 117
Агар чи ин ибодатро холис барои ғайри Худо анҷом бидиҳад ё ин, ки бутҳоро восита миёни худ ва худованд бигардонад, ҳамаи инҳо куфр мебошанд,
Худованд мефармояд:
﴿وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُمۡ وَلَا يَنفَعُهُمۡ وَيَقُولُونَ هَٰٓؤُلَآءِ شُفَعَٰٓؤُنَا عِندَ ٱللَّهِۚ قُلۡ أَتُنَبُِّٔونَ ٱللَّهَ بِمَا لَا يَعۡلَمُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ١٨﴾ [يونس: ١٨]
«Ғайри Худо чизҳоеро мепарастанд, ки на судашон мерасонад на зиён. Ва мегӯянд: Инҳо шафеъони мо дар назди Худоянд. Бигӯ: Оё ба Худо аз чизе хабар медиҳед, ки дар замину осмон аз он хабаре надорад? Худо пок аст ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, болотар аст!».
Сураи Юнус 18
Ё ин ки ончиро, ки махсуси Худованди ягона аст дигаронро дар он шарик бидонад, мисли он, ки чизеро дар шариъат бо гуфтаи касе ҳаром бидонад ё ҳалол, чунки Худованд аҳкоми шариъатро ибодат номидааст чуноне, ки мефармояд:
﴿إِنِ ٱلۡحُكۡمُ إِلَّا لِلَّهِ أَمَرَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُۚ ٤٠﴾ [يوسف: ٤٠]
«Ҳукм ҷуз ҳукми Худо нест. Фармон додааст, ки ҷуз Ӯро напарастед».
Сураи Юсуф 40
Ё ин, ки даъво кунад, ки ба ҷуз Худованд касе ғайбро медонад, мисли ҷодугарон ва ситорашиносон.
Худованд мефармояд:
﴿قُل لَّا يَعۡلَمُ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلۡغَيۡبَ إِلَّا ٱللَّهُۚ٦٥﴾ [النمل: ٦٥]
«Бигӯ: «Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Аллоҳ».
Сураи Намл 65
Ё ин, ки даъво кунад, ки ӯ халқ мекунад ва зинда мекунад ва мемиронад ва дар осмону замин тасаруф мекунад.
Худованд мефармояд:
﴿أَمۡ جَعَلُواْ لِلَّهِ شُرَكَآءَ خَلَقُواْ كَخَلۡقِهِۦ فَتَشَٰبَهَ ٱلۡخَلۡقُ عَلَيۡهِمۡۚ قُلِ ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖ وَهُوَ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّٰرُ ١٦﴾ [الرعد: ١٦]
«Ё шариконе, ки барои Худо қоил шудаанд, чизҳое офаридаанд, монанди он чӣ Худо офаридааст ва онон дар бораи офариниш ба иштибоҳ афтодаанд?» Бигӯ: «Аллоҳ офаринандаи ҳар чизест ва Ӯ ягонаву қаҳҳор аст!».
Сураи Раъд 16
Ва ин чунин касе ки кофиронро ба ҷои мусулмонон дӯст бигирад ва онҳоро дӯст бидорад ва нусрат бидиҳад.
Худованд мефармояд:
﴿وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمۡ فَإِنَّهُۥ مِنۡهُمۡۗ ٥١﴾ [المائدة: ٥١]
«Ҳар кас аз шумо, ки онҳоро дӯст гирад, аз ҷумлаи онҳост».
Сураи Моида 51
Ва ҳар ки имконияти шиносои бо исломро пайдо кунад локин аз ин имконият бо ихтиёри худ руй гардонад, ин гуна инсон кофир аст, агар чи ҳақиқатро надонад, чунки ӯ ҷоҳиле аст, ки фурсат дошт ҷоҳилияшро бартараф намояду ҳақиқатро пайдо кунад.
Ба ҳамин хотир Худованд дар бораи мушрикон фармуд:
﴿بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٱلۡحَقَّۖ فَهُم مُّعۡرِضُونَ ٢٤﴾ [الانبياء: ٢٤]
«На, бештаринашон чизе аз ҳақ намедонанд ва аз он рӯй мегардонанд».
Сураи Анбиё 24
Дар ин оят зикр намуд, ки онҳо ҷоҳиланд локин бо ихтиёри худашон.
Ва боз мефармояд:
﴿وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَمَّآ أُنذِرُواْ مُعۡرِضُونَ ٣﴾ [الاحقاف: ٣]
«Ва кофирон аз он чӣ онҳоро метарсонанд, рӯй мегардонанд».
Сураи Аҳқоф 3
Чун инсон имконият дошта бошад, ки ҳақро бо тамоми тафсилоташ бишносад, локин ҳангоми шуниданаш аз он руй бигардонад, узри ҷоҳилии ин гуна шахс мақбул нест, ва ин аз ҷумлаи навъҳои гумроҳии аксари мардумон мебошад, чунки онҳо аз як тарафи ҳақ бохабар мешаванд, локин аз шунидани дигар тарафаш руй мегардонанд.
Ва аҳамият надодани аксари кофирони руи замин бар махлуқоти кавни ва шаръӣ Худованд хислати бисёре аз онҳо мебошад,
Худованд мефармояд:
﴿وَكَأَيِّن مِّنۡ ءَايَةٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ يَمُرُّونَ عَلَيۡهَا وَهُمۡ عَنۡهَا مُعۡرِضُونَ ١٠٥﴾ [يوسف: ١٠٥]
«Чӣ бисёр нишонаҳое дар осмонҳову замин аст, ки бар он мегузаранд ва аз он рӯй барметобанд!».
Сураи Юусуф 105
Ва боз мефармояд:
﴿بَلۡ أَتَيۡنَٰهُم بِذِكۡرِهِمۡ فَهُمۡ عَن ذِكۡرِهِم مُّعۡرِضُونَ ٧١﴾ [المؤمنون: ٧١]
«Вале мо пандашон фиристодем ва онҳо аз пандашон рӯйгардон шуданд».
Сураи Муъминун 71
Ва руй гардонидан аз корҳое, ки баъзеаш маълум аст, ҳуқуқҳои миёни инсонҳоро соқит намегардонад, пас чи расад бар ҳуқуқи Худованд, чигуна ҳуқуқи Худованд соқит мегардад?!.
Чун ақл дар оятҳо таамулу тадаббур намекунад, пас мувофиқи беаҳамиятияш мақсадҳои шариатро аз даст додааст.
Ва ақл чун аз чизҳое бисёр равшану намоён, ки далолат бар ягонагии Худованд мекунад ва онро ҳар рӯз мебинаду мешунавад ва онро паси сар мекунад чуноне Худованд мефармояд:
﴿وَجَعَلۡنَا ٱلسَّمَآءَ سَقۡفٗا مَّحۡفُوظٗاۖ وَهُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهَا مُعۡرِضُونَ ٣٢﴾ [الانبياء: ٣٢]
«Ва осмонро сақфе нигоҳдошташуда кардем ва боз ҳам аз ибратҳои он рӯ мегардонанд».
Сураи Анбиё 32
Чун инсон фикр кунад, ки аҳамият надоданаш ба тафсилоти ҳақ ӯро маъзур гардонидааст, пас хатои бузурге кардааст.
Ва сабабҳои руй гардонидан аз ҳақ, ё аз такаббури мешавад, ва ё аз пушти ҳавову ҳавас рафтан ва ихтиёр намудани кайфу сафои доими мебошад, ба ҳамин хотир инсон ҳаргоҳ, ки кайфу сафояшро аз даст медиҳад ва мусибатҳо бар сараш меояд ҳақро бо чашмаш мебинаду ба сӯи ӯ бармегардад.
Гирифташуда аз китоби "Фаслҳо дар ақида" Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ
Тарҷума: Дорул-ислом/ Тоҷикӣ