×
Асли ин силсила-дарсҳо аз китоби «Усули даъват», таълифи доктор АбдулКарим Зайдон аст, ва дарси чаҳоруми ин силсила дар бораи тазкия ва амалҳои солеҳ аст.

    Силсилаи "Шинохти ислом" Дарси чаҳорум дар Тазкия

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Тарҷума ва таҳия:

    Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2014 - 1435

    سلسلة التعريف بالإسلام الدرس الرابع, في التزكية

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد و ترجمة: محمد عزيز رجب

    2014 - 1435

    Силсилаи " Шинохти Ислом" дарси чаҳорум: дар Тазкия

    Муқаддима

    Ин дарс дар мавриди аъмоли солеҳа мебошад, ки он аъмоли солеҳ сабаби тазкияи нафс ва сафои қалб аст.

    Чӣ тавре ки дар дарси аввал зикр карда шуд, шайх Абдулкарим аркони Исломро ба се тақсим кардааст: Шаҳодат ба ягонагии Аллоҳ, ва шаҳодат ба рисолати Муҳаммад (ки ҳамон рукни аввал Ислом – яъне шаҳодатайн аст) ва амали солеҳ (ки боқимонда чаҳорто аркони Исломро дар бар мегирад).

    Мо низ дар навбати худ (дар аснои шарҳу тавзеҳ) ба хотири тақриби маъно се асли маъруфи аҳли суннатро инҷо қайд кардем: Тавҳид, Иттибоъ ва Тазкия.

    Ва ин дарси чаҳорум, ки дар мавриди АМАЛҲОИ СОЛЕҲА мебошад, ва чаҳорто аз аркони Ислом (намозу руза, ва закоту ҳаҷ)-ро дар бар мегирад ва низ дигар аъмоли солеҳаро шомил аст, ҳамон ТАЗКИЯ ҳаст. Зеро ки АЪМОЛИ НЕКӮ асли ТАЗКИЯИ НАФС мебошад! Ва тазкияи нафс яке аз мақосид ва усули шариъати муҳаммадист.

    Рукни саввум:

    Амали солеҳ.

    (Тазкияи нафс).

    Моҳияти амали солеҳ.

    ماهية العمل الصالح

    Амали солеҳ ҳамон амале ҳаст, ки Аллоҳ таъоло аз он розӣ бошад. Ва ин гуна амал ду чизро дар бар мегирад: Аввал инки бояд мувофиқи шариъати исломӣ бошад, ва дуввум инки мақсад аз он талаби ризои Аллоҳ бошад ва барои тоъат анҷом ёбад.

    Ва ҳар гоҳ, ки амал ин ду шартро ва ё яке аз онро надошта бошад, он амал дар назди Аллоҳ писандида нест ва аҷру савобе надорад. Чӣ тавре ки Аллоҳи мутаъол мефармояд:

    ﴿قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ فَمَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلۡيَعۡمَلۡ عَمَلٗا صَٰلِحٗا وَلَا يُشۡرِكۡ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدَۢا ١١٠﴾ [الكهف: ١١٠]

    «(Эй Паёмбар!) Бигӯ: Ман танҳо инсоне ҳамчун шумо ҳастам, ва ба ман ваҳй мешавад (ва имтиёзи ман ин аст, ки паёмбари Аллоҳ ҳастам, ва ончӣ, ки амр кардааст, мегӯям), ки маъбуди шумо якто ҳасту бас!

    Пас ҳар касе ки хоҳони дидори парвардигори хеш бошад, бояд ки АМАЛИ СОЛЕҲ анҷом диҳад, ва дар парастиши парвардигораш касеро шарик насозад».

    (Сураи Каҳф 110).

    Ва мақсуд аз амали солеҳ, ин амали саҳеҳ мебошад, яъне ки мувофиқ бо шариъати исломӣ (шариъати Муҳаммад ва суннати ӯ) ва низ холис аз барои Аллоҳ таъоло ҳаст.

    Мақому манзалати амали солеҳ дар дини Ислом

    مكانة العمل الصالح في الإسلام

    Амали солеҳ дар дини Ислом мақому манзалати азиме дорад, зеро ки он самараи имон ба Аллоҳ ва рӯзи Охир ва имон ба расули Ӯ Муҳаммад аст (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод). Ва бо ҳамин аъмоли солеҳа маънои Шаҳодатайн зоҳир мешавад, бо амал кардан ва рафтору кирдор.

    Ба хотири аҳамияти азими амали солеҳ дар Ислом, оятҳои зиёде дар мавриди он нозил шудааст, гоҳе онро бо имон ҳамроҳ кардааст, ва гоҳе ҷазои онро баён карда, ва гоҳе дигар маълум кардааст, ки дар Охират инсонро танҳо ҳамон аъмоли солеҳ нафъ хоҳад дод, ва Аллоҳи мутаъол аҷру подоши амалкунандагонро зоеъ нахоҳад кард. Ва гоҳе дигар мегӯяд, ки аъмоли солеҳа сабаби каффорат ва ҷуброну ислоҳи саййиот ва мағфирати гуноҳонаш мегарданд. Ва ба ҷуз соҳибони имон ва амали солеҳ ҳама дигарон ҳатман дар зиёну хасорат ҳастанд…

    Аз ҷумлаи он нусуси қуръонӣ, ки аҳамият ва мақому мартабаи амали солеҳро баён мекунад, инҳо ҳастанд:

    ﴿وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٌ عَظِيمٞ ٩﴾ [المائدة: ٩]

    «Аллоҳ ба касоне ки имон биёваранд ва амалҳои шоиста анҷом диҳанд, ваъда медиҳад, ки омурзиш ва подоши бузурге барояшон хоҳад буд».

    (Сураи Моида 9).

    ﴿ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ طُوبَىٰ لَهُمۡ وَحُسۡنُ مََٔابٖ ٢٩﴾ [الرعد: ٢٩]

    «Он касоне ки имон оварданд ва корҳои шоиста (амалҳои солеҳ) карданд, хушо ба ҳолашон ва чӣ ҷойгоҳи зебое доранд!».

    (Сураи Раъд 29).

    ﴿مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةٗ طَيِّبَةٗۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٩٧﴾ [النحل: ٩٧]

    «Ҳар кас, чӣ зан бошад ва чӣ мард, амали солеҳ анҷом диҳад ва муъмин бошад, пас ба ӯ (дар ин дунё) зиндагонии покиза ва хушоянде мебахшем, ва (дар охират) подоши онҳоро бар тибқи беҳтарин корҳояшон хоҳем дод».

    (Сураи Наҳл 97).

    ﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجۡرَ مَنۡ أَحۡسَنَ عَمَلًا ٣٠﴾ [الكهف: ٣٠]

    «Ба ростӣ, касоне ки имон овардаанд (ба Аллоҳ ва дини ҳақ) ва амалҳои шоиста кардаанд (подоши онҳо дар пешгоҳи офаридгорашон маҳфуз аст). Мо подоши касеро ҳадар намедиҳем (зоеъ намекунем), ки кори некӯ карда бошад».

    (Сураи Каҳф 30).

    ﴿وَيَزِيدُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ٱهۡتَدَوۡاْ هُدٗىۗ وَٱلۡبَٰقِيَٰتُ ٱلصَّٰلِحَٰتُ خَيۡرٌ عِندَ رَبِّكَ ثَوَابٗا وَخَيۡرٞ مَّرَدًّا ٧٦﴾ [مريم: ٧٦]

    «…(Ин оқибат ва сарнавишти ситамгарон ва фирефтагони дунё буд, ва аммо) касоне ки дар роҳи ҳидоят қадам ниҳодаанд, Аллоҳ бар ҳидояти онҳо меафзояд (ва барои анҷом додани корҳои хубу шоиста тавфиқашон насиб мекунад) ва осору аъмоли некӯе, ки (аз инсон мемонад) ва дар пешгоҳи парвардигорат захира мешавад, аз лиҳози аҷру подош ва аз назари оқибат хубтар ва муфидтар аст».

    (Сураи Марям 76).

    ﴿وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَنُكَفِّرَنَّ عَنۡهُمۡ سَئَِّاتِهِمۡ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَحۡسَنَ ٱلَّذِي كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٧﴾ [العنكبوت: ٧]

    «Касоне ки имон биёваранд ва корҳои шоиста (амалҳои солеҳ) анҷом диҳанд бадиҳояшонро маҳв мекунем, ва подоши корҳои некашонро ба беҳтарин ваҷҳ медиҳем».

    (Сураи Анкабут 7).

    ﴿وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَنُدۡخِلَنَّهُمۡ فِي ٱلصَّٰلِحِينَ ٩﴾ [العنكبوت: ٩]

    «Касоне ки имон меоваранд ва амалҳои солеҳа мекунанд, мо онҳоро дар миёни солеҳон қарор хоҳем дод (ҳамдаму ҳамнишини паёмбарон ва сиддиқон ва шуҳадо ва солиҳин мекунем)».

    (Сураи Анкабут 9).

    ﴿وَٱلۡعَصۡرِ ١ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَفِي خُسۡرٍ ٢ إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلۡحَقِّ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلصَّبۡرِ ٣﴾ [العصر: ١، ٤]

    «Савганд ба замон (ки ин замон сармояи зиндагии инсон, ва фурсати талоши ӯ барои ба даст овардани саъодати ду ҷаҳон аст).

    Инсонҳо ҳама дар зиёнанд.

    Магар касоне ки имон меоваранд ва корҳои шоиставу солеҳа мекунанд, ва ҳамдигарро ба тамассук ба ҳақ (дар ақидаву қавлу амал) суфориш (васият) мекунанд, ва якдигарро ба сабру шикебоӣ (таҳаммули сахтиҳо ва душвориву дарду ранҷҳо) тавсия менамоянд».

    (Сураи Аср 1-4).

    Исломро пазируфтан (мусалмон будан) шарт аст барои қабул шудани амалҳо

    اعتناق الإسلام شرط لقبول العمل

    Ва ин бадеҳӣ мебошад, ки амали солеҳ шарти қабулаш мусалмон будан аст. Яъне имон доштан ба ин дин. Барои ҳамин ҳам Аллоҳ таъоло амали солеҳро бо имон якҷо ҳамроҳ кардааст. Ва мақсад аз мусалмон будан, яъне ки қабул кардани ин дин баъд аз онки Аллоҳ таъоло Муҳаммадро ба паёмбарӣ баргузид, то ки паёмбар барои ҷаҳониён бошад.

    Аллоҳи мутаъол мегӯяд:

    ﴿وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٨٥﴾ [ال عمران: ٨٥]

    «Ва касе ки ғайр аз (дин ва шариъати) Ислом дини дигаре баргузинад, аз ӯ пазируфта намешавад, ва ӯ дар охират аз зумраи зиёнкорон хоҳад буд».

    (Сураи Оли Имрон 85).

    Пас бинобарин, агар шахсе амалеро анҷом диҳад, ки зоҳиран мувофиқ бо шариъати ислом аст, ва қасди ризои Офаридгорро дошта бошад, вале исломро ҳамчун дин ва Муҳаммадро (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ҳамчун паёмбар ва фиристодаи Аллоҳ қабул надошта бошад, пас амали ӯ мардуд аст ва аҷру савобе надорад!

    Бидъаткорӣ марфуз ва мардуд аст дар Ислом.

    الابتداع مرفوض في الإسلام

    Модоме ки амали солеҳ, он амале бошад ки дуруст (яъне мувофиқи шариъат ва суннати Паёмбар бошад) ва холисона барои Аллоҳ ҳаст, пас навоварӣ дар дин (бо каму зиёд карданҳо ва сохтанҳо) ҷоиз нест, ва соҳиби ин гуна амал аҷру савобе надорад, ҳатто агар он амалро ба нияти ибодат карда бошад.

    Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мефармояд:

    "من احدث في أمرنا هذا ما ليس منه فهو رد"

    «Ҳар кас, ки дар шаръу дини мо чизеро пайдо кард, ки дар он вуҷуд надоштааст, пас он чизи кардааш мардуд аст».

    Ва бидъат аз гуноҳ дида бадтар аст! Зеро ки бидъаткорӣ тағйир додан дар дин ва аҳкоми шариъат мебошад, ва иттиҳоми шариъат ба нуқсонӣ ва муҳтоҷ будан ва такмилу таъдил ҳаст.

    Ва ин (мусталзамоти бидъаткорӣ) амри бузурге мебошад, ки эътиқод бар он ва амал кардан ба муҷиботи он ҷоиз нест.

    Барои ҳамин ҳам Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) моро аз бидъат барҳазар доштааст:

    "إياكم ومحدثات الأمور فان كل محدثة بدعة وكل بدعة في النار".

    «Барҳазар бошед аз чизҳои навпайдо (дар дин), зеро ки ҳар чизи навпайдое бидъат ҳаст, ва ҳар як бидъат дар оташ аст».

    Пас хубиву некӯӣ ҳамаш дар он аст, ки пойбанди шаръ будаву дар чаҳорчуби он бошем.

    Ва парвардигори ту фаромӯшкунанда нест, ки чизеро фаромуш карда бошад, ва ту имрӯз омадаву дини Ӯро такмилу таъдил намоӣ!

    ﴿وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيّٗا ٦٤﴾ [مريم: ٦٤]

    «Ва парвардигорат фаромушкор набуда (ва нест)».

    (Сураи Марям 64).

    Гуногунӣ ва танаввуъи амалҳои солеҳ

    تنوع الاعمال الصالحة

    Амалҳои солеҳа зиёданд, ва амали солеҳ гуфта тамоми он чизҳоеро мегӯянд, ки Аллоҳ таъоло ба он амр кардааст (мустаҳаббот ва воҷибот), аз ҷумлаи ибодот ва муъомалот. Ва ҳар мусалмоне ки бо нияти тоъати Парвардигор ва пайравии шариъати Ӯ ва талаби ризои Аллоҳ ин корҳоро анҷом диҳад, пас аз аҳли аъмоли солеҳа ҳаст.

    Ва дар муқаддимаи ин амалҳои солеҳа ибодатҳо қарор доранд, ва дар муқаддимаи ибодатҳо он ибодатҳое ҳастанд, ки дар ҳадиси Ҷибрил зикр шудааст: Намозу закот ва рӯзаву ҳаҷ. Ва ин ибодатҳо аз аркони Ислом ҳастанд, ки бепарвоӣ ва саҳлангорӣ нисбати он ҷоиз нест!

    Аҳамияти ибодатҳо дар Ислом

    أهمية العبادات في الإسلام

    Ибодатҳо алоқа ва тамоси бандаро бо парвардигораш ба танзим меоранд, ва бандагиву убудияти ӯро ба Аллоҳ таъоло нишон медиҳанд. Ва ин ибодатҳо ҳаққи холиси Аллоҳ бар бандагонаш мебошад, ва чӣ тавре ки гуфтем дар муқаддимаи он намоз ва боқимондаи дигари аркони ислом аст, ки дар ҳадис зикр шудааст.

    Ва воҷиб аст, ки ба ин ибодатҳо ҳарис будаву ба барпо доштани он даъват карда шавад, ва нисбати он саҳлангорӣ ҷоиз нест.

    Ва ин ибодатҳо имони бандаро қувват бахшидаву мустаҳкам менамояд, ва барои банда мисли об барои растанӣ ва ҳаво барои инсон муҳим аст! Ва ҳар гоҳ ки банда нисбати ин ибодатҳо саҳлангорӣ кард, имони ӯ ба он қувваи хеш боқӣ нахоҳад монд!

    Аҳамияти намоз

    أهمية الصلاة

    Аллоҳ таъоло дар даҳҳо ояти Қуръони карим намозро зикр кардааст, ва аҳодиси набавӣ ба хотири таъкиди вуҷуб ва аҳамияти он омадааст, дар аҳодис баён шуда, ки намоз ҷудокунанда ва фориқ байни мусалмон ва ғайримусалмон аст, ва намозро барпо доштан аз сифатҳои муъминони муттақӣ мебошад, ва тафриту саҳлангорӣ нисбати намоз ҷоиз нест, дар кадом ҳолате ки набошад, на дар сафар ва на дар иқомат, на дар ҳолати сулҳу осоиштагӣ ва на дар ҳолати ҷангу ҳарб, на дар ҳолати беморӣ ва на дар ҳолати сиҳҳат. Ва тарки намоз ва саҳланорӣ нисбати он аз сифатҳои мунофиқон аст.

    Ва васият ба намоз яке аз охирин васиятҳои Паёмбар ба умматаш буд, ва аввалин чизе ҳаст, ки аз банда пурсида мешавад.

    Ва ин намоз тазкияи нафс будаву алоқаи банда бо парвардигораш мебошад, ва ёдоварии банда ҳаст ба убудияту бандагӣ ва маънои калимаи тавҳид. Ва сайқали рӯҳи бандаву ғуслу шустушӯи ӯ аз чирку палидиҳо ва нури чашмони мусалмон аст. Ҳар гоҳ ки синааш танг шавад ва хотираш мушавваш гаштаву сахтие бар сараш омад ба сӯи намоз паноҳ мебарад, ҳамчуноне ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) чунин мекард.

    Ва ҳамчунин, ин намоз соҳиби хешро аз фаҳшову мункар (корҳои зишту нописанд) боз медорад, зеро ки дар ин намоз қироати Қуръон ва зикру тасбиҳу тамҷиди Худованд аст, ва инҳо ҳама тазкиру ёдоварӣ барои банда ҳасту ӯро аз мухолифат ва нофармонии Худованд нигоҳ медорад.

    Ва мо инҷо чанде аз нусуси қуръонӣ ва набавиро дар баёни аҳамияти намоз ва бузургии қадри он зикр менамоем:

    Аллоҳи мутаъол фармудааст:

    ﴿مُنِيبِينَ إِلَيۡهِ وَٱتَّقُوهُ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ٣١﴾ [الروم: ٣١]

    (Эй мардум! Рӯй ба Аллоҳ кунед ва бо тавбаву ихлос дар амал) ба сӯйи Ӯ баргаштаву аз (хашму азоби) Ӯ бипарҳезед. Ва намозро барпо доштаву аз зумраи мушрикон нагардед".

    (Сураи Рум; 31).

    ﴿حَٰفِظُواْ عَلَى ٱلصَّلَوَٰتِ وَٱلصَّلَوٰةِ ٱلۡوُسۡطَىٰ وَقُومُواْ لِلَّهِ قَٰنِتِينَ ٢٣٨﴾ [البقرة: ٢٣٨]

    “Дар анҷоми намозҳо (ба вижа) намози миёна (яъне намози аср) муҳофазат варзед (ва кӯшо бошед) ва фурӯтанона барои Аллоҳ ба по хезед".

    (Сураи Бақара; 238).

    ﴿إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ كَانَتۡ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ كِتَٰبٗا مَّوۡقُوتٗا ١٠٣﴾ [النساء : ١٠٣]

    “Бегумон намоз бар муъминон фарзу дорои авқоти маълум ва муъайян аст".

    (Сураи Нисо; 103).

    ﴿الٓمٓ ١ ذَٰلِكَ ٱلۡكِتَٰبُ لَا رَيۡبَۛ فِيهِۛ هُدٗى لِّلۡمُتَّقِينَ ٢ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡغَيۡبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ٣﴾ [البقرة: ١، ٣]

    “Алиф, лом мим. Ин китоб, ҳеҷ шакку гумоне дар он нест ва роҳнамои парҳезгорон аст. Ононе ки ба ғайб (ҷаҳони нодида) бовар мекунанд ва намозро бо гунаи шоиста мехонанд ва аз ончӣ ки ба эшон рӯзӣ додаем мебахшанд".

    (Сураи Бақара; 1-3).

    ﴿إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ تَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۗ وَلَذِكۡرُ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تَصۡنَعُونَ ٤٥﴾ [العنكبوت: ٤٥]

    “Ба ростӣ, ки намоз (инсонро) аз гуноҳони бузург ва корҳои (аз назари шариъат) нописанд бозмедорад, ва қатъан зикру ёди Аллоҳ (аз ҳар чизи дигаре) волотар ва бузург аст. Ва Аллоҳ медонад, ки шумо чӣ корҳое анҷом медиҳед (ва ҷазоятонро хоҳад дод)!".

    (Сураи Анкабут; 45).

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱسۡتَعِينُواْ بِٱلصَّبۡرِ وَٱلصَّلَوٰةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلصَّٰبِرِينَ ١٥٣﴾ [البقرة: ١٥٣]

    “Эй касоне ки имон овардаед! Аз сабру бурдборӣ ва намоз (дар баробари ҳаводиси сахти зиндагӣ) кумак бигиред. (Ва бидонед, ки) Аллоҳ бо собирон мебошад (ва ёру ёвари эшон аст)".

    (Сураи Бақара; 153).

    ﴿إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ يُخَٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَهُوَ خَٰدِعُهُمۡ وَإِذَا قَامُوٓاْ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ قَامُواْ كُسَالَىٰ يُرَآءُونَ ٱلنَّاسَ وَلَا يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ إِلَّا قَلِيلٗا ١٤٢﴾ [النساء : ١٤٢]

    “Ҳароина мунофиқон (нишонаҳои имонро менамоёнанд ва куфри хешро пинҳон медоранд, ва ба хаёли хоми худ) Худовандро фиреб мекунанд. Дар ҳоле ки Худованд онҳоро гул мезанад. Мунофиқон ҳангоме ки барои намоз бархезанд, сусту беҳол (бо танбалӣ) ба намоз меистанд ва бо мардум риё мекунанд (ва намозашон ба хотири мардум аст, на ба хотири Худованд) ва Худовандро камтар ёд мекунанд".

    (Сураи Нисо; 142).

    Ва ҳамчунин Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мефармояд:

    قال صلى الله عليه وسلم: "بين العبد وبين الكفر ترك الصلاة"

    Аз Ҷобир ривоят аст, ки Расулуллоҳ фармуд: (Фосила, парда) миёни банда ва куфр тарки намоз аст". (Ривояти имом Муслим ва ғайра аз асҳоби сунан).

    "العهد الذي بيننا وبينهم الصلاة فمن تركها فقد كفر"

    Аз Бурайда ривоят аст, ки Расулуллоҳ фармуда: “Аҳду мисоқе, ки байни мо ва мунофиқон аст, ҳамин намоз мебошад, ҳар шахсе ки ин намозро тарк кард, пас куфр варзидааст". (Ривояти имом Тирмизӣ)

    Асрори намоз

    أسرار الصلاة

    Ва ин намоз асрору ҳикматҳое дорад, ки инҷо маҳалли тафсили он нест албатта, вале ҳар бандае ки бо хушуъу хузуъ ва тадаббур, фаҳм ва ҳузури зеҳн ба намоз рӯй оварад, ҳатман он ҳикмату асрорро дарк хоҳад кард.

    Мусалмон намози худро бо “Аллоҳу акбар" оғоз мекунад, Аллоҳ бузургтар аст аз ҳар бузурге, ва аз ҳар соҳиби султону қуввату ҷабаруте. Модоме ки банда бо парвардигори ғолибу тавоно ва азиму кабир дар алоқа ҳаст, ҳеҷ гоҳе аз ғайруллоҳ дар тарсу ҳарос нахоҳад буд. Ва ҳамчунин боқимонда зикрҳои намоз дар мусалмон маъонии убудиятро тарбият намуда ӯро аз убудияти ғайруллоҳ озод мекунанд ва аз қалби ӯ ҳар гуна маъонии туғёну саркашӣ ва ё таъаллуқ ба ғайруллоҳро мезудояд.

    Боқимонда аз анвоъи ибодот

    بقية العبادات

    Ва аммо анвоъи дигари ибодатҳо ба монанди рӯзадорӣ ва ҳаҷҷу закот, ҳамаи инҳо низ барои тақвияти имон ва тазкияи нафси банда ҳаст, ки ӯро дар алоқа бо парвардигораш қарор додаву қалбашро пур аз маъонии убудият ва бандагӣ месозад.

    Дар рӯзадорӣ исору тақдими ризои Худованд аст бар шаҳавот ва хоҳишоти нафс, ва тарбияи мусалмон аст бар маъонии ихлос ва ирода ва сабру таҳаммул. Ва инҳо ҳама аз маъонӣ ва мақосиди бузурге мебошанд, ки мусалмон муҳтоҷи он аст.

    Ва закот таҳорату покӣ ҳаст бемориҳои бухлу ҳирс ва ибодати молу мулк. Ва исору тақдими Худованд аст бар муҳаббати молу мулк. Ва саҳмгузорист дар таҳқиқу амалисозии якдиливу якдастӣ ва ҳамкории матлуб барои кӯмаки муҳтоҷон.

    Ва ҳаҷ тарбияи амалиест барои мусалмон, зеро ки равиши тарбия дар ислом ин гуна нест, ки бо “Ислоҳ бишав" гуфтан иктифо намояд, балки бо гуфтан ва ҳамчунин нишон додани роҳе амалӣ ӯро ислоҳ менамояд. Ва яке аз ин гуна равишҳои амалӣ ҳаҷ мебошад, ки дар худ изҳори убудият дар сурати амалиро дорад (ки дар маносики гуногуни ин ибодат ифода гаштааст).

    Ва ғайри ин чанд ибодати мазкур (дар ҳадиси Ҷабраил), ибодатҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ва ҳамчунин ибодатҳои қалбӣ мисли таваккул бар Худованд, ва дӯст доштану муҳаббати Ӯ таъоло, ва ёриву кумак хостан танҳо аз Ӯ, ва шавқ ба дидори Ӯ, унс гирифтан бо Ӯ, ва бовариву эътимод бар Ӯ, ва тарсу ҳарос аз Ӯ, ки инҳо ҳамагӣ барои мусалмон зарур аст!

    Кадом навъи ибодат беҳтар аст?!

    أي الاعمال الصالحة أفضل

    Шакке нест, ки аз лиҳози аҷру савоб ва аз лиҳози дараҷаи талаботи шариъат ибодати фарзӣ аз ибодатҳои мустаҳабба (мандубот) беҳтар аст. Ва ончӣ ки нафъаш бар ҷамъият аст аз ончӣ ки нафъаш бар фарде мебошад беҳтар аст.

    Ва қоъидаи “беҳтарин амали солеҳ (вобаста ба ҳар шахсе)" ин аст, ки амали аз ӯ “матлуб дар вақту ҳолати муъайян"-ро ба ҷой оварад. Яъне инки намоз дар вақти хеш аз дигар ибодот афзал аст, ва воҷибтар аст ки мусалмон ба он машғул бошад. Ва ё инки ҷиҳод (нисбати он шахсе ки бар ӯ ҷиҳод воҷиб гаштааст) дар вақти худ афзал аст аз дигар ибодоти нофила ва намози шабу талаби илм.

    Ва ҳамчунин рӯза дар вақти хеш афзал аст аз дигар ибодот дар нисбати он шахсе ки рӯза бар ӯ воҷиб гаштааст, ва ҳамин тавр…

    Барои ҳамин ҳам бар мусалмон зарур аст, ки амалҳои ба Аллоҳ маҳбубтару писандидатар дар ин ё он вақту ҳолатро суроғ намояд ва талаб кунад ва дар адои он талош варзад ва онро бар дигар ибодатҳо тақдиму бартарӣ бахшад. Ва бо ин сурат дар ин бандаи мусалмон убудияти холис таҳаққуқ меёбад, яъне дар сурати исору тақдими хости Аллоҳ ва ончӣ ки Ӯ дӯст медорад, бар хоҳишоти худ ва ончӣ ки худ дӯст доштааст (ҳарчанд, ки аз аъмоли солеҳа бошад ҳам).

    Асари ибодатҳо дар салоҳ ва некӯии фарду ҷомеъа

    أثر العبادات في صلاح الفرد والمجتمع

    Ибодатҳои гуногуне, ки дар шариъати исломӣ дида мешавад таъсири қавӣ ва равшане бар рафтору кирдор ва сулуки афрод дорад, ва чӣ тавре ки гуфта шуд ин ибодот нафси бандаро тазкия бахшидаву пок месозад ва муроқабаи Худовандро дар ӯ меафзояд, муроқабат ва назорати Худовандро дар ҳар кору рафтори пинҳону ошкор ва хафву ҳарос аз Ӯро. Бад-ин сабаб аз кардани гуноҳ ва озору азияти мардум даст кӯтоҳ кардаву ба анҷоми аъмоли солеҳа мепардозад. Ва шакке нест, ки дар сурати афзудани адади инсонҳои солеҳу некӯкор ва худотарс, саъодату хушбахтӣ ҷомеъаро фаро хоҳад гирифт ва миқдори некӯӣ зиёд гаштаву миқдори бадиву шарорат поён меравад.

    Ва з-ин сабаб метавон гуфт, ки ибодатҳо дар ислом фарду ҷомеъаро ба салоҳ меоранд ва ба фарду ҷомеъа нафъ доранд!

    ***

    То дарси баъдӣ: (Дарси панҷум: Вижагиҳои ИСЛОМ), дар ҳифзу риъояти Аллоҳ таъоло бошед!