×
Суол: Чи кор кунам! дар сурате ки дар баъзе кишварҳо моҳтобро дидаанд, ва руза доштанд, локин кишваре ки ман дар он кор мекунам моҳи Шаъбон ва моҳи Рамазонро бо си руз пурра карданд? Ва сабаби ихтилоф миёни мардум дар Рамазон чист?

    Оё ҳар шахси мусулмон бо мардуми кишвараш руза доштанро шуруъ мекунад ё бо мардуми кишваре ки моҳтобро дидаанд?

    ﴿ هل يصوم مع بلده أو مع أي بلد رأى الهلال؟ ﴾

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Нависанда: Муҳаммад Солиҳи Мунаҷҷид

    Мутарҷим: Мисбоҳиддини Ҳомид

    2010 - 1431

    ﴿ هل يصوم مع بلده أو مع أي بلد رأى الهلال؟ ﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    محمد صالح المنجد

    ترجمة: مصباح الدين حامد

    2010 - 1431

    Оё ҳар шахси мусулмон бо мардуми кишвараш руза доштанро шуруъ мекунад ё бо мардуми кишваре ки моҳтобро дидаанд?

    Суол: Чи кор кунам! дар сурате ки дар баъзе кишварҳо моҳтобро дидаанд, ва руза доштанд, локин кишваре ки ман дар он кор мекунам моҳи Шаъбон ва моҳи Рамазонро бо си руз пурра карданд?

    Ва сабаби ихтилоф миёни мардум дар Рамазон чист?

    Ҷавоб: Шумо бояд бо мардуми кишваратон бошед, агар руза доштанд руза бидоред ва агар ифтор карданд ифтор кунед, чунки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Руза рузе аст ки (мардум) руза медоранд ва ифтор рузе аст ки (мардум) ифтор мекунанд, ва қурбони (иди қурбон азҳо) рузе аст ки (мардум) қурбони (азҳо) мекунанд".

    Чунки ихтилоф амали баде аст, ки бояд аз у дур бошед, ва лозим аст бар шумо ки ҳамроҳи мардуми кишваратон бошед, ҳаргоҳ ки мусулмонони кишваратон руза доштанд бо онҳо руза бидоред ва ҳаргоҳ ки ифтор карданд бо онҳо ифтор кунед.

    Аммо сабаби ихтилоф дар даромадани моҳи Рамазон дар он аст ки баъзеҳо моҳтобро мебинанд, ва баъзеҳо онро намебинанд, сипас баъзеҳо онҳоеро ки моҳтобро дидаанд бовар мекунанд, ва бо шоҳидии онҳо руза доштанро шуруъ мекунанд, ва ба шоҳидии онҳо итминон доранд ва ба гуфтаи онҳо амал мекунанд, ва шояд баъзеҳо ба онҳо бовари надоранд ва ба гуфтаи онҳо амал намекунанд, ба ҳамин хотир ихтилоф пайдо мешавад, ва кишварҳое ҳаст ки моҳтобро мебинанд ва мувофиқи дидаашон амал мекунанд ва баъзе кишварҳо бо дидани ин кишвар итминон надоранд ва руза намедоранд, бо ин гуна сабабҳо ва шояд бо сабабҳои сиёсии дигар ихтилофҳо пайдо мешаванд.

    Барои ҳамин воҷиб аст бар тамоми мусулмонон ки ҳама бо дидани моҳтоб руза бидоранд, ва бо диданаш ифтор кунанд, чунки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Руза бидоред бо диданаш (Моҳтоб) ва ифтор кунед бо диданаш (Моҳтоб) ва агар (осмон) абрнок шуд ҳисобро бо си (руз) пурра кунед" ҳаргоҳ ки ҳамаи мардум бо дидани моҳтоб итминон пайдо карданд пас бар онҳо воҷиб аст ки руза бидоранд, ва бо диданаш ифтор кунанд

    Ва дар сурате ки мусулмонон миёни худ ихтилоф карданд, ва ҳамдигарро бовар накарданд, пас барои шумо лозим аст ки бо мусулмонони кишваратон руза бидоред ва бо онҳо ифтор бикунед, чунки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Руза рузе аст ки (мардум) руза медоранд ва ифтор рузе аст ки (мардум) ифтор мекунанд, ва қурбони (азҳо) рузе аст ки (мардум) қурбони (азҳо) мекунанд". Ин чунин аз ибни Абос собит шудааст ки вақто ки уро хабар доданд ки мардуми кишварҳои Шом рузи ҷумъа руза доштанд, ибни Абос гуфт: "Мо моҳтобро рузи Шанбе дидем, ва руза медорем то ин ки моҳтобро бубинем, ё ин ки моҳро си руз пурра мекунем" дар ин асар собит шудааст ки ибни Абос бо дидани аҳли Шом моҳтобро амал накард, бо сабаби дурии Шом аз Мадина ва ихтилоф баромадгоҳи моҳтоб дар ин ду шаҳр, ва фикри ибни Абос дар ин масъала чунин буд ки ин масъала бо иҷтиҳод ҳал мешавад.

    Пас барои шумо аз ибни Абос рз пешвои хубтар касе нест, бо гуфта ва иҷтиҳоди он кас амал кунед беҳтар аст.

    Худованд ҳамаи моро мувафақ гардонад.