×
Ҳукми иштирок кардан дар идҳои кофирон, ва ёри додани онҳо дар идҳояшон.

    Баъзе аз мусулмонон идҳои насрониҳоро бо онҳо пешвоз мегиранд, шумо ба онҳо чи насиҳат медиҳед?

    Ширкат варзидан дар идҳои насрониҳо ва яҳудиҳо ва идҳои дигар кофирон бар мусулмон ҷоиз нест, Балки тарки ин кор бар мусулмон воҷиб аст, зеро ҳар касе худро ба қавме монанд кард пас ӯ аз он қавм мебошад. Ва Расули худо моро огоҳи додааст ки монанди онҳо набошем ва аз ахлоқу рафтори онҳо пайрави накунем. Пас муъмин аз ин корҳо бояд барҳазар бошад. Ва ёри додан дар ин идҳо бо ҳар роҳе набошад ҷоиз нест. Зеро ин идҳо мухолифи шариъат мебошанд. Пас иштирок кардан, кумак кардан бо чизе, мисли чой қаҳва асбобу анҷоми рузгор ва ғайра ҷоиз нест. Зеро Худованд мегуяд:

    ﴿وَتَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡبِرِّ وَٱلتَّقۡوَىٰۖ وَلَا تَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ ٢﴾ [المائدة: ٢]

    “Ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад".

    Сураи Моида 2

    Иштирок ва ҳамроҳи кардан дар идҳои кофирон як навъи кумак ва ҳамкори бо онҳо аст.

    Маҷмуъи фатово ва мақолоти мутанаввиъа. Адулазиз ибни Боз 6/405