ПОКРО АЗ НОПОК ҶУДО КАРДАН
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
ПОКРО АЗ НОПОК ҶУДО КАРДАН
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Солеҳ ибни Фавзон
Таҳия: islamhouse.com\tajiki
2013 - 1434
التمييز بين الطيب و الخبيث
«باللغة الطاجيكية»
صالح بن فوزان الفوزان
إعداد: دار الإسلام/ طاجيكي
2013 - 1434
ПОКРО АЗ НОПОК ҶУДО КАРДАН
Худованд ба Паёмбари худ мефармояд:
﴿قُل لَّا يَسۡتَوِي ٱلۡخَبِيثُ وَٱلطَّيِّبُ وَلَوۡ أَعۡجَبَكَ كَثۡرَةُ ٱلۡخَبِيثِۚ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ يَٰٓأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ١٠٠﴾ [المائدة: ١٠٠]
"Бигў нопоку пок баробар нест, агарчи бисёр будани нопокҳо туро ба шигифт андозад. Пас шумо эй соҳибхирадон аз Худо битарсед, то растагор шавед"
Сураи Моида, 100
Ин раҳмати илоҳист, ки Худованд дар ин ҷаҳон чизҳои бо ҳам зидро офаридааст, поку нопок, хубу бад, мўъмину кофар ва фоидаю зарар, то бандагонашро озмоиш ва имтиҳон намояд.
Дар ояти боло Худованд баробариро байни поку нопок инкор мекунад, зеро пок манфиат дорад ва нопок зарар.
Агарчи миқдори нопоки хеле зиёд бошад ва ҳатто таъсири худро дар баъзе чизҳои пок расонда бошад ҳам, бояд ҳақиқати он ошкор шавад ва носараву қалбаки буданаш фош гардад.
Лафзи нопок дар ин ҷо инсон, кор, сухан, мол, хўрока, нўшоки ва ғайраро дар бар мегирад.
Дар ҳамаи номбаршудаҳо пок ҳам дида мешавад, нопок ҳам, ки ҳаргиз бо ҳам баробар нестанд.
Одамони поку нопок баробар нестанд, чунон чи Худованд мефармояд:
﴿أَفَمَن كَانَ مُؤۡمِنٗا كَمَن كَانَ فَاسِقٗاۚ لَّا يَسۡتَوُۥنَ ١٨﴾ [السجدة : ١٨]
"Оё мўъмин монанди фосиқ аст? Инҳо ҳаргиз баробар намешаванд"
Сураи Саҷда, 18
Боз Худованд мефармояд:
﴿أَمۡ نَجۡعَلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ كَٱلۡمُفۡسِدِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ نَجۡعَلُ ٱلۡمُتَّقِينَ كَٱلۡفُجَّارِ ٢٨﴾ [ص : ٢٨]
"Оё мо касонеро, ки имон овардаанд ва амали солеҳ кардаанд, монанди фасодкорони рўи замин мегардонем. Ва ё муттақиёнро монанди гунаҳкорон мегардонем"
Сураи Сод, 28
Боз Худованд мефармояд:
﴿أَمۡ حَسِبَ ٱلَّذِينَ ٱجۡتَرَحُواْ ٱلسَّئَِّاتِ أَن نَّجۡعَلَهُمۡ كَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ سَوَآءٗ مَّحۡيَاهُمۡ وَمَمَاتُهُمۡۚ سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ ٢١﴾ [الجاثية : ٢١]
"Оё касоне, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, гумон мекунанд, ки онҳоро бо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, баробар мегузорем? Ва зиндагию марги онҳо баробар аст? Чи бад ҳукме мекунанд"
Сураи Ҷосия, 21
Худованд мефармояд:
﴿لَا يَسۡتَوِيٓ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِ وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِۚ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِ هُمُ ٱلۡفَآئِزُونَ ٢٠﴾ [الحشر: ٢٠]
"Баробар намешаванд асҳоби дўзах ва асҳоби ҷаннат. Асҳоби аннат наҷотёфтагонанд"
Сураи Ҳашр, 20
Худованд боз мефармояд:
﴿أَفَنَجۡعَلُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ كَٱلۡمُجۡرِمِينَ ٣٥ مَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ ٣٦﴾ [القلم: ٣٥-٣٦]
"Оё момусалмононро монанди гунаҳкорон қарор диҳем? Шуморо чи шудааст? Чи гуна ҳукм мекунед?"
Сураи Қалам, 35-36
Ҳамчунин корҳои хуб бо корҳои бад баробар нестанд.
Худованд мефармояд:
﴿وَلَا تَسۡتَوِي ٱلۡحَسَنَةُ وَلَا ٱلسَّيِّئَةُۚ ٣٤﴾ [فصلت: ٣٤]
"Ва баробар нест кори хуб бо кори бад"
Сураи Фусилат, 34
Сухани хуб бо сухани бад баробар нест.
Худованд мефармояд:
﴿أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا كَلِمَةٗ طَيِّبَةٗ كَشَجَرَةٖ طَيِّبَةٍ أَصۡلُهَا ثَابِتٞ وَفَرۡعُهَا فِي ٱلسَّمَآءِ ٢٤ تُؤۡتِيٓ أُكُلَهَا كُلَّ حِينِۢ بِإِذۡنِ رَبِّهَاۗ وَيَضۡرِبُ ٱللَّهُ ٱلۡأَمۡثَالَ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ ٢٥ وَمَثَلُ كَلِمَةٍ خَبِيثَةٖ كَشَجَرَةٍ خَبِيثَةٍ ٱجۡتُثَّتۡ مِن فَوۡقِ ٱلۡأَرۡضِ مَا لَهَا مِن قَرَارٖ ٢٦﴾ [ابراهيم: ٢٤-٢٦]
"Оё надиди, ки Худованд гуфтори покизаро ба дарахти покизае монанд кардааст, ки решааш устувору шохааш дар осмон аст.
Меваи худро ба дастури Худованд ҳар замон медиҳад.
Худованд масалҳоро барои мардум мезанад, шояд, ки онҳо панд гиранд.
Ва масали сузани нопок монанди дарахти нопок аст, ки аз замин решакан шуда ва ҳеҷ қароре надорад"
Сураи Иброҳим, 24-26
Худованд хабар додааст, ки калимаҳои хуб ба сўи ў мебароянд.
Худованд мефармояд:
﴿إِلَيۡهِ يَصۡعَدُ ٱلۡكَلِمُ ٱلطَّيِّبُ وَٱلۡعَمَلُ ٱلصَّٰلِحُ يَرۡفَعُهُۥۚ ١٠﴾ [فاطر: ١٠]
"Ба сўи Ў боло меравад сухани хуш ва пок ва амали солеҳ онро боло мебарад"
Сураи Фотир, 10
Моли нопок бо моли пок баробар шуда наметавонад.
Паёмбар (с) хабар додааст, ки Худованд садақаро қабул намекунад, магар ин ки аз моли пок бошад ва агар аз моли нопок бошад, онро қабул намекунад.
Чуноне ки мефармояд:
"Ҳар садақае, ки банда аз моли покаш мекунад, Худованд ҷуз поки чизеро намегирад, Худованд онро бо дасташ мегирад"
Муттафақун алайҳи
Дар саҳеҳи Муслим аз Паёмбар (с) чунин ривоят омадааст:
"Худованд намозро бе таҳорат қабул намекунад ва садақаро аз моли ғулул қабул намекунад". Ғулул он молест, ки аз ғанимат ё байтулмол бо роҳи ҳалол ба даст наомадааст, он чи бо роҳи ҳалол ба даст наомада бошад, он нопок аст.
Таоми нопок бо таоми пок баробар нест. Худованд покро ҳалолу нопокро ҳаром гардонидааст.
Худованд дар васфи Паёмбараш мефармояд:
﴿وَيُحِلُّ لَهُمُ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيۡهِمُ ٱلۡخَبَٰٓئِثَ ١٥٧﴾ [الاعراف: ١٥٦]
"Ва барои эшон покизаҳоро ҳалолу нопокиҳоро ҳаром мегардонад"
Сураи Аъроф, 156
Хўрдани таому шароби нопок дар дил, ҷисм ва рафтор таъсири бади худро дорад.
Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلرُّسُلُ كُلُواْ مِنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَٱعۡمَلُواْ صَٰلِحًاۖ ٥١﴾ [المؤمنون : ٥١]
"Эй паёмбарон, аз покизаҳо бихўред ва корҳои шоистаро анҷом диҳед..."
Сураи Мўъминун, 51
Боз Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لِلَّهِ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ ١٧٢﴾ [البقرة: ١٧٢]
"Эй касоне, ки имон овардаед, бихўред аз неъматҳои покиза, ки рўзи додаем ва Худовандро шукр гўед, агар Ўро ибодат мекарда бошед"
Сураи Бақара, 172
Паёмбар (с) мефармоянд:
"Марде роҳи дарозро тай карда, мўйҳояш парешон ва либосаш ғуборолуд шуда, дастони худро тарафи осмон бардошта мегўяд: Худоё, Худоё, (локин) дар ҳоле, ки таомаш ҳаром, шаробаш ҳаром, либосаш ҳаром ва ғизояш ҳама ҳаром аст, пас аз куҷо дуои ин мард қабул шавад"
Муслим
Маънои ҳадис он аст, ки Худованд аз тамоми айбҳо поку покиза аст ва Ў танҳо корҳои покро қабул мекунад.
Корҳоеро, ки аз фасоду палидиҳо ба монанди риё, худнамои, кибр ва дигар анвои ширк пок бошад.
Ў садақаро қабул намекунад, магар дар сурате, ки он аз моли ҳалолу пок бошад ва суханеро қабул намекунад, магар пок бошад.
Худованд мефармояд:
﴿إِلَيۡهِ يَصۡعَدُ ٱلۡكَلِمُ ٱلطَّيِّبُ وَٱلۡعَمَلُ ٱلصَّٰلِحُ يَرۡفَعُهُۥۚ ١٠﴾ [فاطر: ١٠]
"Ба сўи Ў боло меравад сухани хуш ва пок ва амали солеҳ онро боло мебарад"
Сураи Фотир, 10
Худованд танҳо инсонҳоеро қабул мекунад, ки пок бошанд ва эшон мўъминонанд.
Мўъмин ҳамааш пок аст, дилаш, забонаш, танаш, зеро дар дили ў имон ҷой дорад ва ёди Худо дар забони ўст ва тамоми аъзои баданаш кори накў мекунанд. Ин аст самараи имон. Худованд тамоми корҳои мўъминро қабул мекунад, зеро Ў танҳо хуширо қабул дорад.
Мо ҳамарўза дар Аттаҳиёт мехонем:
Дурудҳо ва покиҳо барои Худованд бод.
Бузургтарин сабаб дар ба даст овардани мўъминон корҳои накўро, ин истеъмоли таоми покиза аст, зеро мусалмон ҳамеша хўроки ҳалолро истеъмол мекунад.
Чизе, ки тамоми амалҳоро вайрон намуда, қабули онро ба даргоҳи Худованд манъ мекунад, ин истеъмоли таоми ҳаромаст.
Ҳамчуноне, ки дар ҳадиси касе, дастонашро ба сўи Худованд бардоштааст, омада буд:
"Худоё, Худоё, дар ҳоле, ки таомаш ҳаром, шаробаш ҳаром, либосаш ҳаром ва ғизояш ҳама ҳаром аст. Пас аз куҷо дуояш қабул шавад".
Ин ҳадиси шариф далолат бар он мекунад, ки хўрдани ҳаром, нўшидани ҳаром ва пўшидани либоси ҳаром монеъи қабули дуо мегардад.
Дар ин ҳадиси шарифи Паёмбар бонги хатараст барои онҳое, ки лаҷоми нафси худро кушода гузоштаанд, то дар ҳама намуд молҳои ҳаром ва корҳои ҳаром даст зананд, монанди рибо, пора, дурўғ, хиёнат ва фиреб дар хариду фурўш ва аз худ кардани пулу моли мардум бо ҳиллаҳои гуногун ва савганди дурўғ ва шоҳидони бардурўғ.
Дар ин ҳадис бонги хатар аст барои онҳое, ки ҳаромро мехўранду менўшанд, монанди онҳое, ки маводи масткунанда ва мухаддиротро истеъмол менамоянд, чун арақу ҳашишу афюн. Онҳо чизҳоеро истеъмол менамоянд, ки ақлу ҳушро вайрон намуда, ҷисмро лоғар мекунанд ва мардиро мекушанд ва инсонро ба пасти ва анҷоми ҳама намуд расвоги мерасонад.
Чи гуна дуои ў қабул шавад? Чигуна метавонад тоати Худоро ҷисме анҷом диҳад, ки аз ҳаром ғизо мегирад? Чи гуна аз ҷумлаи солеҳин мешавад инсоне, ки хўрокаш палидист?
Пас шумо, эй бандагони Худо, аз Худованд битарсед ва ба ҳалолҳои ў иктифо намуда, даст аз ҳама ғизоҳои ҳаром бардоред.
Худованд мефармояд:
﴿فَٱجۡتَنِبُواْ ٱلرِّجۡسَ مِنَ ٱلۡأَوۡثَٰنِ وَٱجۡتَنِبُواْ قَوۡلَ ٱلزُّورِ ٣٠﴾ [الحج : ٣٠]
"Шумо аз бутҳои палид ва гуфтори дурўғ иҷтиноб кунед"
Сураи Ҳаҷ, 30
Шумо забони худро ба гуфтани суханони рост ва покиза одат кунонед, монанди тиловати Қуръон, тасбеҳ, таҳлил, такбир ва дуо, то шумо аз ҷумлаи касоне бошед, ки Худованд дар бораашон мефармояд:
﴿وَلِكُلِّ أُمَّةٖ جَعَلۡنَا مَنسَكٗا لِّيَذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُم مِّنۢ بَهِيمَةِ ٱلۡأَنۡعَٰمِۗ فَإِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ فَلَهُۥٓ أَسۡلِمُواْۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُخۡبِتِينَ ٣٤﴾ [الحج : ٣٤]
"Ва ба гуфтори покиза ва роҳи писандида роҳнамои шаванд"
Сураи Ҳаҷ, 34
Шумо аз гуфтори палид парҳез кунед, монанди дурўғ, ғайбат, суханчини, дашном, гувоҳи додан ба дурўғ, савганди дурўғ, фаҳшгўи ва ин гуна суханонро нагўед ва ба ин гуна суханон гўш надиҳед, то шумо аз ҷумлаи ононе бошед, ки Худованд дар ҳаққашон мефармояд:
﴿وَإِذَا سَمِعُواْ ٱللَّغۡوَ أَعۡرَضُواْ عَنۡهُ وَقَالُواْ لَنَآ أَعۡمَٰلُنَا وَلَكُمۡ أَعۡمَٰلُكُمۡ سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡ لَا نَبۡتَغِي ٱلۡجَٰهِلِينَ ٥٥﴾ [القصص: ٥٥]
"Ва чун суханони беҳударо бишнаванд, аз он рўй мегардонанд ва мегўянд :Аъмоли мо марбут ба худамон аст ва кирдори шумо азони худатон. Салом бар шумо, мо ҷоҳилонро намехоҳем"
Сураи Қасас, 55
Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُحَرِّمُواْ طَيِّبَٰتِ مَآ أَحَلَّ ٱللَّهُ لَكُمۡ وَلَا تَعۡتَدُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُعۡتَدِينَ ٨٧ وَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ حَلَٰلٗا طَيِّبٗاۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ٱلَّذِيٓ أَنتُم بِهِۦ مُؤۡمِنُونَ ٨٨﴾ [المائدة: ٨٧-٨٨]
"Эй касоне, ки имон овардаед, шумо чизҳои покизаеро, ки Худованд бароятон ҳалол гардонидааст, бар худ ҳаром накунед ва аз ҳад дарнагузаред, зеро Худованд таҷовузгаронро дўст намедорад.
Ва аз он чи Худованд бароятон рўзи додааст, ҳалолу покиза бихўред. Ва азХудованде, ки ба Ў имон доред, битарсед"
Сураи Моида, 87-88
Эй мардум! Аз Худованди мутаол битарсед ва аз ҷумлаи мўъминони содиқу покиза бошед ва аз палидону табаҳкорон дури ҷўед.
Худованди бузург дар китоби муҳкамаш шуморо амр намудааст:
﴿وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ يَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَيُطِيعُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓۚ أُوْلَٰٓئِكَ سَيَرۡحَمُهُمُ ٱللَّهُۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ٧١﴾ [التوبة: 71]
"Ва мардону занони мўъмин ба ҳамдигар дўстанд. Онҳо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд ва намозро барпо медоранд ва закот медиҳанд ва Худову Паёмбарашро итоат менамоянд.
Худованд ба зуди онҳоро мавриди раҳмати худ қарор медиҳад. Ҳамоно, Худованд нерўманди фарзона аст"
Сураи Тавба, 71
Боз Худованд мефармояд:
﴿ٱلۡخَبِيثَٰتُ لِلۡخَبِيثِينَ وَٱلۡخَبِيثُونَ لِلۡخَبِيثَٰتِۖ وَٱلطَّيِّبَٰتُ لِلطَّيِّبِينَ وَٱلطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَٰتِۚ أُوْلَٰٓئِكَ مُبَرَّءُونَ مِمَّا يَقُولُونَۖ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَرِزۡقٞ كَرِيمٞ ٢٦﴾ [النور : ٢٦]
"Занони палид лоиқи мардони палиданд ва мардони палид низ лоиқи занони палиданд. Ва занони покдоман шоистаи мардони покдоман ва мардони покдоман низ шоистаи занони покдомананд"
Сураи Нур, 26
Яъне, занони палид ва ё суханони палид насиби мардони палид мегарданд ва мардони палид насиби занони палид ё суханони палид мегарданд.
Аммо занони хуб ва суханони хуб насиби мардони хуб мегарданд ва мардони хуб насиби занони хуб ва суханони хуб мегарданд.
Яъне, ҳар намуд инсонро тавре муомила мекунанд, ки лоиқи он аст.
Агар зан гирад, насибаш ҳамон намуд зане мегардад, ки худ ҳамон тавр аст ва агар бо ў сухан гўянд ҳам, ба ҳамон услуб хитобаш мекунанд, ки лоиқи он аст.
Ҳамчуноне, ки Худованд палидҳоро аз покҳо дар ин дунё ҷудо намудааст, дар қиёмат ҳам онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад.
Худованд мефармояд:
﴿وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يَوۡمَئِذٖ يَتَفَرَّقُونَ ١٤ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَهُمۡ فِي رَوۡضَةٖ يُحۡبَرُونَ ١٥ وَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بَِٔايَٰتِنَا وَلِقَآيِٕ ٱلۡأٓخِرَةِ فَأُوْلَٰٓئِكَ فِي ٱلۡعَذَابِ مُحۡضَرُونَ ١٦﴾ [الروم: ١٤-١٦]
"Дар он рўзе, ки қиёмат қоим мешавад, аз якдигар ҷудо мешаванд. Аммо касоне, ки имон оварда, корҳои накў кардаанд, онҳо дар боғе шодмон ва масрур хоҳанд буд. Ва аммо касоне, ки кофир шуда, оятҳои мо ва омадани охиратро дурўғ мепиндоштанд, дар азоб гирифтор мешаванд"
Сураи Рум, 14-16
Биҳишт макони покон аст, ҳамчуноне, ки Худованд мефармояд:
﴿سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡ طِبۡتُمۡ فَٱدۡخُلُوهَا خَٰلِدِينَ ٧٣﴾ [الزمر: ٧٢]
"Салом бар шумо, хуш бошед, ба биҳишти ҷовидона дохил шавед"
Сураи Зумар, 73
Боз Худованд мефармояд:
﴿ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ ظَالِمِيٓ أَنفُسِهِمۡۖ فَأَلۡقَوُاْ ٱلسَّلَمَ مَا كُنَّا نَعۡمَلُ مِن سُوٓءِۢ ۚ بَلَىٰٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٢٨﴾ [النحل: ٢٨]
"Касоне, ки ба худ ситам раво доштаанд, дар муқобили малоикаҳо, ки ҷонашонро мегиранд, сари таслим фуруд меоваранд, ки мо ҳаргиз кори баде накардем. Оре, албатта Худованд аз он чи шумо мекардед,огоҳ аст"
Сураи Наҳл, 28
Дўзах макони палидон аст.
Худовандмефармояд:
﴿لِيَمِيزَ ٱللَّهُ ٱلۡخَبِيثَ مِنَ ٱلطَّيِّبِ وَيَجۡعَلَ ٱلۡخَبِيثَ بَعۡضَهُۥ عَلَىٰ بَعۡضٖ فَيَرۡكُمَهُۥ جَمِيعٗا فَيَجۡعَلَهُۥ فِي جَهَنَّمَۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ٣٧﴾ [الانفال: ٣٧]
"То Худованд палидро аз пок ҷудо намояд ва палидонро бар ҳам омехта намояд ва ҳамагонро дар оташи дўзах медарорад. Онҳо ҳамон зиён дидагонанд"
Сураи Анфол, 37
Пас Шумо эй бандагони Худо аз ў битарсед ва покро аз палиди ҷудо намоед ва шумо худ аз ҷумлаи мўъминони покиза бошед, ҳамеша таоми покиза истеъмол намоед, сухани хуш бигўед, ба даргоҳи Худованд бо амалҳои пок наздик шавед ва аз молҳои покиза садақа намоед, то ба сарои покон бирасед, ки он ҷаннат аст.
Шумо аз тамоми чизҳои палид дури ҷўед, сухан, хўрок, пўшок, кор ва рафтори палидро тарк намоед.
Аз мардону занони палид дур бошед, шояд аз оқибати бад раҳои ёфта, дохили ҷаннати Парвардигори худ гардед ва дар он рўз бароятон бигўянд:
﴿سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمۡ طِبۡتُمۡ فَٱدۡخُلُوهَا خَٰلِدِينَ ٧٣﴾ [الزمر: ٧٢]
"Салом бар шумо, хуш бошед, ба биҳишт ҷовидона дохил шавед"
Сураи Зумар, 73