Тафсири сураи Кавсар
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Тафсири сураи Кавсар
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳия: islamhouse/tojiki
2012 - 1433
﴿ تفسير سورة الكوثر ﴾
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: دار الإسلام / طاجيكي
2012 - 1433
Тафсири сураи Кавсар
Сураи Кавсар макки буда дорои се оят аст.
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
﴿إِنَّآ أَعۡطَيۡنَٰكَ ٱلۡكَوۡثَرَ ١ فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَٱنۡحَرۡ ٢ إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ ٱلۡأَبۡتَرُ ٣ ﴾
﴿إِنَّآ أَعۡطَيۡنَٰكَ ٱلۡكَوۡثَرَ ١﴾
«Мо кавсарро ба ту ато кардем».
﴿فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَٱنۡحَرۡ ٢﴾
«Пас барои парвардигорат намоз бихон ва қурбони кун».
﴿إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ ٱلۡأَبۡتَرُ ٣﴾
«Ки бадхоҳи ту худ абтар аст».
Худованд ба паёмбараш (с) мефармояд: «Мо кавсарро ба ту ато кардем». Мо ба ту хайри фаровон ва фазли зиёде додаем, аз ҷумлаи он наҳр ва ҳавзе аст, ки худованд ба паёмбараш дода ва кавсар номида мешавад, дарозии он ба масофаи як моҳ ва паҳноии он низ масофаи як моҳ аст. Оби он аз шир сафедтар ва аз асал ширинтар аст. Зарфҳои нушидании он ба андозаи ситорагони осмон ва монанди он дурахшон мебошад. Ҳар касе як бор аз ҳавзи кавсар бинушад , ҳаргиз ташна нахоҳад шуд.
Вақте худованд миннати хешро бар паёмбар баён кард, ӯро ба сипосгузории неъмат фармон дод. Ва фармуд: Барои парвардигорат намоз бигзор ва қурбони кун. Ин ду ибодатро ба таври хос баён кард. Чунки ин ду ибодат аз беҳтарин ибодатҳо ва бузургтарини онҳо мебошад.
Ва чун дар намоз дилу узвҳо барои Худо фурутан мебошанд. Ва аъзо ва ҷавореҳ барои анҷоми анвоъи бандагии Худованд ҳаракат мекунанд. Забҳ кардани қурбони муҷиб мешавад, ки банда ба василаи беҳтарин чизе ки дар назди худ дорад ва бо додани моле ки дилҳо бар муҳаббати он сириштаанд ва бар он бухл меварзанд, ба Худованд тақарруб ва наздики ҷуяд.
﴿إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ ٱلۡأَبۡتَرُ ﴾
Ҳамоно касе ки бо ту душмани дорад ва туро мазаммат мекунад, бехайру баракат ва беному нишон хоҳад буд. Аммо Муҳаммад (с) дар ҳақиқат инсони комил аст ва номи Ӯ дар ҳамаҷо паҳн ва пайравони зиёд дорад.
Поёни тафсири сураи Кавсар.