ТАФСИРИ ОЁТЕ АЗ СУРАИ ТУР
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
ТАФСИРИ ОЁТЕ АЗ СУРАИ ТУР
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳия ва тарҷума: Мисбоҳидини Ҳомид
2012 - 1433
﴿ تفسير بعض الآيات من سورة الطور ﴾
« باللغة الطاجيكية »
إعداد: مصباح الدين حميد
2012 - 1433
ТАФСИРИ ОЁТЕ АЗ СУРАИ ТУР
Эй мардум, аз Худованди мутаъол битарсед ва ба ёд оред он вокеаҳоеро, ки бар сари умматони пешини дуруғгўй ва золим омада буд.
Онҳое ки паёмбарони Худоро такзиб намуда, айбашон мегирифтанд ва бо тамоми бадиҳои беасос онҳоро тўҳмат мекарданд.
Онҳоро замоне соҳир мегуфтанд, замони дигар девона ва замони дигар аблаҳ.
Худованд дар ин хусус фармудааст:
﴿كَذَٰلِكَ مَآ أَتَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا قَالُواْ سَاحِرٌ أَوۡ مَجۡنُونٌ ٥٢ أَتَوَاصَوۡاْ بِهِۦۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٞ طَاغُونَ ٥٣﴾ الذاريات 52- 53
«Ҳамчунин пеш аз эшон ҳеҷ паёмбаре наомада буд, магар барояш соҳир ё девона гуфтанд. Оё ҳамдигарро ба чунин гуфтан васият кардаанд. Балки онон қавми саркашанд» Зориёт 52-53.
Ҳамчунин ононе, ки Паёмбар (с)-ро такзиб намуданд ва бо тамоми суханони қабеҳ ўро бад карданд, дар асл он сифотро худи онҳо доро буданд.
Ин каломи онҳоро Худованд дар чанд ҷойи Куръон зикр намуда аз ҷумла фармудааст:
Ва боз мефармояд:
﴿فَقَالَ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ يُؤۡثَرُ ٢٤﴾ مدثر 24
«Пас гуфтанд ин танҳо сеҳрест, ки таъсири худро мерасонад» Мудассир 24
﴿وَقَالَ ٱلظَّٰلِمُونَ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلٗا مَّسۡحُورًا ٨﴾ الفر قان 81
«Ва золимон мегуфтанд шумо танҳо марди афсуншударо пайрави мекунед» (Фуркон 8).
Вале Худованд аз Паёмбар дифоъ намуда ўро тақвият мебахшид ва ёрияш медод ва саранҷоми корро насиби ў мегардонид. Дар сураи «Тур» барои дифоъ, кўмак, пуштибони ва дастгирии Худованд аз Паёмбар (с) далели зиёдест. Онҳо Паёмбар (с)-ро фолбин ва ҷодугар мегуфтанд, то бо ин тариқа роҳи даъваташро гиранд ва ҳиммату азимати ўро кам намуда, мардумро аз атрофи ў ва шариъати ў дур намоянд. Худованди азза ва ҷалла ба ў мегўяд:
﴿فَذَكِّرۡ فَمَآ أَنتَ بِنِعۡمَتِ رَبِّكَ بِكَاهِنٖ وَلَا مَجۡنُونٍ ٢٩﴾ الطور 29
«Пас роҳи даъвати худро идома деҳ, зеро ту бо он неъматҳои худодод, на фолбин ҳасти, ва на девона» Тур 29.
Худованд барои ў набувват инъом намудааст. Аз ин лиҳоз ў на фолбин ҳасту на девона, балки Паёмбари содиқ буда аз ҳама мардум бештар дорои ақли расо ва тасарруфи накў аст. Ҳамчунин мегуфтанд, ки ў шоир аст ва рўзе маргу ҳалокат ба сараш меояд. Дар ин ҳолат Худованд барои Паёмбараш (с)гуфт:
﴿قُلۡ تَرَبَّصُواْ فَإِنِّي مَعَكُم مِّنَ ٱلۡمُتَرَبِّصِينَ ٣١﴾ الطور 31
«Бигў интизор шавед, ман низ бо шумо дар интизорам» Тур-31.
Шумо мунтазир бошед, мурдан танҳо хосси ман нест ва шумо ҳам аз марг раҳои надоред, ман низ мунтазири марги шумоям.
Ҳалокат ба онҳо зудтар мерасад чунончи Худованди бузург фармудааст:
﴿أَمۡ تَأۡمُرُهُمۡ أَحۡلَٰمُهُم بِهَٰذَآۚ أَمۡ هُمۡ قَوۡمٞ طَاغُونَ ٣٢﴾ الطور 32
«Оё барои онон ақлҳои эшон чунин мефармояд ва ё онон қавми саркашанд?» Тур-32.
Оё ақлҳои эшон барояшон чунин суханони фосидро имло менамояд? Не! Зеро ҳар оқиле медонад, ки Қуръон шеър нест, вале онҳо ситамгарону таҷовузгаронанд.
«Ё онҳо мепиндоранд, ки онро аз пеши худ бофтааст» Тур-33.
Яъне он ҳазрат Куръонро худ бофта ба мардум пешниҳод кардааст? Аз пеши худ бар зидди Худо? Пас Худованд дар посухи онҳо фармуд:
﴿بَل لَّا يُؤۡمِنُونَ ٣٣﴾ الطور 33
«Балки онон имон намеоранд» Тур-33.
Онҳо хуб медонанд, ки Расули Худо (с) Қуръонро аз пеши худ нагуфтааст ва имкон надорад, ки гуфта бошад, зеро он каломи холиқ аст ва ҳеҷ мумкин нест, ки махлуқе монанди онро биёрад. Вале чизе, ки ононро маҷбур ба гуфтани чунин суханон намуда аст, ин куфру саркашии онҳост. Пас Худованд онҳоро даъват намуд, ки агар содик бошанд, пас монанди он (Куръон) биёранд:
﴿فَلۡيَأۡتُواْ بِحَدِيثٖ مِّثۡلِهِۦٓ إِن كَانُواْ صَٰدِقِينَ ٣٤﴾ الطور 34
«Пас сухане монанди он оваред агар шумо содик ҳастед» Тур-34.
Яъне монанди ҳамин Қуръон дар балоғат, ҳидоят, илмҳои фоидаовар, корҳои накў, ақидаи дуруст, ахлоқи зебо ва ғайра китобе биёред. Вале онҳо бо вуҷуди он, ки пешсафони баёну шоҳони фасоҳат буданд, дар овардани он оҷиз гаштанд. Чун Худованд онҳоро ба таҳадди (қувваозмои) даъват намуд ва онҳо аз таъна задан дар оятҳои Қуръон оҷиз гаштанд, онҳоро ба офариниши муъҷизаҳои олами даъват намуда гуфт:
﴿أَمۡ خُلِقُواْ مِنۡ غَيۡرِ شَيۡءٍ أَمۡ هُمُ ٱلۡخَٰلِقُونَ ٣٥﴾ الطور 35
«Оё онҳо аз ҳеҷ чиз офарида шудаанд ва ё онҳо худ холиқанд» Тур-35.
Яъне оё онҳо бе Офаридагор офарида шудаанд? Оё ба тариқи судфа, ва бе сабаб пайдо шудаанд? Ин кори номумкин аст. Зеро ҳар махлуқеро холиқ зарур аст ва ҳар ҳодисеро муҳдис. Вақто ки барои онҳо холиқ зарур аст, пас оё онҳо худашон офаридагори худ ҳастанд? Ин кор ҳам аз имкон берун аст, зеро касе наметавонад даъво намояд, ки ў худро офаридааст. Чи гуна инро тасаввур кардан мумкин аст, дар сурате ки пеш аз пайдоишаш вуҷуд надошт.
Ҳамчунин касе даъво карда наметавонад, ки дигареро офаридааст. Касе наметавонад, ки чунин даъво намояд, ки ба ҷанин дар шиками модараш шаклҳои гуногун - нутфа, баъдан гўштпора ва сипас инсони зинда бахшид ва дар он руҳ дамид. Вақто ки собит намудем, ки ў ба тариқи сўдфа пайдо нашудааст ва худро низ наофридааст, маълум мешавад, ки холиқи онҳо Худованди бузург аст, чунончи онҳо ба ин иқроранд ва Худованд фармудааст:
﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَهُمۡ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ٨٧﴾ الزخرف 87
«Ва агар аз онҳо бипурси, ки онҳоро ки офаридааст, албатта, мегўянд Худованд. Пас куҷо равона ҳастанд?» Зухруф 87.
Худованд онҳоро аз таҳадии ба офариниши худ ба таҳадии болотар ва бузургтар даъват намуда фармудааст:
﴿أَمۡ خَلَقُواْ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۚ بَل لَّا يُوقِنُونَ ٣٦﴾ الطور 36
«Оё онҳо осмонҳо ва заминро офаридаанд? Балки онҳо яқин надоранд» Тур-36.
Онҳо осмонҳо ва заминро наофридаанд ва инмкон надорад, ки чунин иддаъо дошта бошанд. Балки худи онҳо иқрор мекунанд, ки осмонҳо ва заминро Худованд офаридааст, чунончи Худованд фармудааст:
﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٢٥﴾ لقمان 25
«Ва агар аз онҳо пурси, ки осмонҳо ва заминро ки офаридааст, албатта, мегўянд Худованд. Бигў ҳамд барои Худованд, балки аксари онҳо намедонанд» Луқмон 25.
Вақто ки онҳо иқрор мекунанд, ки он зоте, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, Худованди бузург мебошад, пас чаро Паёмбар (с)-ро, ки ваҳйи Худоро меорад ва оятҳои Ӯро таъйид менамояд, бовар намекунанд.
﴿بَل لَّا يُوقِنُونَ ٣٦﴾ الطور 36
«Балки онҳо яқин надоранд» Тур-36.
Балки онҳо дар изтиробу ноороми, шаку шубҳа
қарор гирифтаанд. Худованд дар рафти таҳаддии ин дурўғгуён фармудааст:
﴿أَمۡ عِندَهُمۡ خَزَآئِنُ رَبِّكَ أَمۡ هُمُ ٱلۡمُصَۜيۡطِرُونَ ٣٧﴾ الطور 37
«Оё назди онҳо хазинаҳои Парвардигори туст? Ё бар чизе тасаллут ёфтаанд?» Тур-37.
Эшон он хазинаҳоро аз ҳар ки хоҳанд боз медоранд ва ба ҳар ки хоҳанд мебахшанд? Онҳо даъво доранд, ки паёмбари аз ту нест ва ту дар ин роҳ дурўғгў мебоши? Не, ҳаргиз онҳо соҳиби хазинаҳои Худованд нестанд ва хазинаҳои Худованд дар назди худаш аст ва Худованд аз фазли хеш барои ҳар ки хоҳад медиҳад.
Чунончи фармудааст:
﴿أَمۡ عِندَهُمۡ خَزَآئِنُ رَبِّكَ أَمۡ هُمُ ٱلۡمُصَۜيۡطِرُونَ ٣٧﴾ الطور 37
«Оё назди онҳо хазинаҳои Парвардигори туст ва ё онҳо ҳамаро сайтра намудаанд?» Тур-37.
Оё онҳо соҳиб шуда сайтараро дар даст доранд пас барои мардум дар тасарруфашон дахолат менамоянд? Не, чунин нест. Онҳо на онҳоро соҳибанд ва на тавони дахолату тасарруф дар онҳоро доранд. Худованд аз онҳо ду султаро(қудратро) наҳй намуда аст, яке султаи додан, дигаре султаи соҳиби намудану тасарруф кардан. Пас маълум гашт, ки онҳо тавони боз доштани фазли Худо ва ё додани онро бе иродаи Худованд надоранд.
Ҷубайри ибни Мутъим (рз) мегўяд:
«Аз Паёмбар (с) шунидам, ки дар намози мағриб (шом) сураи «Тур»-ро мехонд. Вақто ки ба ин оят расид, қариб буд ки дили ман кафад» (Ривояти Бухори).
Шунидани ин оят омили асосии имон овардани ў гашт.
﴿أَمۡ لَهُمۡ سُلَّمٞ يَسۡتَمِعُونَ فِيهِۖ فَلۡيَأۡتِ مُسۡتَمِعُهُم بِسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٍ ٣٨﴾ الطور 38
«Оё барои онҳо нардбон аст, ки дар он мешунаванд?» Тур-38.
Оё тавассути нардбон ба осмон баромада ахбори осмонҳоро мешунаванд? Он авсоферо, ки ба ту нисбат медиҳанд чун фолбини, девонаги, шоири, дурўғгўйи ва ғайра ин ҳамаро аз онҷо шунидаанд? Не, чунин нест! Онҳо нардбоне надоранд, ки бо он ба осмон баромада, чизе шунаванд, вале агар онҳо бо ғурур инро иддао намоянд, бояд ҳуҷҷат дошта бошанд.
Худованд фармудааст:
﴿أَمۡ لَهُمۡ سُلَّمٞ يَسۡتَمِعُونَ فِيهِۖ فَلۡيَأۡتِ مُسۡتَمِعُهُم بِسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٍ ٣٨﴾ الطور 38
«Пас шунавандагони онҳо ҳуҷҷати ошкоро биёранд» Тур-38.
Вале онҳо ҳаргиз ҳуҷҷат надоранд. Вақто ки ин такзибкунандагони паёмбарон ҳуҷҷати қавии мўътамад надоранд, ҳамчунин дорои хазоини раҳмати илоҳи нестанд, ки бо он аз байни дигар бандагон тахсис дода шуда бошанд ва онҳо дорои нардбоне нестанд, ки ахбори осмонҳоро ҳосил намоянд ва ба ин на ҳуҷҷат доранд ва на далел, Худованд онҳоро сарзаниш намуд, ки чаро иддаъо доранд, ки онҳо дорои писаронанду Худованд дорои духтар? Инро чи гуна тасаввур бояд кард? Онҳо дар бораи ҳамҷинсони худ, ки якҷо зиндаги мекунанд, маълумоти комил надоранд, пас чи гуна ин чизҳоро ба Худованд нисбат медиҳанд? Худованд фармудааст:
﴿أَمۡ تَسَۡٔلُهُمۡ أَجۡرٗا فَهُم مِّن مَّغۡرَمٖ مُّثۡقَلُونَ ٤٦﴾ القلم 46
«Оё аз онҳо музде металаби, ки аз вазнинии он оҷиз шудаанд?» Қалам 46.
Пас дигар оятҳо пайи ҳам омадаанд, то аз Паёмбар (с) дифоъ намуда, тўҳматҳои ононро бартараф намоянд.
﴿أَمۡ عِندَهُمُ ٱلۡغَيۡبُ فَهُمۡ يَكۡتُبُونَ ٤١﴾ الطور 41
«Оё ғайб дар назди онҳост, пас онҳо аз он менависанд?» Тур-41.
Он чизе, ки онҳо аз ғайб омўхтаанд, барояшон таълим медиҳад, ки рисолаи ту мухолифи он аст? Пас барои ҳамин онро инкор мекунанд аз бими он, ки он чи аз ғайб омўхтаанд ва навиштаанд мабодо ботил гардад. Ҳақиқат ин аст, ки онҳо ғайбро намедонанд ва онро нанавиштаанд. Онҳо бесаводу ҷоҳиланд. Тақозои ақлу ҳикмат он аст, ки ба он чи Паёмбар (с) овардааст ва тавассуташ онҳоро тазкия менамояду барояшон китобу ҳикмат меомўзонад, хурсанд шаванд.
Худованд фармудааст:
﴿أَمۡ يُرِيدُونَ كَيۡدٗاۖ فَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ هُمُ ٱلۡمَكِيدُونَ ٤٢﴾ الطور 42
«Ё мехоҳанд ҳиллае кунанд? Аммо кофирон худ ба ҳилла гирифторанд» Тур 42.
Ин аст воқеият. Онҳо бо ин авсоф, ки дар ҳаққи
Паёмбар (с) мегўянд, танҳо ба хотири осеб расонидани Паёмбар (с), дини ў ва нест кардани он мебошанд. Вале Худованд то динашро пурра накунад, рози нахоҳад шуд.
﴿أَمۡ يُرِيدُونَ كَيۡدٗاۖ فَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ هُمُ ٱلۡمَكِيدُونَ ٤٢﴾ طور 42
«Ё мехоҳанд ҳиллае кунанд? Аммо кофирон худ ба ҳилла гирифторанд» Тур 42, яъне ба сабаби куфр ва инкор.
Бародарони аҳли имон! Такзиби Паёмбар (с) бо даргузашти эшон анҷом наёфтааст. Балки то кунун боқи монда ва то рўзи фанои олам идома хоҳад ёфт.
Ашхосе ҳастанд, ки ба тамоми он чи Паёмбар (с) овардааст, такзиб мекунанд ва ин ҳоли аҳли китоб ва куффор аст. Ҳамчунин ашхосе ҳастанд, ки баъзе ҷузъиёти онро такзиб мекунанд. Ба ин тариқа, ки бархе аз ахбори Паёмбарро бе далелу бурҳон рад менамоянд ва ё баъзе ахборро нодуруст таъвил ва тафсир менамоянд. Ин боиси парокандагии уммати Ислом мегардад. Аз ҳамин ҷиҳат, Паёмбар (с), шиори умматони наҷотёфтаро "Ононе, ки ҳамроҳи ҷамоатанд" (Ибни Моҷаҳ) гузоштааст.
Инсон бояд аз ҳамаи ин огоҳ гардад ва бисёр босабру таҳаммул ва илму дониш буда, аз Худованд шабу рўз талаби мағфират намояд. Ин сир дар поёни ҳамин сура фаҳмида хоҳад шуд, ки Худованд фармудааст:
﴿وَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ فَإِنَّكَ بِأَعۡيُنِنَاۖ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ حِينَ تَقُومُ ٤٨ وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَسَبِّحۡهُ وَإِدۡبَٰرَ ٱلنُّجُومِ ٤٩﴾ الطور 48- 49
«Ту ба ҳукми Парвардигорат сабр намо ва ҳар гоҳ, ки бархости бо ҳамди Парвардигорат аз ў омурзиш бихоҳ. Ва шабонгоҳу баъди рафтани ситорагон низ ўро ба поки ёд кун» Тур 48-49.
Худованд ҳамаи моро дар роҳи худаш устувор нигоҳ дорад, ва аз васвасаҳои шайтон моро ҳифозат намояд.