Дидани моҳтобро бо дурбинҳои ҳозиразамона ишколе надорад
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Оё такя кардан ба ҳисобкунакҳои (фалаки) осмони дар даромадану баромадани моҳ ҷоиз аст?
Оё барои мусулмонон ҷоиз аст ки барои дидани моҳтоб дурбинҳои ҳозиразамонаро истифода баранд?
Оё дидани моҳтоб бо чашм фарз аст?
Ягона тарзи дидани моҳтоб аз нигоҳи шариъат он аст ки бояд мардум уро бубинанд, ва барои дидан лозим аст ки шахси бинанда дар диндорияш боваринок бошаду биниши хуб дошта бошад, ҳаргоҳ ин гуна шахс моҳтобро дид бар дигарон воҷиб мегардад ки эътимод бо дидани у амал кунанд, агар моҳтоби дохилшавии моҳи Рамазон бошад, бояд руза бидоранд, ва агар моҳтоби даромадани моҳи Шаввол бошад, бояд ифтор кунанд.
Эътимод кардан ба дурбинҳои (фалаки) осмони ҷоиз нест агар моҳтоб дида нашавад, агар дидани моҳтоб сурат бигирад агарчи аз тариқи дурбинҳои осмонбини пас ин гуна дидан муътабар аст, чуноне ки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Руза бидоред бо диданаш (Моҳтоб) ва ифтор кунед бо диданаш (Моҳтоб)"
Аммо аз тариқи ҳисоб бошад на амал кардан ва на такя кардан ба он ҷоиз нест, то ин ки моҳтоб бо чашм дида нашавад.
Аммо истиъмол кардани дурбинҳо барои дидани моҳтоб ишколе надорад, локин лозим ҳам нест ки бо дурбин дида шавад, чунки ончи ки дар ҳадис омадааст дидани одди мебошад, локин агар шахси бовариноке моҳтобро бо дурбин бубинад ба гуфтаи он шахс амал карда мешавад, мардум дар замонҳои гузашта бар ҷоиҳои баланд баромада ба воситаи дурбинҳои онзамона моҳтоби хоҳ Шаъбон ва ё хоҳ Рамазонро медиданд.
Хулоса ин ки бо ҳар василае ки набошад, агар моҳтоб дида шавад, амал кардан ба он мушоҳида лозим мегардад, мувофиқи сухани Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) ки мегуяд: "Руза бидоред бо диданаш (Моҳтоб) ва ифтор кунед бо диданаш (Моҳтоб)"
Фатвои олимони кишвари Ҳарамайн. (192:193)
Истеъмол кардани дурбинҳои осмонсанҷи ба хотири дидани моҳтоб ҷоиз аст, аммо эътимод кардан ба ҳисобҳои илмҳои фалаки дар исбот кардани моҳи Рамазон ё ифтор ҷоиз нест.