Аҳодиси Набави дар мавзуи умра аз китоби "Мухтасари Саҳеҳи Бухорй"
Дастабандиҳо
Full Description
Аҳодиси Набави дар мавзуи умра аз китоби "Мухтасари Саҳеҳи Бухорй"
الأحاديث النبوية في موضوع العمرة من كتاب
" مختصر صحيح البخاري"
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳияи : Мусаби Ҳамза
2009 - 1430
الأحاديث النبوية في موضوع العمرة من كتاب
" مختصر صحيح البخاري"
« باللغة الطاجيكية »
إعداد : مصعب حمزة
2009 - 1430
Китоби умра
Боби 1. Вуљуби умра ва фазилати он
863. Аз Абўњурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Аз як умра то умраи дигар сабаби каффораи гуноњони байни ин ду умра аст ва барои њаљљи мабрур савобе ба љуз аз љаннат нест.»
Боби 2. Касе, ки пеш аз њаљ умра намуд
864. Ривоят аст, ки касе аз Ибни Умар (р) аз њукми умра намудан пеш аз њаљ пурсид. Гуфт: Боке надорад. Ва илова намуд, ки Паёмбари Худо (с) аз анљом додани маросими њаљ умра намуданд.
Боби 3.
865. Ривоят аст, ки касе аз Ибни Умар (р) пурсид: Паёмбари Худо (с) чанд бор умра анљом доданд?
Гуфт: Чањор умра, ки яке аз инњо дар моњи Раљаб буд. Шахси соил мегўяд: Ба Оиша (р) гуфтам: Эй модарам, оё намешунавед, ки Абўабдуррањмон чї мегўяд?
Гуфт: Чї мегўяд?
Гуфтам: Мегўяд, ки Паёмбари Худо (с) чањор умра анљом доданд, ки яке аз онњо дар моњи Раљаб буд.
Гуфт: Худованд ба Абўабдуррањмон рањмат кунад, Паёмбари Худо (с) њељ умраеро анљом надодаанд, магар он ки Абўабдуллоњ ибни Умар (р) бо эшон будааст, вале Паёмбари Худо (с) дар моњи Раљаб умрае анљом надодаанд.
866. Ривоят аст, ки касе аз Анас (р) пурсид: Паёмбари Худо (с) чанд умра анљом додаанд?
Гуфт: Чањор умра, умраи Њудайбия дар моњи Зулќаъда, ки мушрикин монеъи рафтанашон ба (Маккаи мукаррама) гардиданд, умраи дигар дар соли оянда дар њамон моњи Зулќаъда, ки бо мушрикин мусолања намуданд ва умраи Љиърона, ки фикр мекунам, дар њамин умра ѓаноими Њунайнро таќсим намуданд.
Гуфтам: Чанд њаљ намуданд?
Гуфт: Як њаљ.
867. Ва дар ривояти дигаре аз вай омадааст, ки гуфт: Як умраи Паёмбари Худо (с) њамон умра буд, ки (мушрикин) монеъи рафтани эшон шуданд ва умраи Њудайбия дар соли баъдї ва умрае дар Зулќаъда ва умраи дигар бо њаљљи худ анљом додаанд.
868. Аз Бароъ ибни Озиб ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) пеш аз он ки њаљ намоянд, ду бор дар моњи Зулќаъда умра намуданд.
Боби 4. Умраи танъим
869. Аз Абдуррањмон ибни Абўбакр (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) ба ў амр намудаанд, ки Оиша (р)-ро пушти сари худ кунад ва ўро аз танъим умра бидињад. Ва аз Суроќа ибни Молик ибни Љуъшум (р) ривоят аст, ки бо Паёмбари Худо (с) дар назди Љамраи Аќаба дар њоле ки рамї менамуданд, мулоќот намуд ва аз эшон пурсид:
- Оё ин амр (фасхи њаљљи умра) хос барои шумо аст?
Фармуданд: «На! Балки барои абадї аст!»
Боби 5. Умра намудан баъд аз њаљ бидуни таќдими њадя
870. Њадиси Оиша (р) дар мавриди њаљ чандин бор такрор гардид ва ќаблан ба таври комил зикр гардид.
Боби 6. Савоби умра ба андозаи машаќќат аст
871. Ва аз Оиша (р) ривоят омадааст, ки Паёмбари Худо (с) дар мавриди умра барояш гуфтанд, ки: «… вале савооби умра ба андозаи харљ ва масраф ва ё ба андозаи машаќќатест, ки мутањаммили он мегардї» (яъне њар ќадар масорифи умра ва ё машаќќату мушкилоти шахси умракунанда бештар бошад, ба њамон андоза савобаш бештар аст).
Боби 7. Умракунанда чї ваќт худро њалол месозад?
872. Ривояте аст, ки Асмоъа бинти Абўбакри Сиддиќ (р) њангоми гузаштан аз минтаќаи Њаљун бар Паёмбари Худо (с) дуруд фиристода мегуфт: «Бо эшон дар њамин љо манзил намудем.»
Ва дар ин ваќт сабукбор будем ва маркабњои каме доштем, зот ва тўшаи андак буд, ман ва хоњарам Оиша ва Зубайр ва фалон ва фалон умра намудем.
Баъд аз тавоф ба хонаи Каъба ва саъй байни Сафо ва Марва худро њалол сохтем ва охири он рўз нияти њаљ намудем.
Боби 8. Дар њангоми бозгаштан аз њаљ ё умра
ва ё љињод чї бояд гуфт?
873. Аз Абдуллоњ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) дар ваќти бозгаштан ах љињод ё њаљ ва ё умра ба њар баландї, ки мерасиданд, се бор таќвим мегуфтанд ва ин дуоро мехонданд: «Ло илоња иллаллоњ вањдању ло шарика лањ лањул мулку ва лањул њамд ва њува ало кули шайъин ќадир, ойибуна, тоибуна, обидуна, сољидуна лираббано њомидуна, садаќаллоњу ваъдању ва насара абдању ва њазамал ањзоба вањдању.»
Боби 9. Истиќбол аз касоне, ки ба њаљ меоянд ва
савор кардани ду ва се нафарро ба маркаб
874. Аз Ибни Аббос (с) ривоят аст, ки гуфт: Њангоме ки Паёмбари Худо (с) ташриф оварданд, бачањои бани Абдулмуталлиб ба истиќболашон рафтанд, Паёмбари Худо (с) якеро пеши рўй ва дигареро пушти сари худ савор намуданд.
Боби 10. Омадан аз сафар баъд аз намози пешин
875. Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) њангоми бозгашт аз сафар шаб ба хонаи худ дохил намешуданд, балки пеш аз завол ё баъд аз завол меомаданд.
876. Аз Љобир (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) аз ин ки шахс дар ваќти бозгаштан аз сафар шаб ба хонааш дохил гардад, нањї фармудаанд.
Боби 11. Касе, ки њангоми расидан ба Мадинаи
мунаввара шутурашро тез рондааст
877. Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) чун аз сафар баргашта, кўчањои Мадинаро медиданд, аз шавќи Мадинаи мунаввара шутур ва ё маркаберо, ки савор буданд, ба љавлон андохта, тез меронданд.
Боби 12. Сафар як навъи азоб аст
878. Аз Абўњурайра (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: «Сафар як навъи азоб аст, монеъи хўрдан ва нўшидан ва хобби инсон мешавад. Касе ки корашро анљом дод, бикўшад, то зудтар ба хонаводааш баргардад.»