Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи озмоишоти Аллоҳ суҳбат карда, баён мекунад, ки озмоишоти Аллоҳ ду навъ мебошанд: Бало ва Ибтило. Худованд балоро болои касоне, ки бо Худо ва дини Ӯ меҷанганд нозил мекунад. Вале ибтилоро болои бандагони солеҳ ва парҳезгораш.
Озмоиши Аллоҳ таъоло - (тоҷикӣ)
Таъсири мусалмони муслиҳ дар муҷтамаъ - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи қавитарин ва муассиртарини махлуқот дар рӯи замин суҳбат карда баён мекунад, ки бандаи муъмину мусалмон қавитарини махлуқот аст.
Достони ибратомез - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор як достони бисёр ҷолиб ва ибратомезе дар бораи марг ва хотимаи хуб ва ё бад будани ҳар инсон қисса мекунад.
Масъулияти мусалмон дар муҷтамаъ - (тоҷикӣ)
"Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи масъулияти мусалмон дар ҷомиа суханрони намуда баён мекунад, ки ҳар як мусалмон дар баробари муҷтамаъи худ се масъулият дорад: 1. Масъулияти мусалмон нисбат ба Парвардигораш. 2. Масъулияти ӯ нисбат ба мардум ва атрофиёнаш. 3. Масъулияти ӯ нисбат ба он чизе ки....
Туфайл ибни Амри Давсӣ, яке аз бузургони маъруфи қабилаи Давс аст, ки дар давраи ҷоҳилият аз шӯҳрат ва номоварии хоссе дар байни мардум бархурдор буд. Ва ӯ яке аз саҳобагони бузургворе буд, ки дар аввалҳои даъвати Паёмбар (с) исломро қабул кард.
Сабабҳои ҳаром гардонидани муҳаррамот - (тоҷикӣ)
Шайх Муҳаммад Солеҳ Пурдил дар ин навор дар бораи иллатҳои ҳаром гардонидани муҳаррамот суҳбат намуда барои мисол зарар ва наҷосатро зикр кардааст. Баъзе корҳое аст, ки барои зарарнок буданаш бар инсон ҳаром гардидааст ва баъзеи дигар барои наҷис буданаш.
Амр ибни Ҷамуҳ дар даврони ҷоҳилият сарваре аз сарварони номдори Араб ва сардори мӯҳтарами қабилаи бани Салама ва яке аз саховатмандон ва дорои сифатҳои муруввату мардонагӣ дар Ясриб буд. Ӯ яке аз саҳобагони бузургворе буд, ки дар аввалҳои даъвати Паёмбар (с) исломро қабул кард ва дар ҷанги Уҳуд ба шаҳодат....
Асосҳои Ислом - (тоҷикӣ)
Китоби Асосҳои Ислом иборат аз мавзӯъҳои гуногун буда дар ин китоб мавзӯъҳои зеринро баён карда шудааст Пешгуфтор, асосҳои ислом, ки аз ду фасл иборат мебошад, мухотабаи ақлҳо, осониҳои Ислом, намуна аз ҳаёти саҳобагон, сафар ба Мадинаи Мунаввара
Бо мо савор шав! (Киштии наҷот) - (тоҷикӣ)
Бо мо савор шав! Киштии наҷот: китобчае аст, ки ҳоли мусулмонҳои ин замонро баён мекунад, ки аз ҷоҳили ва нодони рӯй ба ақоиди фосид ва ширку дуъои ғайри Худованд овардаанд. Ва ибодатҳое ки хос барои Худованд аст, аз ҷумлаи табаррук, тавассул, қурбонӣ ва назрро барои ғайри Худованд ба ҷой меоранд.
Фазилати моҳи Рамазон - (тоҷикӣ)
Эшони Нуруддин дар ин навор дар бораи фазлу бузургии моҳи шарифи рамазон суҳбат мекунад.
Савол: Чуноне, ки медонам Паёмбар (Дуову дуруд бар ӯ бод) аз рӯза доштани рӯзи шак, ва аз рӯза доштан ду рӯз пеш аз моҳи рамазонро манъ кардааст. Пас оё барои ман ҷоиз аст ки рӯзаҳои қазоии моҳи рамазони гузаштаамро дар ин рӯзҳо қазо бидорам?
Ҳуқуқҳое ки фитрат онро талаб кардааст ва аз ҷониби

API



