×
Савол: Чуноне, ки медонам Паёмбар (Дуову дуруд бар ӯ бод) аз рӯза доштани рӯзи шак, ва аз рӯза доштан ду рӯз пеш аз моҳи рамазонро манъ кардааст. Пас оё барои ман ҷоиз аст ки рӯзаҳои қазоии моҳи рамазони гузаштаамро дар ин рӯзҳо қазо бидорам?

    [
    ]
    Tajiki

    Савол: Чуноне ки медонам Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) аз руза доштани рузи шак, ва аз руза доштан ду руз пеш аз моҳи рамазонро манъ кардааст.

    Пас оё барои ман ҷоиз аст ки рузаҳои қазоии моҳи рамазони гузаштаамро дар ин рузҳо қазо бидорам?

    Ҷавоб: Ҳамду сано Худованди бузургро, бале ҷоиз аст руза доштани рузҳои қазоии моҳи рамазони гузаштаро дар рузи шак ва ё як ё ду руз пеш аз моҳи рамазон.

    Чуноне ки аз Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) собит шудааст руза доштани рузи шак, ва руза доштан ду руз пеш аз моҳи рамазонро манъ кардааст. Локин ин манъи Паёмбар барои касоне аст ки руза доштанро дар ин рузҳо одат накарда бошанд, чуноне ки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Ҳеч касе аз шумоён набояд як ва ё ду руз пеш аз Рамазон руза бидорад. Магар касе ки вақтҳои муаянеро руза медошт ва он руз мувофиқ ба рузи руза доштааш бошад, барои чунин шахсе руза гирифтани ин руз раво аст". (ривояти Бухори ва Муслим)

    Мисли инсоне ки рузҳои Душанбе ва Панҷшанберо руза медорад ва ин рузҳоеро ки руза медорад ба рузҳои охири моҳи Шаъбон (моҳе ки пеш аз моҳи Рамазон меояд) мувофиқ меояд, барои ин шахс ҷоиз аст ки як ё ду рузи пеш аз моҳи Рамазонро руза бидорад, ва ин шахс аз рузадори манъ карда намешавад.

    Барои ҳамин агар руза доштани рузаи ихтиёри дар ин рузҳо ҷоиз бошад пас аз боби авло аст ки руза доштани рузаи қазо ҷоиз бошад чунки доштани рузаи қазо воҷиб аст, ва ба таъхир андохтани рузаи қазои Рамазон то баъди Рамазони пешомад ҷоиз нест.